Президенти Украина гуфт, дар масъалаи узвият ба НАТО дилсард шудааст

© AFP 2023 / GEORGES GOBETФлаг НАТО, архивное фото
Флаг НАТО, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Украина мегӯяд, созмони НАТО мухолифат бо Русияро намехоҳад
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина гуфт, дар масъалаи воридшавӣ ба НАТО дилсард шудааст.

"Дар масъалаи НАТО ман аз дер боз дилсард шудаам, баъди он ки фаҳмидам, омодаи қабули Украина нест. Эътилоф аз мухолифат бо Русия эҳтиёткорӣ мекунад", - иқтибос овардааст РИА "Новости" аз суҳбати Зеленский бо телевизиони АВС.

Ӯ ҳамчунин таъкид намудааст, ки Киев "ба зону зада" чизе аз Брюссел наметалабад.
Дар посух ба суоле дар мавриди эътирофи Қрим чун ҷузъи Русия ва мустақилияти Донетску Луганск президенти Украина гуфтааст, ки ин масъала бояд баррасӣ шавад.
"Мо метавонем масоили марбути минтақаҳои муваққатан ишғолшуда ва ҷумҳуриҳои эътирофнашударо баррасӣ намоем ва дар мавриди тақдири ояндаи ин минтақаҳо муросо кунем", - овардааст РИА "Новости" аз қавли Зеленский.
Ӯ таъкид намудааст, ки барояш аз ҳама муҳим зиндагии одамоне дар ин минтақаҳо мебошад, ки мехоҳанд ҷузъи Украина бошанд. Вай бо ҳамин далел масъаларо мураккабтар аз эътирофи одӣ хондааст.
Министр энергетики РФ Александр Новак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2022
Ҳушдори Новак аз пайомадҳои даст кашидани ИМА ва Аврупо аз нафту гази Русия
Зеленский ҳамчунин Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро ба гуфтушунид ва барқарорсозии муколама даъват кардааст.
Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия ахиран изҳор дошт, ки амалиёти низомӣ дар Украина метавонад "дар як лаҳза" қатъ шавад, дар сурате агар Киев шартҳои Маскавро иҷро намояд. Ӯ дар феҳрасти шартҳо эътирофи Қрим чун қаламрави Русия, розигии Киев бо мустақилияти ҷумҳуриҳои Донетску Луганск ва сабти мақоми ғайриблокии Украина дар қонунгузориро матраҳ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0