https://sputnik.tj/20220310/toyota-bozor-rusiya-tark-1046675909.html
"Toyota" ният надорад, бозори Русияро тарк кунад
"Toyota" ният надорад, бозори Русияро тарк кунад
Sputnik Тоҷикистон
Коропоратсияи Toyota ният надорад бозори Русияро тарк кунад ва корхонаашро дар шаҳри Санкт-Петербург бандад
2022-03-10T15:45+0500
2022-03-10T15:45+0500
2022-03-10T17:03+0500
дар русия
мошин
худрав
бозор
тарк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102095/11/1020951153_0:113:3077:1843_1920x0_80_0_0_1c764d8fc5094f0b88b1167bac97a32c.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Ширкати "Toyota" ният надорад, ки бозори Русияро тарк ва корхонаи худ дар шаҳри Санкт-Петербургро таътил кунад, иттилоъ додааст РИА “Новости”."Бинобар ба таъхир афтодани арзаи қатаот ба коргоҳи васлу насби васоили нақлиёт дар шаҳри Санкт-Петербург, ки мошинҳои RAV4 ва “Camry” он ҷо тавлид мешаванд, ин коргоҳ аз 4 марти соли 2022 фаъолияти худро мутаваққиф кардааст. Дар ҳоли ҳозир тамоми фурӯшгоҳҳои расмии “Toyota” ва “Lexus” ба таври муқаррарӣ кор мекунанд. Бастани корхона ва тарки бозори Русия дар барнома нест”, - қайд кардааст намояндаи ширкати “Toyota”.Ширкат инчунин ёдовар шудааст, ки дар ҳоли ҳозир ба далели вайрон шудани занҷираҳои логистикӣ тавлид ва таҳвили мошинҳо дар минтақа муваққатан манъ шудааст.Корхонаи "Toyota Motor” дар шаҳри Санкт-Петербург соли 2007 ифтитоҳ шуда буд, ширкат мошинҳои “Toyota Camry” ва “Toyota RAV4” истеҳсол мекунад. Иқтидори истеҳсолии он 100 ҳазор худрав дар як сол мебошад. Тибқи маълумоти Ассотсиатсияи соҳибкорони Аврупо, фурӯши худравҳои ин ширкат дар Русия дар соли 2021 ҳафт дарсад афзоиш ёфта, қариб 98 ҳазор мошинро ташкил додааст.Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти вижаи низомиии худро Украина оғоз кард. Нерӯҳои мусаллаҳ мегӯянд, ки онҳо танҳо зерсохтҳои низомии Украинаро ҳадаф қарор додаанд.
https://sputnik.tj/20220310/raisi-rostekh-amaliyot-hamla-ukraina-donbass-1046671717.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102095/11/1020951153_152:0:2883:2048_1920x0_80_0_0_158880f02eba7e72ad4d978d6e6148b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
toyota бозор, русия, тарк, корхона, санкт-петербург
toyota бозор, русия, тарк, корхона, санкт-петербург
"Toyota" ният надорад, бозори Русияро тарк кунад
15:45 10.03.2022 (Навсозишуда: 17:03 10.03.2022) Коропоратсияи "Toyota" ният надорад, бозори Русияро тарк кунад ва корхонаашро дар шаҳри Санкт-Петербург бандад
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Ширкати "Toyota" ният надорад, ки бозори Русияро тарк ва корхонаи худ дар шаҳри Санкт-Петербургро таътил кунад, иттилоъ додааст РИА “Новости”.
"Бинобар ба таъхир афтодани арзаи қатаот ба коргоҳи васлу насби васоили нақлиёт дар шаҳри Санкт-Петербург, ки мошинҳои RAV4 ва “Camry” он ҷо тавлид мешаванд, ин коргоҳ аз 4 марти соли 2022 фаъолияти худро мутаваққиф кардааст. Дар ҳоли ҳозир тамоми фурӯшгоҳҳои расмии “Toyota” ва “Lexus” ба таври муқаррарӣ кор мекунанд. Бастани корхона ва тарки бозори Русия дар барнома нест”, - қайд кардааст намояндаи ширкати “Toyota”.
Ширкат инчунин ёдовар шудааст, ки дар ҳоли ҳозир ба далели вайрон шудани занҷираҳои логистикӣ тавлид ва таҳвили мошинҳо дар минтақа муваққатан манъ шудааст.
Корхонаи "Toyota Motor” дар шаҳри Санкт-Петербург соли 2007 ифтитоҳ шуда буд, ширкат мошинҳои “Toyota Camry” ва “Toyota RAV4” истеҳсол мекунад. Иқтидори истеҳсолии он 100 ҳазор худрав дар як сол мебошад. Тибқи маълумоти Ассотсиатсияи соҳибкорони Аврупо, фурӯши худравҳои ин ширкат дар Русия дар соли 2021 ҳафт дарсад афзоиш ёфта, қариб 98 ҳазор мошинро ташкил додааст.
Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти вижаи низомиии худро Украина оғоз кард. Нерӯҳои мусаллаҳ мегӯянд, ки онҳо танҳо зерсохтҳои низомии Украинаро ҳадаф қарор додаанд.