https://sputnik.tj/20220304/talabi-sharh-senator-amrikoi-putin-1046505831.html
Талаби шарҳ ва маҳкумсозии расмии суханони сенатори амрикоӣ дар бораи Путин
Талаби шарҳ ва маҳкумсозии расмии суханони сенатори амрикоӣ дар бораи Путин
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагии дипломатии Русия изҳороти сиёсатмадори ҷумҳурихоҳи Иёлоти муттаҳидаи Амрикоро маҳкум кард
2022-03-04T13:01+0500
2022-03-04T13:01+0500
2022-03-04T13:02+0500
дар русия
сиёсат
има
сафорат
сенатор
маҳкум
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101408/47/1014084762_0:90:2780:1654_1920x0_80_0_0_9d5d9d868dfdd7d5531b9d7120b8a77a.jpg
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Сафорати Русия дар ИМА расман тавзеҳ ва маҳкумсозии суханҳои сенатор Линдси Гремро дар мавриди Владимир Путин талаб кард. Дар ин бора намояндагии дипломатии Русия дар ИМА дар саҳифааш дар Facebook хабар додаст. "Шарҳи расмӣ ва маҳкумсозии изҳороти ҷиноии ин амрикоиро талаб дорем", - омадааст дар изҳороти сафорат. Анатолий Антонов, сафири Русия дар ИМА чунин изҳоротро номақбул хонда, онро баёнгари нафрату русбезорӣ арзёбӣ кардаст, ки дар ҷомеаи амрикоӣ авҷ гирифтааст. Антонов аз ояндаи ИМА нигаронӣ кардаст, ки дар идораи он "чунин сиёсатмадорони бемасъулият ва ғайрикасбӣ қарор доранд". Маврид ба зикр аст, ки сенатор аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ, Линдси Грэм дар саҳифааш дар Twitter навишт, он нафаре, ки "ин мардро (ишора ба президенти Русия, Владимир Путин - идора) нобуд мекунад, барои кишвар ва ҷаҳон хизмати бузурге мекунад". Сиёсатмадор суол гузоштааст, ки оё Русия Брут ва Клаус Штауффенбергҳои худро надорад. Ин ду нафари таърихӣ мебошанд, ки барои сӯқасдашон ба ҷони роҳбари давлат шинохтаанд. Аз ҷумла Брут қасди ҷони Юлий Сезар ва Штауффанберг қасди ҷони Адолф Ҳитлер кардааст.
https://sputnik.tj/20220303/putin-rus-ukrain-yak-khalq-nomid-1046495619.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101408/47/1014084762_40:0:2761:2041_1920x0_80_0_0_b73f5fa76623ad725497eb2aac5722a1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маҳкум, суханон, изорот, сенатор, амрикоӣ, путин
маҳкум, суханон, изорот, сенатор, амрикоӣ, путин
Талаби шарҳ ва маҳкумсозии расмии суханони сенатори амрикоӣ дар бораи Путин
13:01 04.03.2022 (Навсозишуда: 13:02 04.03.2022) Намояндагии дипломатии Русия изҳороти сиёсатмадори ҷумҳурихоҳи Иёлоти муттаҳидаи Амрикоро маҳкум кард
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Сафорати Русия дар ИМА расман тавзеҳ ва маҳкумсозии суханҳои сенатор Линдси Гремро дар мавриди Владимир Путин талаб кард.
Дар ин бора намояндагии дипломатии Русия дар ИМА дар саҳифааш дар Facebook хабар додаст.
"Шарҳи расмӣ ва маҳкумсозии изҳороти ҷиноии ин амрикоиро талаб дорем", - омадааст дар изҳороти сафорат.
Анатолий Антонов, сафири Русия дар ИМА чунин изҳоротро номақбул хонда, онро баёнгари нафрату русбезорӣ арзёбӣ кардаст, ки дар ҷомеаи амрикоӣ авҷ гирифтааст.
"Боварнокарданист сенатори кишваре, ки арзишҳояшро ба ҳайси "ситораи роҳнамо"-и тамоми башарият муаррифӣ мекунад, метавонад ба террор ҳамчун василаи дастёбии Вашингтон ба аҳдофаш дар саҳнаи байналмилалӣ даъват кунад", - таъкид кард ӯ.
Антонов аз ояндаи ИМА нигаронӣ кардаст, ки дар идораи он "чунин сиёсатмадорони бемасъулият ва ғайрикасбӣ қарор доранд".
Маврид ба зикр аст, ки сенатор аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ, Линдси Грэм дар саҳифааш дар Twitter навишт, он нафаре, ки "ин мардро (ишора ба президенти Русия, Владимир Путин - идора) нобуд мекунад, барои кишвар ва ҷаҳон хизмати бузурге мекунад".
Сиёсатмадор суол гузоштааст, ки оё Русия Брут ва Клаус Штауффенбергҳои худро надорад. Ин ду нафари таърихӣ мебошанд, ки барои сӯқасдашон ба ҷони роҳбари давлат шинохтаанд.
Аз ҷумла Брут қасди ҷони Юлий Сезар ва Штауффанберг қасди ҷони Адолф Ҳитлер кардааст.