https://sputnik.tj/20220211/hakimzoda-khidmatgurezi-javonon-farzandon-mansabdoron-1045757197.html
Ҷалби фарзандони мақомдорон ба артиш ва таъкиди Ҳакимзода ба сабаби хидматгурезиҳою ислоҳ
Ҷалби фарзандони мақомдорон ба артиш ва таъкиди Ҳакимзода ба сабаби хидматгурезиҳою ислоҳ
Sputnik Тоҷикистон
Комиссари ҳарбии вилоят гуфт, ба фарзандони мансабдорон низ даъватнома фиристода шуд
2022-02-11T15:10+0500
2022-02-11T15:10+0500
2022-02-21T13:19+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
ҷавонон
хизмати ҳарбӣ
қурбон ҳакимзода
даъват
артиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040341679_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_2fafb0f1685f2733254c75b4fb8409d2.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Қурбон Ҳакимзода, раиси Хатлон яке аз сабаби канораҷӯии ҷавонон аз хидмати ҳарбиро паст будани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварии онҳо ва волидайнашон хонд. Ҳакимзода ин нуктаро зимни ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилояти Хатлон баён дошт. Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, Ҳакимзода барои баланд бардоштани ифтихори ватандории ҷавонон, ба тамоми сохторҳои соҳаи идеологӣ дастур дод, ки ташвиқотро таҳким бахшанд. Ҷазои хунукназарҳо: дастури Шералӣ Мирзо барои ислоҳи камбудиҳои даъвати наваскаронДар феҳрасти онҳое, ки ин дастурро гирифтаанд, масъулини бахши кор бо ҷавонон, занон ва оила, маориф, фарҳанг, ходимони дин, васоити ахбори омма, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳо, ҳизбҳо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ номбар шуданд. Манбаъ афзуд, ки дар ҷаласа инчунин комиссари ҳарбии Хатлон, Умед Солизода аз омодагиҳо ба даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ҳисобот дод. Ӯ гуфт, то ҳол бо сокинону ҷавонони синни даъватӣ 400 суҳбату вохӯрӣ дар бораи аҳамияти хизмати ҳарбӣ гузаронида шуд.Дар ҷаласаи Шӯро муҳим хонда шуд, ки корҳои ташвиқотию тарғиботӣ таҳким бахшида шаванду тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ роҳандозӣ гардад.Даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон моҳои апрел - май баргузор мешавад, ки бо фармони раисҷумҳур роҳандозӣ мегардад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040341679_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_798ac2820235dae8b3e78acd894b8dff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раис, хатлон, сабаб, хидмат, ҷавонон, артиш
раис, хатлон, сабаб, хидмат, ҷавонон, артиш
Ҷалби фарзандони мақомдорон ба артиш ва таъкиди Ҳакимзода ба сабаби хидматгурезиҳою ислоҳ
15:10 11.02.2022 (Навсозишуда: 13:19 21.02.2022) Раиси Хатлон барои ҷилавгирӣ аз хидматгурезии ҷавонон, пурзӯр намудани кори масъулини бахши идеологиро муҳим хонд. Комиссари ҳарбии вилоят гуфт, ба фарзандони мансабдорон низ даъватнома фиристода шуд
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Қурбон Ҳакимзода, раиси Хатлон яке аз сабаби канораҷӯии ҷавонон аз хидмати ҳарбиро паст будани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварии онҳо ва волидайнашон хонд.
Ҳакимзода ин нуктаро зимни ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилояти Хатлон баён дошт.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, Ҳакимзода барои баланд бардоштани ифтихори ватандории ҷавонон, ба тамоми сохторҳои соҳаи идеологӣ дастур дод, ки ташвиқотро таҳким бахшанд.
Дар феҳрасти онҳое, ки ин дастурро гирифтаанд, масъулини бахши кор бо ҷавонон, занон ва оила, маориф, фарҳанг, ходимони дин, васоити ахбори омма, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳо, ҳизбҳо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ номбар шуданд.
Манбаъ афзуд, ки дар ҷаласа инчунин комиссари ҳарбии Хатлон, Умед Солизода аз омодагиҳо ба даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ҳисобот дод. Ӯ гуфт, то ҳол бо сокинону ҷавонони синни даъватӣ 400 суҳбату вохӯрӣ дар бораи аҳамияти хизмати ҳарбӣ гузаронида шуд.
"Ба шумораи муайяни ҷавонони синни даъватӣ даъватнома равона гардидааст, ки дар миёни онҳо фарзандони шахсони мансабдор низ ҳастанд", - таъкид намуд Солизода.
Дар ҷаласаи Шӯро муҳим хонда шуд, ки корҳои ташвиқотию тарғиботӣ таҳким бахшида шаванду тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ роҳандозӣ гардад.
Даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон моҳои апрел - май баргузор мешавад, ки бо фармони раисҷумҳур роҳандозӣ мегардад.