https://sputnik.tj/20220301/lavrov-ima-bargardondani-siloh-hastaii-avrupo-1046401325.html
Лавров: Вақти ба ИМА баргардондани силоҳҳои ҳастаии мустақар дар Аврупо расид
Лавров: Вақти ба ИМА баргардондани силоҳҳои ҳастаии мустақар дар Аврупо расид
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Русия дар бораи силоҳҳои ҳастаии Амрико дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо шарҳ дод
2022-03-01T20:15+0500
2022-03-01T20:15+0500
2022-03-01T20:15+0500
дар русия
дар ҷаҳон
ҳастаӣ
аврупо
има
баргардонидан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045857993_0:177:3011:1871_1920x0_80_0_0_de3835b65ccbc2f9d38d95af7697b363.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Силоҳи ҳастаии Амрико аз кишварҳои Аврупо бояд ба ИМА баргардонда шавад, гуфт Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар конфронси халъи силоҳ дар Женева.Ба гуфтаи вазири хориҷаи Русия, ба сабаби мавҷуд будани силоҳи ҳастаии ИМА дар Аврупа, “амалиётҳои бадрафторонаи муштараки ҳастаӣ бо иштироки кишварҳои НАТО, ки силоҳи ҳастаи надоранд”, боқӣ мемонад.Лавров таъкид кард, ки чунин амалиётҳо ба таҳияи нақшаи истифодаи силоҳи ҳастаӣ бар зидди Русия мусоидат мекунанд.“Вақти он расидааст, ки силоҳи ҳастаии Амрико ба Ватанаш баргардад ва инфрасохтори онҳо дар Аврупо комилан аз байн бурда шаванд”, - гуфт вазири умури хориҷии Русия.Ба гуфтаи оқои Лавров, Русия ҳамеша аз рӯи принсипе, ки “дар ҷанги ҳастаӣ ғолиб касе наметавонад бошад ва он ҳеҷ гоҳ бояд оғоз нашавад", амал мекунад.Вазири рус қайд кард, ки ин принсип дар изҳороти муштараки сарони Русия ва Иёлоти Муттаҳида аз 16 июни соли 2021 ва дар изҳороти муштараки сарони давлатҳои Русия ва Чин аз 28 июни соли 2021 таъкид шудааст.“Муҳим аст, ки бо ташаббус ва иштироки Русия 3 январ изҳороти муштараки раҳбарони панҷ кишвари абарқудрати ҳастаӣ дар бораи пешгирии ҷанги ҳастаӣ ва ҷилавгирӣ аз мусобиқаи таслиҳотӣ таҳия ва қабул карда шуд”, - афзуд Лавров.Маълум аст, ки вақте Москав ба ҷавоби тарафи Амрико дар бораи кафолати амниятӣ вокуниш нишон дод, Амрико ба пешниҳоди Русия дар бораи баргардондани силоҳи ҳастаӣ ба минтақаи худ посухе надодааст. Онҳо танҳо даъват карданд, ки мушкилоти умумии силоҳи ҳастаии ғайристратегиро сарфи назар аз ҷойгиршавии онҳоро баррасӣ намоем, гуфт ӯ.17 декабри соли 2021 Вазорати умури хориҷии Русия лоиҳаи созишномаҳои Русияро дар бораи кафолатҳои амнияте, ки Маскав аз Вашингтон ва НАТО интизор аст, нашр кард.Созишномаҳо бо Иёлоти Муттаҳида ва аъзои паймон, аз ҷумла манъи васеъшавии НАТО ба Шарқ ва инчунин пайвастани Украина ба ин созмонро дар бар мегирифт. Ғайр аз ин созишномаҳо маҳдудиятҳои силоҳи ҳастаиро дар бар мегиранд.
