Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Раиси "Ростех": Амалиёт аз ҳамлаи Украина ба Донбасс ҷилавгирӣ кард

© Wikipedia / ivtorovЭмблема на здании Ростех
Эмблема на здании Ростех  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Обуна шудан
Раиси "Ростех" амалиёти низомии Русия дар Украинаро иқдом аз маҷбурӣ хонд
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Амалиёти низомии Русия дар Украина аслиҳаеро нобуд кард, ки интизор мерафт барои ҳамла ба Донбасс истифода шавад, изҳор дошт Сергей Чемезов, раиси "Ростех".
Ба иттилои РИА "Новости" Чемезов ин нуктаро дар мулоқот бо ҳайати кормандонаш баён доштаст.
Вай вазъи феълиро мураккаб хонда, амалиёт дар Украинаро иқдом аз маҷбурӣ хонд.
"Ин амалиёт пеш аз ҳама барои нобудсозии воҳидҳои низомӣ ва аслиҳае мусоидат кард, ки барои ҳамла ба Донетску Луганск ва баъдан ба Русия омода шуда буданд", - изҳор доштаст Чемезов.
Вай таъкид кардааст, ки бидуни ин амалиёт имкон дошт, муҳорибаҳои низомӣ дар қаламрави Русия сурат гиранд, ки он гоҳ дар баробари низомиён инчунин шаҳрвандони мулкӣ низ ба ҳалокат мерасиданд.
Ахиран Вазорати мудофиаи Русия гуфт, санадҳои махфиеро ба даст овардааст, ки дар он нақшаи Гвардияи миллии Украина барои анҷоми амалиёти низомӣ дар Донбасс инъикос ёфтааст.
Таъкид шудааст, ки ин ҳамла ба Донбасс моҳи марти соли равон дар назар буд, аммо амалиёти низомии Русия дар Украина аз он пешгирӣ кард.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Президенти Русия, Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Американские военные, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Сафорати Украина гуфт, чӣ гуна амрикоиҳоро ба ҷанг бо Русия ҷалб мекунад
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол се даври он анҷом ёфтааст. Ҳар ду ҷониб мегӯянд, гуфтушунидҳоро идома хоҳанд дод.
Лентаи хабарҳо
0