https://sputnik.tj/20220310/muzokirot-tirparoni-marz-kdam-tavofuq-1046683385.html
Музокирот пас аз тирпаронӣ дар марз анҷом ёфт: КДАМ гуфт, чӣ тавофуқ ҳосил шуд
Музокирот пас аз тирпаронӣ дар марз анҷом ёфт: КДАМ гуфт, чӣ тавофуқ ҳосил шуд
Sputnik Тоҷикистон
Бар асари тирпаронии рӯзи 10 март дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як сарҳадбони тоҷик кушта шуд
2022-03-10T16:46+0500
2022-03-10T16:46+0500
2022-03-10T19:26+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
қирғизистон
дар тоҷикистон
марз
сиёсат
кдам
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040135909_0:0:2855:1606_1920x0_80_0_0_71dccc081ebacf20fc047e721acb42ad.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Вазъият дар марз бо Тоҷикистон пас аз тирпарронӣ муътадил аст, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо истинод ба КДАМ ин кишвар.Ба иттилои манбаъ, феълан музокирот ба поён расид ва интизор меравад, рӯзи 12 март ин масъала боз мавриди баҳси ҳар ду ҷониб қарор гирад.Қаблан миёни марзбонони ду кишвар тирпаронӣ рух дода буд, ки тақрибан 10 дақиқа идома кард.Зас: Тоҷикистону Қирғизистон қодиранд, масъалаи марзиро мустақилона ҳал кунандХадамоти марзбонӣ гуфт, ин ҳодиса дар қитъаи номаълуми Тескей рух додааст. Зимнан, намояндагони ҳар ду кишвар сари мизи музокирот нишастанд.Дар ҳамин ҳол КДАМ Қирғизистон тавзеҳ дод, ки ҷонибҳо ба чунин тавофуқот расиданд:Ёдовар мешавем, дар тирпаронии ахир Сунатулло Самадов, сарҳадбони тоҷик кушта шуд.Иттифоқ уфтодани ин ҳодисаро аз ҳукумати шаҳри Исфара низ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъйид карданд.Як корманди ҳукумат ба шарти ифшо накардани номаш гуфт, ҳоло иддае аз масъулин ба маҳалли ин ҳодиса рафтаанд.“Зимнан дақиқ нест, ки дар пайи ин ҳодиса кӣ осеб дидааст. Ҳоло ҳама масъулони ниҳодҳои давлатӣ ба Чоркӯҳ рафтаанд”, - гуфт манбаъ.Ҳодисаи тирпарронии ахир дар марзи кишвар бо Қирғизистон дар ҳолест, ки моҳи январи соли ҷорӣ деҳоти наздимарзии Чоркӯҳ шоҳиди муноқишаи мусалаҳона гардида буданд.Мақомоти Тоҷикистон то 28 январ теъдоди кушташудагони даргирии ахирро 2 нафари мулкӣ гуфтанд, ҳамчунин тайи ин даргирӣ 10 нафар, аз ҷумла 6 низомию 4 мулкии дигар маҷруҳ гардидаанд.Ҷониби Қирғизистон шумори захмиёнашро 12 нафар гуфтааст, ки ҳамаашон низомӣ буда, талафоти ҷонӣ дар ин кишвар сабт нашудааст.
https://sputnik.tj/20220310/favri-tirparoni-marz-isfara--1046665398.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040135909_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_414075232e2a9bcbd77dc31800174fe6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон тоҷкистон музокирот
қирғизистон тоҷкистон музокирот
Музокирот пас аз тирпаронӣ дар марз анҷом ёфт: КДАМ гуфт, чӣ тавофуқ ҳосил шуд
16:46 10.03.2022 (Навсозишуда: 19:26 10.03.2022) Бар асари тирпаронии рӯзи 10 март дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як сарҳадбони тоҷик кушта шуд
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Вазъият дар марз бо Тоҷикистон пас аз тирпарронӣ муътадил аст, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо истинод ба КДАМ ин кишвар.
Ба иттилои манбаъ, феълан музокирот ба поён расид ва интизор меравад, рӯзи 12 март ин масъала боз мавриди баҳси ҳар ду ҷониб қарор гирад.
Қаблан миёни марзбонони ду кишвар тирпаронӣ рух дода буд, ки тақрибан 10 дақиқа идома кард.
Хадамоти марзбонӣ гуфт, ин ҳодиса дар қитъаи номаълуми Тескей рух додааст. Зимнан, намояндагони ҳар ду кишвар сари мизи музокирот нишастанд.
Дар ҳамин ҳол КДАМ Қирғизистон тавзеҳ дод, ки ҷонибҳо ба чунин тавофуқот расиданд:
ҳар як тараф ин воқеаи мусаллаҳонаро худашро худаш таҳқиқ мекунад. Натоиҷи муқаддамотӣ дар мулоқоти раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки рӯзи 12 март баргузор мегардад, эълом мешавад;
ҳар тараф корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ давом медиҳад. Мақомоти вилояти Бодканди Қирғизистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон аллакай ба анҷоми корҳо ҷиҳати ҷилавгирӣ аз даргириҳо шуруъ кардаанд;
масъалаҳои риояи меъёрҳои муқаррашуда дар хатти сарҳадии Қирғизистону Тоҷикистон аз ҷониби ҳайати низомии раёсатҳои сарҳадии ду кишвар баррасӣ шуданд;
қувваҳо, воситаҳо ва техникае, ки ба минтақаи ҳодиса кашида шудаанд, ба ҷойи пештара баргардонда мешаванд.
Ёдовар мешавем, дар тирпаронии ахир Сунатулло Самадов, сарҳадбони тоҷик кушта шуд.
Иттифоқ уфтодани ин ҳодисаро аз ҳукумати шаҳри Исфара низ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъйид карданд.
Як корманди ҳукумат ба шарти ифшо накардани номаш гуфт, ҳоло иддае аз масъулин ба маҳалли ин ҳодиса рафтаанд.
“Зимнан дақиқ нест, ки дар пайи ин ҳодиса кӣ осеб дидааст. Ҳоло ҳама масъулони ниҳодҳои давлатӣ ба Чоркӯҳ рафтаанд”, - гуфт манбаъ.
Ҳодисаи тирпарронии ахир дар марзи кишвар бо Қирғизистон дар ҳолест, ки моҳи январи соли ҷорӣ деҳоти наздимарзии Чоркӯҳ шоҳиди муноқишаи мусалаҳона гардида буданд.
Мақомоти Тоҷикистон то 28 январ теъдоди кушташудагони даргирии ахирро 2 нафари мулкӣ гуфтанд, ҳамчунин тайи ин даргирӣ 10 нафар, аз ҷумла 6 низомию 4 мулкии дигар маҷруҳ гардидаанд.
Ҷониби Қирғизистон шумори захмиёнашро 12 нафар гуфтааст, ки ҳамаашон низомӣ буда, талафоти ҷонӣ дар ин кишвар сабт нашудааст.