https://sputnik.tj/20220228/global-times-qati-rusiya-az--swift-margi-dollar-ast-1046363311.html
"Global Times": Қатъи Русия аз SWIFT марги доллар аст
"Global Times": Қатъи Русия аз SWIFT марги доллар аст
Sputnik Тоҷикистон
Бархе аз иқтисоддонҳои чинӣ дар бораи ояндаи пули миллии Амрико пас аз ҷорӣ намудани таҳримҳо алайҳи Маскав изҳори назар карданд
2022-02-28T21:00+0500
2022-02-28T21:00+0500
2022-03-01T11:36+0500
дар русия
доллар
молия
иқтисод
swift
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046337566_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_9f1063a4e79bab845fa70298c84c37b4.jpg
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Ба гуфтаи "Global Times", қатъи бонкҳои Русия аз SWIFT метавонад раванди даст кашидан аз ҳисоббаробаркуниҳои доллариро суръат бахшад.Дар истинод ба коршиносон нашрияи чинӣ қайд кардааст, аксари ширкатҳое, ки мехоҳанд, бо Русия тиҷорат кунанд, маҷбур хоҳанд шуд, роҳҳои убур аз низоми долларро ҷустуҷӯ кунанд. Нашрия ҳисобҳо бо рубл ё юанро мисол овардааст.Мудири кулли ширкати “Bocom International” Ҳун Ҳао таъкид мекунад, SWIFT, ки асосан барои интиқоли доллар пешбинӣ шудааст, Аврупоро маҷбур мекунад, ки энержиро бо асъори алтернативӣ бихарад.Чунин нақша, ба гуфтаи коршинос, метавонад оғози поёни бартарии "амрикоиҳо" дар иқтисоди ҷаҳонӣ бошад.Таҳлилгарон қайд мекунанд, “маҳдудиятҳои бесобиқа” алайҳи бонкҳои Русия зарбаи сахт нахоҳад зад, зеро Маскав барои ин иқдом муддати тӯлонист, ки омодагӣ мебинад ва манфиати иқтисодии Ғарб ба интиқоли мол аз Русия аз байн нарафтааст.Ян Тзин, коршиноси чиноӣ ба таҳримҳо танҳо алайҳи бархе аз бонкҳои Русия ишора кард.Ба андешаи ӯ, хориҷ кардани Русия аз иқтисоди ҷаҳонӣ ғайриимкон аст.Ёдовар мешавем, Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо ба далели амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина алайҳи Русия таҳримҳои густарда ҷорӣ карданд.Маҳдудиятҳо ба соҳаҳои молӣ, энергетика, нақлиёт, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расониданд.Яке аз таҳримҳо қатъи Русия аз SWIFT буд. Чунин чораҳо метавонанд ба интиқол ва ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ халал расонанд.Дар ҳамин ҳол Русия ҷойгузини низоми SWIFT- ро дорад ва муддати тӯлонист, ки фаъолият мекунад. Ба ин низом беш аз 330 созмон аз Тоҷикистон, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Олмон, Швейтсария ва Куба пайваст ҳастанд.
https://sputnik.tj/20220228/putin-jomeai-gharb-imperiyai-durugh-1046357784.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046337566_153:0:2884:2048_1920x0_80_0_0_cdfc18be7d98d68c92d34f6ad688b5be.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, global times, қатъи swift марги доллар
русия, global times, қатъи swift марги доллар
"Global Times": Қатъи Русия аз SWIFT марги доллар аст
21:00 28.02.2022 (Навсозишуда: 11:36 01.03.2022) Бархе аз иқтисоддонҳои чинӣ дар бораи ояндаи пули миллии Амрико пас аз ҷорӣ намудани таҳримҳо алайҳи Маскав изҳори назар карданд
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Ба гуфтаи "Global Times", қатъи бонкҳои Русия аз SWIFT метавонад раванди даст кашидан аз ҳисоббаробаркуниҳои доллариро суръат бахшад.
Дар истинод ба коршиносон нашрияи чинӣ қайд кардааст, аксари ширкатҳое, ки мехоҳанд, бо Русия тиҷорат кунанд, маҷбур хоҳанд шуд, роҳҳои убур аз низоми долларро ҷустуҷӯ кунанд. Нашрия ҳисобҳо бо рубл ё юанро мисол овардааст.
Мудири кулли ширкати “Bocom International” Ҳун Ҳао таъкид мекунад, SWIFT, ки асосан барои интиқоли доллар пешбинӣ шудааст, Аврупоро маҷбур мекунад, ки энержиро бо асъори алтернативӣ бихарад.
Чунин нақша, ба гуфтаи коршинос, метавонад оғози поёни бартарии "амрикоиҳо" дар иқтисоди ҷаҳонӣ бошад.
Таҳлилгарон қайд мекунанд, “маҳдудиятҳои бесобиқа” алайҳи бонкҳои Русия зарбаи сахт нахоҳад зад, зеро Маскав барои ин иқдом муддати тӯлонист, ки омодагӣ мебинад ва манфиати иқтисодии Ғарб ба интиқоли мол аз Русия аз байн нарафтааст.
Ян Тзин, коршиноси чиноӣ ба таҳримҳо танҳо алайҳи бархе аз бонкҳои Русия ишора кард.
Ба андешаи ӯ, хориҷ кардани Русия аз иқтисоди ҷаҳонӣ ғайриимкон аст.
Ёдовар мешавем, Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо ба далели амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина алайҳи Русия таҳримҳои густарда ҷорӣ карданд.
Маҳдудиятҳо ба соҳаҳои молӣ, энергетика, нақлиёт, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расониданд.
Яке аз таҳримҳо қатъи Русия аз SWIFT буд. Чунин чораҳо метавонанд ба интиқол ва ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ халал расонанд.
Дар ҳамин ҳол Русия ҷойгузини низоми SWIFT- ро дорад ва муддати тӯлонист, ки фаъолият мекунад. Ба ин низом беш аз 330 созмон аз Тоҷикистон, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Олмон, Швейтсария ва Куба пайваст ҳастанд.