Музокироти Русия ва Украина: натиҷаҳои мулоқоти Лавров ва Кулеба

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкВстречи С. Лаврова на полях дипломатического форума в Анталье
Встречи С. Лаврова на полях дипломатического форума в Анталье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Обуна шудан
Лавров натоиҷи мулоқот бо вазири умури хориҷии Украина дар Туркияро ҷамъбаст кард
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Пас аз мулоқот бо вазири умури хориҷии Украина Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия як нишасти хабарӣ баргузор кард.
Изҳороти калидии мулоқоти Лавров бо Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина ва ҳамтои турки ӯ Мавлут Човушоғлу дар матлаби Sputnik Тоҷикистон.

Дар бораи биоозмоишгоҳи ИМА

Лавров гуфт, он чизе ки Пентагон дар хоки Украина бо микроорганизмҳо барои эҷоди силоҳи биологӣ таҷриба анҷом медиҳад, бениҳоят ғайриқобили қабул аст.
"Албатта, амрикоиҳо фаъолияти худро дар ҳолати махфӣ анҷом медоданд. Мисли он ки онҳо дар дигар давлатҳои пасошӯравӣ кор мекунанд ва озмоишгоҳҳои биологии ҳарбии худро дар периметри Русия ва Чин ташкил мекунанд. Аз ин рӯ инро, албатта, пешгирӣ кардан мумкин нест".
Як чиз рӯшан аст — ин таҷрибаҳо осоишта нестанд, балки ба сохтани яроқи биологӣ марбутанд, зиёда аз ин ба нобудкунии этникӣ равона шудаанд.

Дар бораи таваллудхонаи Мариупол

Дар мавриди иттиҳом алайҳи низомиёни рус, ки гӯё дар он ҷо "ваҳшигарӣ мекунанд", Русия далелҳо овардааст, ки таваллудхонаи Мариуполро кайҳо боз баталйони "Азов" ва дигар радикалҳо тасарруф кардаанд.
"Бинобар ин худатон хулоса бароред, ки чӣ гуна афкори ҷомеа дар тамоми ҷаҳон таҳмил мешавад. Ва ман ин ҳама гузоришҳоро дидам... хеле эҳсосотӣ, вале мутаассифона, он тарафе, ки ба шумо муаррифии объективӣ мекунад, ҳеҷ гоҳ аз таваҷҷуҳи махсус бархурдор нест", - гуфт вазири корҳои хориҷӣ.

Дар бораи рафти амалиёти вижаи ҳарбӣ

Сарфармондеҳи олии Федератсияи Русия борҳо таъкид кард, ки дар маҷмуъ амалиёти махсус тибқи нақша ҷараён дорад, гуфт Лавров.
"Ҳоло, албатта, вокуниши Ғарб ба амалҳои мо комилан хашмгинона аст. Гуфтаниам, маро бубахшед, барои сухани дағалона, ин нишон медиҳад, ки воқеан мубориза барои ҳаёт не, балки барои марг, барои ҳуқуқи Русия дар харитаи сиёсии ҷаҳон бо эҳтироми комил ба манфиатҳои қонунӣ будан аст".

Дар бораи таҳримҳо ва иқтисоди Русия

Лавров ёдовар шуд, ки президенти Русия ва ҳамчунин ҳукумати ин кишвар ба вазъи иқтисоди Русия ғамхорӣ мекунанд.
"Мо дар тӯли таърихи худ бо мушкилот мубориза бурдем. Мо аз буҳрон бо рӯҳияи солим раҳо хоҳем шуд".
Лавров итминон дод, ки Русия барои ҳамешагӣ аз вобастагии кишварҳои ғарбӣ раҳо хоҳад шуд.
"Ман шуморо бовар мекунонам, мо аз ухдаи ин мебароем, албатта, аз уҳдаи худ мебароем, мо ҳама корро мекунем, то дар он соҳаҳои ҳаёти мо, ки барои халқи мо аҳамияти ҳалкунанда доранд, дигар аз Ғарб вобаста набошем".

