https://sputnik.tj/20220302/tojikiston-pardokhti-qarzi-khoriji-masraf-1046431857.html
Тоҷикистон ният дорад, барои пардохти қарзи хориҷӣ беш аз 190 миллион доллар масраф кунад
Тоҷикистон ният дорад, барои пардохти қарзи хориҷӣ беш аз 190 миллион доллар масраф кунад
Sputnik Тоҷикистон
Дар соли ҷорӣ Тоҷикистон барои пардохти қарзи хориҷӣ беш аз 192,8 миллион доллар масраф хоҳад кард
2022-03-02T15:45+0500
2022-03-02T15:45+0500
2022-03-02T19:44+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
қарзҳо
пардохт
молия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102973/65/1029736556_0:0:3190:1794_1920x0_80_0_0_75684da8828b401fe3eecdce17bf23eb.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Вазорати молияи ҷумҳурӣ ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар дар охири соли гузаштаро беш аз 3,2 миллиард доллар гуфтааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Авеста”.Қарор аст, дар соли равон 192,8 миллион доллар барои пардохти қарзи хориҷӣ масраф шавад, ки ҳудуди 105 миллион доллари он барои пардохти қарзи асосӣ ва 87,8 миллион доллар барои пардохти фоизҳо равона хоҳад шуд.Ба гуфтаи ин манбаъ, қарздиҳандагони аслии Тоҷикистон Эксимбонки Чин, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё ва Бонки Рушди Исломӣ мебошанд.Ҳамчунин иттилоъ дода шудааст, ки ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 702,5 миллион доллар қарзу грант аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида ҷалб мекунад.Вазорати молия иддао дорад, ки дар соли равон ҷалби беш аз 7,9 миллиард сомонӣ (702,5 миллион доллар) қарзу кумакҳои молиявии созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида дар назар аст.Беш аз 3,2 миллиард сомонӣ (286,8 миллион доллар) аз ин маблағҳо маблағҳои қарзӣ хоҳанд буд. Ҳаҷми маблағҳои грантӣ беш аз 4,6 миллиард сомонӣ (415,6 миллион доллар) хоҳад буд.Ин маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла нақлиёту коммуникатсия, энергетика, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, дастгирии буҷет ва ғайра ҷалб карда мешаванд.
https://sputnik.tj/20220204/maqomot--rushdi-iqtisod-na-kam-az-8-darsad-1045494511.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102973/65/1029736556_461:0:3190:2047_1920x0_80_0_0_08ece0f6db370d80d0cb0114441b3bdb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, пардохт, қарзи хориҷӣ, масраф, доллар
тоҷикистон, пардохт, қарзи хориҷӣ, масраф, доллар
Тоҷикистон ният дорад, барои пардохти қарзи хориҷӣ беш аз 190 миллион доллар масраф кунад
15:45 02.03.2022 (Навсозишуда: 19:44 02.03.2022) Дар соли ҷорӣ Тоҷикистон барои пардохти қарзи хориҷӣ беш аз 192,8 миллион доллар масраф хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Вазорати молияи ҷумҳурӣ ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар дар охири соли гузаштаро беш аз 3,2 миллиард доллар гуфтааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Авеста”.
Қарор аст, дар соли равон 192,8 миллион доллар барои пардохти қарзи хориҷӣ масраф шавад, ки ҳудуди 105 миллион доллари он барои пардохти қарзи асосӣ ва 87,8 миллион доллар барои пардохти фоизҳо равона хоҳад шуд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, қарздиҳандагони аслии Тоҷикистон Эксимбонки Чин, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё ва Бонки Рушди Исломӣ мебошанд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шудааст, ки ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ ба маблағи беш аз 702,5 миллион доллар қарзу грант аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида ҷалб мекунад.
Вазорати молия иддао дорад, ки дар соли равон ҷалби беш аз 7,9 миллиард сомонӣ (702,5 миллион доллар) қарзу кумакҳои молиявии созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва кишварҳои алоҳида дар назар аст.
Беш аз 3,2 миллиард сомонӣ (286,8 миллион доллар) аз ин маблағҳо маблағҳои қарзӣ хоҳанд буд. Ҳаҷми маблағҳои грантӣ беш аз 4,6 миллиард сомонӣ (415,6 миллион доллар) хоҳад буд.
Ин маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла нақлиёту коммуникатсия, энергетика, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, дастгирии буҷет ва ғайра ҷалб карда мешаванд.