https://sputnik.tj/20220305/hamkori-tojikiston-koreya-nizom-bonki-1046558229.html
Баҳси ҳамкории Тоҷикистону Корея дар бахши низоми бонкӣ
Баҳси ҳамкории Тоҷикистону Корея дар бахши низоми бонкӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо мақомдори баландпояи Чин густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
2022-03-05T14:35+0500
2022-03-05T14:35+0500
2022-03-05T17:57+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бонк
ҳамкорӣ
корея
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_df2a1dae6fcfcf523709aafe73523c6a.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Пак Чон Су, раиси Кумитаи ҳамкориҳои иқтисодии назди раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ масоили суботи молиро ба миён гузоштааст. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, Холиқзода ҳайати меҳмононро мухтасар бо вазъи макроиқтисодӣ шинос намуда, ҳамкорӣ бо Корея дар бахши устувории суботи молиявиро муҳим хондааст. Раиси БМТ рушди низоми пардохт, идоракунии хавфҳо ва тақвият бахшидани низоми комплаенс, боз шудани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои Тоҷикистонро дар бонкҳои Корея зарур арзёбӣ кардаст. Пак Чон Су изҳор доштаст, ки ҳамакнун бо кушодани сафорати Корея дар Тоҷикистон шароити бештари ҳамкориҳо фароҳаманд. Ӯ аз ҷумла бархе барномаҳои муфиди кишварашро барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ муаррифӣ кардааст, ки Тоҷикистон низ метавонад аз рӯи он ба гирифтани грантҳо ва қарзҳои дарозмуҳлати имтиёзнок даст ёбад. Мақомдори Корея омодагияшро барои рушди низоми пардохт, идоракунии хавфҳо, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, барпо кардани муносибатҳои муросилотии бонкҳои тиҷоратии ду кишвар изҳори омодагӣ кардааст. Маврид ба зикр аст, ки феълан ҳайати Корея таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳамкориҳои шимолии иқтисодии назди президенти ин кишвар дар Тоҷикистон қарор доранд ва рушди ҳамкорӣ бо мақомдорони бахшҳои гуногунро баррасӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20220228/bonk-markazi-russia-meyor-boztamvil-1046335623.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_1ca53e0c2ff464e6bde609375f319528.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баҳс, ҳамкорӣ, тоҷикистон, корея, низом, бонкӣ
баҳс, ҳамкорӣ, тоҷикистон, корея, низом, бонкӣ
Баҳси ҳамкории Тоҷикистону Корея дар бахши низоми бонкӣ
14:35 05.03.2022 (Навсозишуда: 17:57 05.03.2022) Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо мақомдори баландпояи Кореяи Ҷанубӣ густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Пак Чон Су, раиси Кумитаи ҳамкориҳои иқтисодии назди раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ масоили суботи молиро ба миён гузоштааст.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ, Холиқзода ҳайати меҳмононро мухтасар бо вазъи макроиқтисодӣ шинос намуда, ҳамкорӣ бо Корея дар бахши устувории суботи молиявиро муҳим хондааст.
Раиси БМТ рушди низоми пардохт, идоракунии хавфҳо ва тақвият бахшидани низоми комплаенс, боз шудани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои Тоҷикистонро дар бонкҳои Корея зарур арзёбӣ кардаст.
Пак Чон Су изҳор доштаст, ки ҳамакнун бо кушодани сафорати Корея дар Тоҷикистон шароити бештари ҳамкориҳо фароҳаманд.
Ӯ аз ҷумла бархе барномаҳои муфиди кишварашро барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ муаррифӣ кардааст, ки Тоҷикистон низ метавонад аз рӯи он ба гирифтани грантҳо ва қарзҳои дарозмуҳлати имтиёзнок даст ёбад.
Мақомдори Корея омодагияшро барои рушди низоми пардохт, идоракунии хавфҳо, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, барпо кардани муносибатҳои муросилотии бонкҳои тиҷоратии ду кишвар изҳори омодагӣ кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки феълан ҳайати Корея таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳамкориҳои шимолии иқтисодии назди президенти ин кишвар дар Тоҷикистон қарор доранд ва рушди ҳамкорӣ бо мақомдорони бахшҳои гуногунро баррасӣ мекунанд.