https://sputnik.tj/20220310/qodirov-orzue-britoniyo-shikastaast-1046694415.html
Қодиров дар бораи орзуе гуфт, ки Бритониё онро барбод додааст
Қодиров дар бораи орзуе гуфт, ки Бритониё онро барбод додааст
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров орзу доштааст аз Лондон боздид кунад аммо ин орзуро Бритониё барбод додааст
2022-03-10T21:20+0500
2022-03-10T21:20+0500
2022-03-10T21:20+0500
дар русия
чеченистон
бритониё
рамазон қодиров
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0b/1032431981_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_b8f2f1a3d5a4633f819f7ced635298b3.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон дар бораи як орзуи деринаш гуфт, ки Бритониё онро барбод додааст."Ман орзуе доштам. Мехостам аз ин кишвар дидан кунам. Дар Лондон сайр кунам, аз манзараҳои Темз аз пули Тауэр тамошову лаззат барам, аз Биг Бен ва Қасри "Букингем" дидан кунам ва дар майдони "Трафалгар" сайру гашт намоям", - гуфт Қодиров дар шабакаи "Telegram"-и худ.Аммо ҳоло Қодиров иқрор мешавад, имкон дорад, ин орзуяш амалӣ нашавад.“Оянда чӣ кор кунам, чӣ тавр зиндагӣ кунам?” — бо тамасхур суол мекунад роҳбари Чеченистон.Қодиров мақомоти Бритониёро барои рафтори ношоиста маҳкум кард ва маслиҳат дод, ки “маро маҷбур ба вокуниш накунед, вагарна ин таҳримҳои шумо дар қиболи ғазаби ман ҳеҷанд”.Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол се даври он анҷом ёфтааст. Ҳар ду ҷониб мегӯянд, гуфтушунидҳоро идома хоҳанд дод.
https://sputnik.tj/20220310/muloqot-lavrov-kuleba-1046689351.html
https://sputnik.tj/20220310/toyota-bozor-rusiya-tark-1046675909.html
чеченистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0b/1032431981_144:0:2875:2048_1920x0_80_0_0_1387f5cbd2f08365150af7fbb2cceb1e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, чеченистон, бритониё, орзу, лондон
русия, чеченистон, бритониё, орзу, лондон
Қодиров дар бораи орзуе гуфт, ки Бритониё онро барбод додааст
Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров орзу доштааст, аз Лондон боздид кунад, аммо ин орзуро Бритониё барбод додааст
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон дар бораи як орзуи деринаш гуфт, ки Бритониё онро барбод додааст.
"Ман орзуе доштам. Мехостам аз ин кишвар дидан кунам. Дар Лондон сайр кунам, аз манзараҳои Темз аз пули Тауэр тамошову лаззат барам, аз Биг Бен ва Қасри "Букингем" дидан кунам ва дар майдони "Трафалгар" сайру гашт намоям", - гуфт Қодиров дар шабакаи "Telegram"-и худ.
Аммо ҳоло Қодиров иқрор мешавад, имкон дорад, ин орзуяш амалӣ нашавад.
“Оянда чӣ кор кунам, чӣ тавр зиндагӣ кунам?” — бо тамасхур суол мекунад роҳбари Чеченистон.
Қодиров мақомоти Бритониёро барои рафтори ношоиста маҳкум кард ва маслиҳат дод, ки “маро маҷбур ба вокуниш накунед, вагарна ин таҳримҳои шумо дар қиболи ғазаби ман ҳеҷанд”.
"Шумо нагузоштед, орзуи як сайёҳе, ки танҳо мехост, ба олами Шекспир ва Шерлок Холмс фуру равад, амалӣ шавад", - хулоса кард Рамазон Қодиров.
Маврид ба зикр аст, ки Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар “ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ баргузор мешавад, ки то ҳол се даври он анҷом ёфтааст. Ҳар ду ҷониб мегӯянд, гуфтушунидҳоро идома хоҳанд дод.