https://sputnik.tj/20220309/mardum-fasod-dastur-sherali-mirzo-davat-bahori-1046635130.html
Кор бо мардум, бе фасод: дастури Шералӣ Мирзо барои ислоҳи камбудиҳо дар даъвати баҳорӣ
Кор бо мардум, бе фасод: дастури Шералӣ Мирзо барои ислоҳи камбудиҳо дар даъвати баҳорӣ
Sputnik Тоҷикистон
Вазири мудофиаи Тоҷикистон омодагӣ ба даъвати баҳориро бо масъулини ин соҳа баррасӣ кард
2022-03-09T12:10+0500
2022-03-09T12:10+0500
2022-03-09T12:21+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
ҳамкорӣ
шералӣ мирзо
даъват
даъвати баҳорӣ
наваскарон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/16/1041092351_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_c66ca87aa9bc3877ec8c9840e925a464.jpg
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон изҳор доштааст, ки дар ҷумҳурӣ ҷавонони синни даъвати ҳарбӣ аз талаботи қувваҳои мусаллаҳ ба маротиб зиёд аст. Тибқи иттилои Вазорати мудофиа, дар чунин шароит генерал Мирзо муҳим хонд, ки аз байни ҷавонони ҳамаи табақаҳои аҳолии кишвар, беҳтаринҳо интихоб ва ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шаванд.Вазир бо зикри таҷрибаи даъватҳои гузашта изҳор дошт, ки бо вуҷуди иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон дар бархе шаҳру навоҳӣ дар натиҷаи беэътиноӣ зоҳир намудани масъулин мушкилиҳои ҷиддӣ низ ба назар мерасанд. Ӯ дастур додааст, ки камбудиҳо бартараф карда шаванд. Шералӣ Мирзо муҳим хондааст, ки дар маъракаи даъвати наваскарон ҳамкории густурда бо аҳолӣ роҳандозӣ шавад. Вазир аз муроҷиати шаҳрвандон ба унвонияш зикр намуда, масъулинро муваззаф кардааст, ки барои ҳалли мушкилоту дигар масоили марбути даъвати ҷавонписарон дар чаҳорчӯбаи қонун сари вақт қарорҳо карда шаванд. Генерал ҳамчунин муҳим хондааст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти шаҳриву ноҳиявӣ ба омӯзиши шахсияти даъватшавандаҳо таваҷҷуҳ шавад. Таъмиру тармим намудани бинову иншооти комиссариатҳои ҳарбӣ, саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити зист, сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳар гуна қонуншиканиҳо, бахусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта аз дастуроти дигари Шералӣ Мирзо будаанд. Даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 бо фармони президенти Тоҷикистон моҳҳои апрел майи соли равон амалӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20220211/hakimzoda-khidmatgurezi-javonon-farzandon-mansabdoron-1045757197.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/16/1041092351_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_1c19831ffdf305cd3d71ca01ac16f0ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дастур, вазир, даъват, баҳорӣ, ҳамкорӣ, мардум
дастур, вазир, даъват, баҳорӣ, ҳамкорӣ, мардум
Кор бо мардум, бе фасод: дастури Шералӣ Мирзо барои ислоҳи камбудиҳо дар даъвати баҳорӣ
12:10 09.03.2022 (Навсозишуда: 12:21 09.03.2022) Вазири мудофиаи Тоҷикистон омодагӣ ба даъвати баҳориро бо масъулини ин соҳа баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон изҳор доштааст, ки дар ҷумҳурӣ ҷавонони синни даъвати ҳарбӣ аз талаботи қувваҳои мусаллаҳ ба маротиб зиёд аст.
Тибқи иттилои Вазорати мудофиа, дар чунин шароит генерал Мирзо муҳим хонд, ки аз байни ҷавонони ҳамаи табақаҳои аҳолии кишвар, беҳтаринҳо интихоб ва ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шаванд.
Вазир бо зикри таҷрибаи даъватҳои гузашта изҳор дошт, ки бо вуҷуди иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон дар бархе шаҳру навоҳӣ дар натиҷаи беэътиноӣ зоҳир намудани масъулин мушкилиҳои ҷиддӣ низ ба назар мерасанд.
Ӯ дастур додааст, ки камбудиҳо бартараф карда шаванд.
Шералӣ Мирзо муҳим хондааст, ки дар маъракаи даъвати наваскарон ҳамкории густурда бо аҳолӣ роҳандозӣ шавад. Вазир аз муроҷиати шаҳрвандон ба унвонияш зикр намуда, масъулинро муваззаф кардааст, ки барои ҳалли мушкилоту дигар масоили марбути даъвати ҷавонписарон дар чаҳорчӯбаи қонун сари вақт қарорҳо карда шаванд.
Генерал ҳамчунин муҳим хондааст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти шаҳриву ноҳиявӣ ба омӯзиши шахсияти даъватшавандаҳо таваҷҷуҳ шавад.
Таъмиру тармим намудани бинову иншооти комиссариатҳои ҳарбӣ, саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити зист, сифатан хуб ба роҳ мондани чорабиниҳои даъватӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳар гуна қонуншиканиҳо, бахусус ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта аз дастуроти дигари Шералӣ Мирзо будаанд.
Даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 бо фармони президенти Тоҷикистон моҳҳои апрел майи соли равон амалӣ мешавад.