Дар бораи гуфтушунид дар Беларус

Ба гуфтаи Лавров, музокирот нишон дод, ки "ин пайроҳа алтернатива надорад".
Вай қайд кард, Русия талош дорад, ки музокироти ҷиддӣ кунад, на барои мувофиқа кардани чизҳои умумӣ.
"Дар даври охирини музокирот дар Беларус ҷониби Русия аллакай дар шакли як лоиҳаи санади ҳуқуқӣ мулоҳизаҳои ниҳоят мушаххасро пешниҳод кард. Ҷониби Украина бошад, ин пешниҳодҳоро дар Киев ба инобат гирифта, итминон дод, ки ба ин масъала посухи мушаххас хоҳад дод".

Дар бораи кори дипломатӣ

Сафирони Русия кори худро софдилона ба ҷо меоранд ва манзараи объективиро ба мақомоти кишвари мизбон мерасонанд, қайд кард роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия.
"Дар саросари ҷаҳон давидан ва маҷбур кардани ягон кишвар - як кишвари соҳибихтиёр, мустақил, узви Созмони Милали Муттаҳид ба иҷрои "фармон"-и бародари калонӣ дар урфу одати мо нест. Мо одамони боодоб ҳастем".
Лавров таъкид кард, Русия то ба охир саъй кардааст, ки масъаларо аз тариқи дипломатӣ ҳал кунад. Ҳамзамон ҷониби Русия санади муфассалро дар бораи шартномаи дуҷониба бо Иёлоти Муттаҳида ва лоиҳаи созишномаи Русия ва НАТО дар бораи тамоми масъалаҳои асосии амнияти Аврупо бо назардошти манфиатҳои амниятии тамоми кишварҳои қитъа, бидуни истисно, аз ҷумла Украина пешниҳод кард.
"Ба мо гуфтанд, ки "Украина кишвари мо аст ва мо худамон сарнавишти онро ҳал мекунем", - афзуд ӯ.

Дар бораи хавфи ҷанги ҳастаӣ

Лавров изҳор дошт, ки ба ҷанги ҳастаӣ комилан бовар надорад.
"Мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба он ҷалб намоям: дар заминаи ҳодисаҳое, ки тайи солҳо ва моҳҳои ахир дар Украина рӯх доданд, гуфтугӯ дар мавзуи ҳастаиро танҳо намояндагони ғарбӣ ба миён гузоштаанд, пеш аз ҳама НАТО", - гуфт ин дипломати рус.
Русия рӯзи панҷшанбеи 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки барои 8 сол таҳти таҳқиру наслкушии режими Киев қарор гирифтанд".
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Азербайджана И. Алиевым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров гуфт, Путин мулоқот бо Зеленскийро рад намекунад
Ба ин ҳадаф, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва деазификатсияи Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангӣ, ки барои "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" масъуланд, дар назар гирифта мешаванд.
Рӯзи душанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус дидору гуфтугӯ карданд. Мулоқот тақрибан 5 соат давом кард.
Тавре ёвари раисиҷумҳури Русия Владимир Мединский қайд кард, ҷонибҳо тамоми рӯзномаи ҷаласаро муфассал баррасӣ намуда, барои пешгӯии мавқеъҳои муштарак нуктаҳо пайдо карданд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.
Бо дастгирии қувваҳои мусаллаҳи Русия, гурӯҳҳои низомии ҶМД ва ҶМЛ амалиёти ҳуҷумро вусъат медиҳанд. Аммо дар бораи ишғоли Украина гап нест, таъкид кард раиси ҷумҳури Русия.
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Медведев гуфт, Русия ба таҳримҳои Ғарб посухи тунд хоҳад дод
Мулоқоти дуюми ҳайатҳои Русия ва Украина рӯзи 3 март дар Беловежская Пушча баргузор шуд.
Даври севуми музокироти Русияву Украина, ки рӯзи 7 март дар Беларус баргузор шуд, аммо барои ҳар ду ҷониб натиҷаи дилхоҳ надод.
Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзуи долонҳои башардӯстона қайд карданд.
Ҷонибҳо то ҳол рӯз ва макони мушаххаси мулоқоти навбатиро эълон накардаанд, аммо ба гуфтаи узви ҳайати Русия, раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия Леонид Слутский, он дар ояндаи наздик дар Беларус баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0