Идомаи коҳиши арзиши пули русӣ дар Тоҷикистон: бо доллару евро чӣ шуд?

© ShutterstockДеньги в руках
Деньги в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Обуна шудан
Қурби сомонӣ дар баробари асъори амрикоӣ, аврупоӣ ва русӣ тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дар авохири моҳи феврал ва ҳамакнун чаҳор рӯзи март қурби рубл дар баробари пули миллии Тоҷикистон ба таври ҳайратангез поин рафтааст.
БМТ қурби ҳаррӯзаи асъорро бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ муқаррар мекунад.
Ҳамин тавр, тибқи нишондоди БМ, рӯзи 4-уми март қурби рубл то 105 сомонӣ барои 1000 рубл поин рафт.
Дар ҳамин ҳол бонкҳои тиҷории Тоҷикистон қурби рублро дар поинтарин нишондод тайи солҳои охир муқаррар кардаанд.
"Алифбонк" қурби рубли русиро поёнтар аз дигарон муқаррар кардааст. Дар ин бонк 1000 рубл зимни харид 95 сомонӣ ва зимни фурӯш 1132 сомонӣ муқаррар шудааст.
Банковские карты, доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
"Global Times": Қатъи Русия аз SWIFT марги доллар аст
Бар асоси нархномаи асъор, ки дар сомонаи "Ориёнбонк" нашр шудааст, қурби 1 ҳазор рубл зимни харид 105 сомонӣ муқаррар гардидааст. Фурӯши 1000 рубл дар ҳадди 130 сомонӣ нархгузорӣ шудааст.
Арзиши харидуфурӯши 1 ҳазор рубл дар бонки "Эсхата" яке аз бонкҳои низомсози Тоҷикистон низ мутаносибан муодили 102 ва 106 сомонӣ мебошад.
Дар "Спитаменбонк" 1000 рубл дар харид 104 ва дар фурӯш 120 сомонӣ ва дар ташкилоти қарзии "Имон интернешнл" бошад, муттаносибан 102 ва 104 муболила мешавад.
Дар мавриди қурби пули амрикоӣ бошад, дар ҷумҳурӣ он низ каме поин рафта, дар сатҳи 11,28 сомонӣ барои як доллар қарор дорад. Ин нахустин коҳиш давоми муддатҳои тӯлонӣ барои ин асъор аст.
Пули аврупоӣ бошад, дар ҳоли шинокунанда, дар ҳудуди 12,54 сомонӣ барои як евро қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0