https://sputnik.tj/20220309/antonov-amriko-mavodi-sukhti-rusiya-besubot-1046630233.html
Антонов: Даст кашидани Амрико аз маводи сӯхти Русия бозорҳоро бесубот мекунад
Антонов: Даст кашидани Амрико аз маводи сӯхти Русия бозорҳоро бесубот мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Русия дар ИМА гуфт, ки даст кашидани Амрико аз манобеъи энержии Русия боиси тағйирёбии нархҳо дар бозорҳо хоҳад шуд
2022-03-09T09:00+0500
2022-03-09T09:00+0500
2022-03-09T12:51+0500
дар русия
амрико
има
сафир
анатолий антонов
энержӣ
сӯзишворӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101512/72/1015127205_0:294:2666:1794_1920x0_80_0_0_d1c0d3e73fb7ac701946687f81ac165d.jpg
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Сафорати Русия дар ИМА гуфт, ки пас аз манъи воридоти маводи сӯхт ба Амрико Русия метавонад захоири энержии худро ба бозорҳои мухталиф равона кунад.“Русия имкон дорад, ки маҳсулоти босифат ва рақобатпазири худро ба бозорҳои мухталиф равон кунад. Вақти он расидааст, ки ҷониби Амрико дарк кунад, наметавонад иродаи худро ба касе таҳмил ва моро бо калтаки таҳримӣ маҷбур кунад, ки аз ҳимояи манфиатҳои миллии худ даст кашем”, - шарҳ додаат сафорати Русия дар Амрико дар саҳифаи Фейсбукиаш.Ҷо Байден, раисҷумҳури ИМА ахиран фармонеро имзо кард, ки тибқи он, воридоти маводи сӯхт дар давоми 45 рӯз манъ мешавад.Сафорати Русия гуфт, "албатта, даст кашидан аз манобеи мо боиси таҳаввулоти ҷиддие дар бозорҳои ҷаҳонии энержӣ хоҳад шуд. Ин ба манофеи ширкатҳо ва истеъмолкунандагон, пеш аз ҳама дар худи Иёлоти Муттаҳида таъсири манфӣ мерасонад".Намояндагии дипломатӣ қайд кард, ки ба далели тасмими манъи воридоти маводи сӯхт аз Русия Иёлоти Муттаҳида бо болоравии нархи бензин, нерӯи барқ ва гармӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд."Фишори таҳримоти ИМА ба Русия кайҳо аз тамоми марзҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ убур кардааст. Чанд ҳафтаи охир инро комилан рӯшан нишон дод", - қайд кардааст сафорати Русия дар ИМА.
https://sputnik.tj/20220308/prezidenti-ukraina-uzviyat-nato-dilkhunuk-1046628295.html
амрико
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101512/72/1015127205_0:32:2666:2032_1920x0_80_0_0_d78408ee6c4a437c6d81ca5d5b9a07b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, амрико, има, таҳри, маводи сӯхт, энержӣ, сафир, антонов
русия, амрико, има, таҳри, маводи сӯхт, энержӣ, сафир, антонов
Антонов: Даст кашидани Амрико аз маводи сӯхти Русия бозорҳоро бесубот мекунад
09:00 09.03.2022 (Навсозишуда: 12:51 09.03.2022) Сафири Русия дар ИМА гуфт, ки даст кашидани Амрико аз манобеи энержии Русия боиси тағйирёбии нархҳо дар бозорҳо хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Сафорати Русия дар ИМА гуфт, ки пас аз манъи воридоти маводи сӯхт ба Амрико Русия метавонад захоири энержии худро ба бозорҳои мухталиф равона кунад.
“Русия имкон дорад, ки маҳсулоти босифат ва рақобатпазири худро ба бозорҳои мухталиф равон кунад. Вақти он расидааст, ки ҷониби Амрико дарк кунад, наметавонад иродаи худро ба касе таҳмил ва моро бо калтаки таҳримӣ маҷбур кунад, ки аз ҳимояи манфиатҳои миллии худ даст кашем”, - шарҳ додаат сафорати Русия дар Амрико дар саҳифаи Фейсбукиаш.
Ҷо Байден, раисҷумҳури ИМА ахиран фармонеро имзо кард, ки тибқи он, воридоти маводи сӯхт дар давоми 45 рӯз манъ мешавад.
Сафорати Русия гуфт, "албатта, даст кашидан аз манобеи мо боиси таҳаввулоти ҷиддие дар бозорҳои ҷаҳонии энержӣ хоҳад шуд. Ин ба манофеи ширкатҳо ва истеъмолкунандагон, пеш аз ҳама дар худи Иёлоти Муттаҳида таъсири манфӣ мерасонад".
Намояндагии дипломатӣ қайд кард, ки ба далели тасмими манъи воридоти маводи сӯхт аз Русия Иёлоти Муттаҳида бо болоравии нархи бензин, нерӯи барқ ва гармӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
"Фишори таҳримоти ИМА ба Русия кайҳо аз тамоми марзҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ убур кардааст. Чанд ҳафтаи охир инро комилан рӯшан нишон дод", - қайд кардааст сафорати Русия дар ИМА.