https://sputnik.tj/20220301/peskov-tashabbus-barkanorsozii-mukholifon-ukraina-1046394807.html
Шарҳи Песков дар бораи ташаббуси барканорсозии мухолифони амалиёт дар Украина аз мақом
Шарҳи Песков дар бораи ташаббуси барканорсозии мухолифони амалиёт дар Украина аз мақом
Sputnik Тоҷикистон
Кремл аз ташаббуси вакилони Думаи давлатӣ дар мавриди барканор кардани мақомдорони мухолифи амалиёти вижаи Русия дар Украина изҳори бехабарӣ кард
2022-03-01T18:35+0500
2022-03-01T18:35+0500
2023-10-02T17:10+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
дмитрий песков
амалиёт
низомӣ
кремл
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/08/1035116598_0:0:3164:1781_1920x0_80_0_0_255084f4c9f478fd30a43e9c57448dbf.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия мегӯяд, дар Кремл аз пешниҳоди вакилони Думаи давлатӣ дар бораи барканорсозии мухолифони амалиёти низомӣ дар Украина хабар надоранд. "Ростӣ, аз чунин ташаббуси вакилони Думаи давлатӣ хабар надорам", - овардааст РИА "Новости" аз қавли сухангӯи раисҷумҳури Русия. Қаблан вакили Думаи давлатӣ Султон Ҳамзаев аз ҳизби ҳукмрони "Русияи воҳид" изҳор дошт, тарафдори барканории мақомдороне мебошад, ки мухолифи амалиёти низомӣ дар Украина мебошанд. Ҳамзаев таъкид намудааст, ки чунин мухолифин бояд аз вазифаҳояшон дар мақомот, ширкатҳои давлатӣ сабукдӯш шаванд. Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро "ҳимояти мардуме, ки тӯли 8 сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд", унвон кард. Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина", таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд. Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад. Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд. Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд. Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20220301/shoygu-amaliyot-artis-rusiya-1046389234.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/08/1035116598_433:0:3164:2048_1920x0_80_0_0_798fd1b3edfbd72fa5da1480befe90d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кремл, барканорӣ, мухолифин, амалиёт, низомӣ
кремл, барканорӣ, мухолифин, амалиёт, низомӣ
Шарҳи Песков дар бораи ташаббуси барканорсозии мухолифони амалиёт дар Украина аз мақом
18:35 01.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 02.10.2023) Кремл аз ташаббуси вакилони Думаи давлатӣ дар мавриди барканор кардани мақомдорони мухолифи амалиёти вижаи Русия дар Украина изҳори бехабарӣ кард
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия мегӯяд, дар Кремл аз пешниҳоди вакилони Думаи давлатӣ дар бораи барканорсозии мухолифони амалиёти низомӣ дар Украина хабар надоранд.
"Ростӣ, аз чунин ташаббуси вакилони Думаи давлатӣ хабар надорам", - овардааст РИА "Новости" аз қавли сухангӯи раисҷумҳури Русия.
Қаблан вакили Думаи давлатӣ Султон Ҳамзаев аз ҳизби ҳукмрони "Русияи воҳид" изҳор дошт, тарафдори барканории мақомдороне мебошад, ки мухолифи амалиёти низомӣ дар Украина мебошанд. Ҳамзаев таъкид намудааст, ки чунин мухолифин бояд аз вазифаҳояшон дар мақомот, ширкатҳои давлатӣ сабукдӯш шаванд.
Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро "ҳимояти мардуме, ки тӯли 8 сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд", унвон кард. Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина", таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ”-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад. Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия.
Дар рӯзи панҷшанбеи 28 феврал ҳайатҳои Русия ва Украина дар вилояти Гомели Беларус музокирае баргузор карданд. Он панҷ соат тӯл кашид. Тавре ёвари раисҷумҳури Русия Владимир Мединский гуфт, тарафайн кулли дастури корро баррасӣ ва нукотеро барои пешбинии мавозеи муштарак пайдо карданд. Дидори баъдии ҳайатҳои русӣ ва украинӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон баргузор мешавад.