https://sputnik.tj/20220301/khashmi-saghoi-besohib-sugd-zakhmiu-siroyatshavi-1046393432.html
Хашми сагҳои бесоҳиб дар Суғд: беш аз чор ҳазор захмию се ҳолати сироят ба ҳорӣ
Хашми сагҳои бесоҳиб дар Суғд: беш аз чор ҳазор захмию се ҳолати сироят ба ҳорӣ
Sputnik Тоҷикистон
Давоми як соли охир 4190 сокини Суғд аз ҳамлаи сагҳои бесоҳиб ва дигар ҳайвоноти ваҳшӣ осеб бардоштаанд. Се ҳолати бемории ҳорӣ (девонагӣ) ба қайд гирифта шудааст
2022-03-01T18:00+0500
2022-03-01T18:00+0500
2022-03-01T19:23+0500
дар тоҷикистон
саг
суғд
сироят
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101698/03/1016980303_0:0:1510:850_1920x0_80_0_0_6f71afaf83eb7cbfe8e465caebfd9e4b.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Дар ин бора аз Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.Таҳмина Усмонова, сардори МНДСЭ вилояти Суғд дар шарҳи ин омор гуфт, чунин ҳолот аз ҳисоби ҳайвоноти бесоҳиб дар соли 2021 ба 352 маврид зиёд ба қайд гирифта шудааст.Сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд мегӯяд, сокинон асосан аз ҳисоби ҳамлаи сагҳои бесоҳиб захмӣ шудаанд. Чунин ҳодисаҳо асосан дар ноҳияҳои Ашт, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Спитамен ва шаҳрҳои Конибодом, Хуҷанд, Гулистон зиёд ба қайд гирифта шудааст.Бар пояи иттилои манбаъ, дар пайи ҳамлаи ҳайвоноти ваҳшӣ се мавриди бемории ҳорӣ дар миёни сокинони ин вилоят низ сабт шудааст.Масъулони идораи беҳдоштӣ гуфтанд, ки дар пайи ёфт шудани бемории ҳорӣ комиссияи фавқуллодаи зиддиэпидемикӣ бо иштироки роҳбарони баландмақомои ҳукумат ташкил шуд ва масъулони соҳа барои огоҳ кардани мардум аз паёмади ин беморӣ ба шаҳру навоҳии Суғд сафар карданд.Соли гузашта дар пайи зиёд шудани мавридҳои захмбардорӣ аз сагҳо дар Суғд 4149 саги бесоҳиб аз сӯйи кормандони идораи хоҷагию манзилӣ нобуд карда шудааст.
https://sputnik.tj/20220225/vazi-buhroni-shubahoi-pochtai-tojik-sugd-1046283457.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101698/03/1016980303_100:0:1344:933_1920x0_80_0_0_9bf8e9a729b5db4640f8d6bea06aa815.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, саг, сироят, сагҳои дайду
тоҷикистон, суғд, саг, сироят, сагҳои дайду
Хашми сагҳои бесоҳиб дар Суғд: беш аз чор ҳазор захмию се ҳолати сироят ба ҳорӣ
18:00 01.03.2022 (Навсозишуда: 19:23 01.03.2022) Давоми як соли охир 4190 сокини Суғд аз ҳамлаи сагҳои бесоҳиб ва дигар ҳайвоноти ваҳшӣ захм бардоштаанд. Се ҳолати бемории ҳорӣ (девонагӣ) ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Дар ин бора аз Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Таҳмина Усмонова, сардори МНДСЭ вилояти Суғд дар шарҳи ин омор гуфт, чунин ҳолот аз ҳисоби ҳайвоноти бесоҳиб дар соли 2021 ба 352 маврид зиёд ба қайд гирифта шудааст.
“Агар соли 2020 ҳамагӣ 3838 нафар аз ҳамлаи ҳайвонот захмӣ шуда бошанд, соли 2021, мутаассифона, ин омор ба 4190 ҳолат баробар шудааст. Аз ин шумор дараҷаи ҷароҳати беш аз 30% аз сокинон вазнин арзёбӣ шудааст”, – зикр кард Усмонова.
Сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии Суғд мегӯяд, сокинон асосан аз ҳисоби ҳамлаи сагҳои бесоҳиб захмӣ шудаанд. Чунин ҳодисаҳо асосан дар ноҳияҳои Ашт, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Спитамен ва шаҳрҳои Конибодом, Хуҷанд, Гулистон зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Бар пояи иттилои манбаъ, дар пайи ҳамлаи ҳайвоноти ваҳшӣ се мавриди бемории ҳорӣ дар миёни сокинони ин вилоят низ сабт шудааст.
“Гирифторӣ ба бемории ҳорӣ се ҳолат ва дар ноҳияҳои Ашт, Мастчоҳ ва шаҳри Конибодом ба қайд гирифта шудааст” – иброз намуд, сардори МНДСЭ Суғд.
Масъулони идораи беҳдоштӣ гуфтанд, ки дар пайи ёфт шудани бемории ҳорӣ комиссияи фавқуллодаи зиддиэпидемикӣ бо иштироки роҳбарони баландмақомои ҳукумат ташкил шуд ва масъулони соҳа барои огоҳ кардани мардум аз паёмади ин беморӣ ба шаҳру навоҳии Суғд сафар карданд.
Соли гузашта дар пайи зиёд шудани мавридҳои захмбардорӣ аз сагҳо дар Суғд 4149 саги бесоҳиб аз сӯйи кормандони идораи хоҷагию манзилӣ нобуд карда шудааст.