https://sputnik.tj/20220225/vazi-buhroni-shubahoi-pochtai-tojik-sugd-1046283457.html
Фаъолияти зиёновар: вазъи буҳронии шуъбаҳои “Почтаи тоҷик” дар навоҳии Суғд
Фаъолияти зиёновар: вазъи буҳронии шуъбаҳои “Почтаи тоҷик” дар навоҳии Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Фаъолияти нуҳ маркази алоқаи почтавӣ дар шаҳру навоҳии Суғд ба буҳрон рӯ ба рӯ шудаанд
2022-02-25T19:35+0500
2022-02-25T19:35+0500
2022-02-25T20:40+0500
дар тоҷикистон
"почтаи тоҷик"
буҳрон
суғд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102616/96/1026169661_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_07c7d795321671365ff48f283e140ec9.jpg
ДУШАНБЕ, 25 фев – Sputnik. Масъулони “Почтаи тоҷик” дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ дар бораи ин мушкили ба вуҷудомада изҳори назар намуданд. Маннон Юсуфов, сардори “Почтаи тоҷик” дар Суғд гуфт, аз 18 маркази алоқа дар шаҳру навоҳии ин вилоят 50 дарсади онҳо фаъолияти зиёновар доштаанд.“Ин марказҳо 9-то буда, дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Гулистон, Айнӣ, Деваштич, Мастчоҳ, Бӯстон ва Ҷаббор Расулованд, ки фаъолияташон зиёновар аст. Дар асоси мактуби Хадамоти алоқа дар бораи муттамаркиз намудани марказҳои почтавии зиёновар суратҳисоби онҳо баста шудааст” – гуфт, Юсуфов.Ин масъули “Почтаи тоҷик” дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, қаблан қабули маблағи обу барқ яке аз василаҳои гардон дар марказҳои алоқаи почтавӣ маҳсуб мешуд, вале баъди ба ихтиёри шуъбаҳои “Амонатбонк” гузаштани ин намуди хидматрасонӣ кори марказҳои ин идораи давлатӣ дар навоҳии Суғд ба буҳрон дучор гардид.“Ба мо аз буҷет маблағ ҷудо карда намешавад, кору хидматрасониҳое, ки марказҳои почта анҷом медоданд, ба шуъбаҳои “Амонатбонк” гузаронида шуд. Ҳоло дар ихтиёри мо танҳо ҷамъоварӣ ва интиқоли маблағи обунаи ҳафтаномаву маҷаллаҳо боқӣ мондааст” - гуфт сардори “Почтаи тоҷик”.Бар пояи иттилои ин ниҳод, ҳоло дар маҷмуъ дар 18 маркази алоқа дар Суғд, 166 шуъба фаъол буда, аз ин теъдод фаъолияти 92-тои онҳо ва ё нисф зиёди шуъбаҳо зиёновар арзёбӣ мешаванд.Масъулин танҳо фаъолияти 74 шуъбаи алоқаи почтавиро фоидаовар медонанд. Роҳбарони “Почтаи тоҷик” мегӯянд, баъзе аз шуъбаҳои ин ширкат ба дараҷае дучори буҳрон шудаанд, ки даромади фаъолияташон ба пардохти хароҷотҳои ҷории онҳо, аз ҷумла пардохти сарфаи маблағи обу барқ ва музди маоши корманду маблағи андоз кифоят намекунад.Маннон Юсуфов гуфт, бо ин вуҷуд соли гузашта ҳеҷ корманд аз кор озод карда нашуда, балки сари вақт маоши онҳо аз ҳисоби шуъбаҳои марказонидашуда пардохт карда мешавад. КВД “Почтаи тоҷик”, ки ширкати давлатии муросилотӣ маҳсуб мешавад, дар вилояти Суғд беш аз 300 хаткашу корманди техникиву идорӣ дорад. Юсуфов иброз намуд, ки гарон шудани нархи маводи сӯхт дар кишвар ба фаъолияти онҳо низ зарбаи иқтисодӣ зад.“Давоми соли гузошата нархи бензину газ ва сӯзишвории дизелӣ аз 7 то ба 11 сомонӣ дакка хӯрд. Дар пайи ин ҳол нархи борбарӣ ва мусофирбарӣ низ боло рафт. Барои мисол, агар бор аз Душанбе бо 30 дирам интиқол дода мешуд, ҳоло 50 дирам шудааст. Ҳол он ки барои расонидани як мактуб то Кӯҳистони Мастчоҳ 30-40 дирам ҳаққи хидмат мегирем”, - гуфт ин мақоми “Почтаи тоҷик” дар Суғд.Дучор шудан ба ҳолати ногувори иқтисодӣ ин ширкати давлатиро водор намудааст, ки ба ҳукумат ва ширкати "Барқи тоҷик" дар бораи дубора ба ихтиёраш вогузор намудани баъзе намуди хизматрасониҳо муроҷиат намудааст.Дар шароити фаъол шудани ширкатҳое ба мисли “Почтаи аср” боз ҳам майдони фаъолияти ин ширкати давлатии муросилотиро тангтар мекунанд. Роҳбарони “Почтаи тоҷик” сабаби дер расидани мактуб ба суроғаҳои дархостшударо ба куҳнаву фарсуда гардидани нақлиёти хидматии ин ширкат рабт медиҳанд.