https://sputnik.tj/20220301/peskov-tashabbus-barkanorsozii-mukholifon-ukraina-1046394807.html
https://sputnik.tj/20220301/shoygu-amaliyot-artis-rusiya-1046389234.html
аврупо
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045857993_140:0:2871:2048_1920x0_80_0_0_ea39ef1cf8bc824b0e300cec516ffde8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, сергей лавров, силоҳи ҳастаӣ, аврупо, има, баргардонидан
русия, сергей лавров, силоҳи ҳастаӣ, аврупо, има, баргардонидан
Лавров: Вақти ба ИМА баргардондани силоҳҳои ҳастаии мустақар дар Аврупо расид
Вазири умури хориҷии Русия дар бораи силоҳҳои ҳастаии Амрико дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Силоҳи ҳастаии Амрико аз кишварҳои Аврупо бояд ба ИМА баргардонда шавад, гуфт Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар конфронси халъи силоҳ дар Женева.
"Барои мо қобили қабул нест, ки бар хилофи Созишномаи манъи густариши силоҳи ҳастаӣ то ҳол силоҳи ҳастаии Иёлоти Муттаҳида дар қаламрави як қатор кишварҳои Аврупо мавҷуд аст",- гуфт Лавров.
Ба гуфтаи вазири хориҷаи Русия, ба сабаби мавҷуд будани силоҳи ҳастаии ИМА дар Аврупа, “амалиётҳои бадрафторонаи муштараки ҳастаӣ бо иштироки кишварҳои НАТО, ки силоҳи ҳастаи надоранд”, боқӣ мемонад.
Лавров таъкид кард, ки чунин амалиётҳо ба таҳияи нақшаи истифодаи силоҳи ҳастаӣ бар зидди Русия мусоидат мекунанд.
“Вақти он расидааст, ки силоҳи ҳастаии Амрико ба Ватанаш баргардад ва инфрасохтори онҳо дар Аврупо комилан аз байн бурда шаванд”, - гуфт вазири умури хориҷии Русия.
Ба гуфтаи оқои Лавров, Русия ҳамеша аз рӯи принсипе, ки “дар ҷанги ҳастаӣ ғолиб касе наметавонад бошад ва он ҳеҷ гоҳ бояд оғоз нашавад", амал мекунад.
Вазири рус қайд кард, ки ин принсип дар изҳороти муштараки сарони Русия ва Иёлоти Муттаҳида аз 16 июни соли 2021 ва дар изҳороти муштараки сарони давлатҳои Русия ва Чин аз 28 июни соли 2021 таъкид шудааст.
“Муҳим аст, ки бо ташаббус ва иштироки Русия 3 январ изҳороти муштараки раҳбарони панҷ кишвари абарқудрати ҳастаӣ дар бораи пешгирии ҷанги ҳастаӣ ва ҷилавгирӣ аз мусобиқаи таслиҳотӣ таҳия ва қабул карда шуд”, - афзуд Лавров.
Маълум аст, ки вақте Москав ба ҷавоби тарафи Амрико дар бораи кафолати амниятӣ вокуниш нишон дод, Амрико ба пешниҳоди Русия дар бораи баргардондани силоҳи ҳастаӣ ба минтақаи худ посухе надодааст. Онҳо танҳо даъват карданд, ки мушкилоти умумии силоҳи ҳастаии ғайристратегиро сарфи назар аз ҷойгиршавии онҳоро баррасӣ намоем, гуфт ӯ.
17 декабри соли 2021 Вазорати умури хориҷии Русия лоиҳаи созишномаҳои Русияро дар бораи кафолатҳои амнияте, ки Маскав аз Вашингтон ва НАТО интизор аст, нашр кард.
Созишномаҳо бо Иёлоти Муттаҳида ва аъзои паймон, аз ҷумла манъи васеъшавии НАТО ба Шарқ ва инчунин пайвастани Украина ба ин созмонро дар бар мегирифт. Ғайр аз ин созишномаҳо маҳдудиятҳои силоҳи ҳастаиро дар бар мегиранд.