https://sputnik.tj/20220302/bonkhoi-rusiya-sud-pasandoz-1046437190.html
Бонкҳои Русия суди пасандозҳоро боз боло бардоштанд
Бонкҳои Русия суди пасандозҳоро боз боло бардоштанд
Sputnik Тоҷикистон
Бонкҳои Русия ҳаҷми фоизи пасандозҳоро боло бурдаанд, бармеояд аз овезаҳои муассисаҳои молиявӣ
2022-03-02T17:55+0500
2022-03-02T17:55+0500
2022-03-02T20:26+0500
иқтисод
дар русия
пасандоз
бонк
фоиз
суд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/17/1044342034_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_a35961b33eb3fa1456d4ccab803f0369.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Болотарин дарсад барои амонатгузорон дар бонкҳои Русия дар ҳадди 23% муқаррар шудааст. Дар ин бора дар сомонаҳои муассисаҳои қарзии ин кишвар хабар дода шудааст. Маврид ба зикр аст, ки ахиран Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро ба андозаи 10,5 банди фоизӣ боло бурда, 20%-и солона муқаррар кард. Дар пайи ин иқдом ВТБ сатҳи даромаднокии пасандозҳо бо рублро 21%, бо доллар 8% ва бо евро 7%. муқаррар кард. Суди пасандоз дар "Сбербанк" низ боз боло бурда шуда, аз 18% то 21,18%-и солона расид. Фоизи пасандозҳо бо рубл дар ПСБ 21%, "Газпромбонк" 20,3%, "Абсолютбонк" 20%, "Росселхозбонк" 20%, "Райффайзенбонк" 15% ва "Тинкоффбанк" 18% муқаррар шудаст. Баландтарин фоизи пасандоз дар "Совкомбанк" ба қайд гирифта шудаст, ки 23%-ро ташкил медиҳад. Бонки марказии Русия зимни тавзеҳи болобарии меъёри бозтамвил гуфт, шароити берунӣ барои иқтисоди кишвар омилан тағйир ёфтааст. Таъкид шудааст, ки болоравии меъёри бозтамвил ба коҳиши таъсироти манфӣ мусоидат мекунад."Афзоиши меъёри бозтамвил нишондоди пасандозгузориро то ҳадде боло мебарад, ки ин барои ҷуброни хатарҳои таварруми афзоянда кифоят мекунад. Ин имкон медиҳад, ки эътидоли молиявию нарх таъмин шавад", - зикр шуд дар иттилоия.Ниҳоди танзимкунандаи бахши молиявии Русия ҳамчунин таъкид намудааст, ки афзоиши меъёри бозтамвил барои ҳифзи пасандози шаҳрвандон аз беқурбшавӣ хидмат мекунад.Таҳримҳо алайҳи Русия дар пасманзари амалиёти низомӣ дар Украина роҳандозӣ шуданд, ки аз ҷумла бахши молия ва бонкҳоро фаро мегиранд.
https://sputnik.tj/20220302/tojikiston-pardokhti-qarzi-khoriji-masraf-1046431857.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/17/1044342034_222:0:2953:2048_1920x0_80_0_0_4b56e5cf9d67ecb5a0fff9f93bbd4e63.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
болоравӣ, бонк, суд, пасандоз, русия
болоравӣ, бонк, суд, пасандоз, русия
Бонкҳои Русия суди пасандозҳоро боз боло бардоштанд
17:55 02.03.2022 (Навсозишуда: 20:26 02.03.2022) Бонкҳои Русия ҳаҷми фоизи пасандозҳоро боло бурдаанд, хабар медиҳанд овезаҳои муассисаҳои молиявӣ
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Болотарин дарсад барои амонатгузорон дар бонкҳои Русия дар ҳадди 23% муқаррар шудааст.
Дар ин бора дар сомонаҳои муассисаҳои қарзии ин кишвар хабар дода шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро ба андозаи 10,5 банди фоизӣ боло бурда, 20%-и солона муқаррар кард.
Дар пайи ин иқдом ВТБ сатҳи даромаднокии пасандозҳо бо рублро 21%, бо доллар 8% ва бо евро 7%. муқаррар кард.
Суди пасандоз дар "Сбербанк" низ боз боло бурда шуда, аз 18% то 21,18%-и солона расид. Фоизи пасандозҳо бо рубл дар ПСБ 21%, "Газпромбонк" 20,3%, "Абсолютбонк" 20%, "Росселхозбонк" 20%, "Райффайзенбонк" 15% ва "Тинкоффбанк" 18% муқаррар шудаст.
Баландтарин фоизи пасандоз дар "Совкомбанк" ба қайд гирифта шудаст, ки 23%-ро ташкил медиҳад.
Бонки марказии Русия зимни тавзеҳи болобарии меъёри бозтамвил гуфт, шароити берунӣ барои иқтисоди кишвар омилан тағйир ёфтааст. Таъкид шудааст, ки болоравии меъёри бозтамвил ба коҳиши таъсироти манфӣ мусоидат мекунад.
"Афзоиши меъёри бозтамвил нишондоди пасандозгузориро то ҳадде боло мебарад, ки ин барои ҷуброни хатарҳои таварруми афзоянда кифоят мекунад. Ин имкон медиҳад, ки эътидоли молиявию нарх таъмин шавад", - зикр шуд дар иттилоия.
Ниҳоди танзимкунандаи бахши молиявии Русия ҳамчунин таъкид намудааст, ки афзоиши меъёри бозтамвил барои ҳифзи пасандози шаҳрвандон аз беқурбшавӣ хидмат мекунад.
Таҳримҳо алайҳи Русия дар пасманзари амалиёти низомӣ дар Украина роҳандозӣ шуданд, ки аз ҷумла бахши молия ва бонкҳоро фаро мегиранд.