https://sputnik.tj/20220131/faoliyati-shirkat-bozori-aloqa-daromad-1045346974.html
https://sputnik.tj/20220131/internet-pastsifat-khadamot-atoev-shokoyat-1045346421.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102616/96/1026169661_455:0:3186:2048_1920x0_80_0_0_05d43a1f3f5a4c75f91449e6aaab8985.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, почта, вазъ, буҳронӣ, суғд
тоҷикистон, почта, вазъ, буҳронӣ, суғд
Фаъолияти зиёновар: вазъи буҳронии шуъбаҳои “Почтаи тоҷик” дар навоҳии Суғд
19:35 25.02.2022 (Навсозишуда: 20:40 25.02.2022) Фаъолияти нуҳ маркази алоқаи пустӣ дар шаҳру навоҳии Суғд ба буҳрон рӯ ба рӯ шудаанд
ДУШАНБЕ, 25 фев – Sputnik. Масъулони “Почтаи тоҷик” дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ дар бораи ин мушкили ба вуҷудомада изҳори назар намуданд. Маннон Юсуфов, сардори “Почтаи тоҷик” дар Суғд гуфт, аз 18 маркази алоқа дар шаҳру навоҳии ин вилоят 50 дарсади онҳо фаъолияти зиёновар доштаанд.
“Ин марказҳо 9-то буда, дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Гулистон, Айнӣ, Деваштич, Мастчоҳ, Бӯстон ва Ҷаббор Расулованд, ки фаъолияташон зиёновар аст. Дар асоси мактуби Хадамоти алоқа дар бораи муттамаркиз намудани марказҳои почтавии зиёновар суратҳисоби онҳо баста шудааст” – гуфт, Юсуфов.
Ин масъули “Почтаи тоҷик” дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, қаблан қабули маблағи обу барқ яке аз василаҳои гардон дар марказҳои алоқаи почтавӣ маҳсуб мешуд, вале баъди ба ихтиёри шуъбаҳои “Амонатбонк” гузаштани ин намуди хидматрасонӣ кори марказҳои ин идораи давлатӣ дар навоҳии Суғд ба буҳрон дучор гардид.
“Ба мо аз буҷет маблағ ҷудо карда намешавад, кору хидматрасониҳое, ки марказҳои почта анҷом медоданд, ба шуъбаҳои “Амонатбонк” гузаронида шуд. Ҳоло дар ихтиёри мо танҳо ҷамъоварӣ ва интиқоли маблағи обунаи ҳафтаномаву маҷаллаҳо боқӣ мондааст” - гуфт сардори “Почтаи тоҷик”.
Бар пояи иттилои ин ниҳод, ҳоло дар маҷмуъ дар 18 маркази алоқа дар Суғд, 166 шуъба фаъол буда, аз ин теъдод фаъолияти 92-тои онҳо ва ё нисф зиёди шуъбаҳо зиёновар арзёбӣ мешаванд.
Масъулин танҳо фаъолияти 74 шуъбаи алоқаи почтавиро фоидаовар медонанд. Роҳбарони “Почтаи тоҷик” мегӯянд, баъзе аз шуъбаҳои ин ширкат ба дараҷае дучори буҳрон шудаанд, ки даромади фаъолияташон ба пардохти хароҷотҳои ҷории онҳо, аз ҷумла пардохти сарфаи маблағи обу барқ ва музди маоши корманду маблағи андоз кифоят намекунад.
Маннон Юсуфов гуфт, бо ин вуҷуд соли гузашта ҳеҷ корманд аз кор озод карда нашуда, балки сари вақт маоши онҳо аз ҳисоби шуъбаҳои марказонидашуда пардохт карда мешавад. КВД “Почтаи тоҷик”, ки ширкати давлатии муросилотӣ маҳсуб мешавад, дар вилояти Суғд беш аз 300 хаткашу корманди техникиву идорӣ дорад. Юсуфов иброз намуд, ки гарон шудани нархи маводи сӯхт дар кишвар ба фаъолияти онҳо низ зарбаи иқтисодӣ зад.
“Давоми соли гузошата нархи бензину газ ва сӯзишвории дизелӣ аз 7 то ба 11 сомонӣ дакка хӯрд. Дар пайи ин ҳол нархи борбарӣ ва мусофирбарӣ низ боло рафт. Барои мисол, агар бор аз Душанбе бо 30 дирам интиқол дода мешуд, ҳоло 50 дирам шудааст. Ҳол он ки барои расонидани як мактуб то Кӯҳистони Мастчоҳ 30-40 дирам ҳаққи хидмат мегирем”, - гуфт ин мақоми “Почтаи тоҷик” дар Суғд.
Дучор шудан ба ҳолати ногувори иқтисодӣ ин ширкати давлатиро водор намудааст, ки ба ҳукумат ва ширкати "Барқи тоҷик" дар бораи дубора ба ихтиёраш вогузор намудани баъзе намуди хизматрасониҳо муроҷиат намудааст.
Дар шароити фаъол шудани ширкатҳое ба мисли “Почтаи аср” боз ҳам майдони фаъолияти ин ширкати давлатии муросилотиро тангтар мекунанд. Роҳбарони “Почтаи тоҷик” сабаби дер расидани мактуб ба суроғаҳои дархостшударо ба куҳнаву фарсуда гардидани нақлиёти хидматии ин ширкат рабт медиҳанд.