https://sputnik.tj/20220311/marz-tojikiston-qirghiziston-tirparoni-1046701589.html
Шаби ноором: боз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпаронӣ шуд
Шаби ноором: боз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпаронӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сокинони деҳоти наздимарзии Чоркӯҳи Исфара аз рухдоди тирпаронӣ дар дили шаб хабар доданд
2022-03-11T09:29+0500
2022-03-11T09:29+0500
2022-03-11T12:04+0500
баҳси марзӣ
дар тоҷикистон
қирғизистон
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102372/99/1023729988_0:160:3077:1890_1920x0_80_0_0_3775d2db506b69620cf9fc8513ae2fb2.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мар – Sputnik. Сокинони деҳоти наздимарзии Чоркӯҳи Исфара дар бораи тирпароние дар нимашаби гузашта иттилоъ доданд.Бино ба гуфтаи сокинон, тирпаронӣ шабонгоҳ, соатҳои 01:15 аз сӯи марзбонони қирғиз сар шуда, беш аз яку ним соат давом кардааст. Вуқуи ин ҳодиса дар дили шаб сокинони наздимарзии Чоркӯҳро нигарон кардааст. Шукрулло Умаров, як сокини деҳаи Чоркӯҳ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, баланд шудани садои тир хобро паронд ва онҳо то наздикии субҳ шабзиндадорӣ кардаанд. “Тирпаронии шадид буд. Садои баланди он хобро парешон кард. Кӯдакони хурдсол дорем, аз онҳо хавотир шудем, ки баногоҳ тир ба хона нарасад”, – иброз намуд ӯ. Ин сокини Чоркӯҳ мегӯяд, маълум буд, ки тирпаронии шабона яктарафа, яъне аз сӯйи марзбонони қирғиз анҷом дода шуд. Барои чунин амалкард аз тарафи сарҳадбонони тоҷик посух дода нашудааст. Бино ба гуфтаи сокинон, тирпаронӣ дар маҳаллаҳои маъруф ба Лангар, Қақир ва Қуммазори Чоркӯҳ сурат гирифтааст. Сокинон видеоҳо аз вуқуи тирпарониро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд. Ин ҳодисаро манобеъ аз ҳукумати шаҳри Исфара низ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуданд. Ҳоло хисорати ин ҳодиса маълум нест. Ин дар ҳолест, ки субҳи рӯзи 10-уми март дар пайи тирпаронии марзбонони қирғиз дар Чоркӯҳ як марзбони тоҷик Сунатулло Самадов кушта шуд. Дар пайи ин таниш мулоқот миёни мақомоти сарҳадбонии ду кишвар дар марз баргузор шуда, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки воқеаи мусаллаҳонаро таҳқиқ карда, натоиҷи муқаддамотӣ дар мулоқоти раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки рӯзи 12 март баргузор мегардад, эълом мешавад.Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан беш аз 460 километри он муайян нашудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марз гоҳе ба рухдоди муноқишаҳои сарҳадӣ боис мешавад.
https://sputnik.tj/20220310/favri-tirparoni-marz-isfara--1046665398.html
https://sputnik.tj/20220310/muzokirot-tirparoni-marz-kdam-tavofuq-1046683385.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102372/99/1023729988_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_39eaba5334e3defad7469ff0aaedc4bc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марз тоҷикистон қирғизистон тирпаронӣ
марз тоҷикистон қирғизистон тирпаронӣ
Шаби ноором: боз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпаронӣ шуд
09:29 11.03.2022 (Навсозишуда: 12:04 11.03.2022) Сокинони деҳоти наздимарзии Чоркӯҳи Исфара аз як тирпаронии дигар дар дили шаб хабар доданд
ДУШАНБЕ, 11 мар – Sputnik. Сокинони деҳоти наздимарзии Чоркӯҳи Исфара дар бораи тирпароние дар нимашаби гузашта иттилоъ доданд.
Бино ба гуфтаи сокинон, тирпаронӣ шабонгоҳ, соатҳои 01:15 аз сӯи марзбонони қирғиз сар шуда, беш аз яку ним соат давом кардааст.
Вуқуи ин ҳодиса дар дили шаб сокинони наздимарзии Чоркӯҳро нигарон кардааст.
Шукрулло Умаров, як сокини деҳаи Чоркӯҳ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, баланд шудани садои тир хобро паронд ва онҳо то наздикии субҳ шабзиндадорӣ кардаанд.
“Тирпаронии шадид буд. Садои баланди он хобро парешон кард. Кӯдакони хурдсол дорем, аз онҳо хавотир шудем, ки баногоҳ тир ба хона нарасад”, – иброз намуд ӯ.
Ин сокини Чоркӯҳ мегӯяд, маълум буд, ки тирпаронии шабона яктарафа, яъне аз сӯйи марзбонони қирғиз анҷом дода шуд.
Барои чунин амалкард аз тарафи сарҳадбонони тоҷик посух дода нашудааст. Бино ба гуфтаи сокинон, тирпаронӣ дар маҳаллаҳои маъруф ба Лангар, Қақир ва Қуммазори Чоркӯҳ сурат гирифтааст.
Сокинон видеоҳо аз вуқуи тирпарониро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд.
Ин ҳодисаро манобеъ аз ҳукумати шаҳри Исфара низ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуданд. Ҳоло хисорати ин ҳодиса маълум нест.
Ин дар ҳолест, ки субҳи рӯзи 10-уми март дар пайи тирпаронии марзбонони қирғиз дар Чоркӯҳ як марзбони тоҷик Сунатулло Самадов кушта шуд.
Дар пайи ин таниш мулоқот миёни мақомоти сарҳадбонии ду кишвар дар марз баргузор шуда, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки воқеаи мусаллаҳонаро таҳқиқ карда, натоиҷи муқаддамотӣ дар мулоқоти раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки рӯзи 12 март баргузор мегардад, эълом мешавад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан беш аз 460 километри он муайян нашудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марз гоҳе ба рухдоди муноқишаҳои сарҳадӣ боис мешавад.