https://sputnik.tj/20220301/bonkscho-tojikiston-qurb-rubl-tayin-1046368309.html
Дар бонкҳои Тоҷикистон қурби ҳайратангези рубл таъйин шуд
Дар бонкҳои Тоҷикистон қурби ҳайратангези рубл таъйин шуд
Sputnik Тоҷикистон
Коҳиши пули русӣ дар бонҳои Тоҷикистон идома дошта, 1000 рубл то марзи 100 сомонӣ расидааст
2022-03-01T09:35+0500
2022-03-01T09:35+0500
2022-03-01T11:56+0500
қурби асъор
бонки миллӣ
дар тоҷикистон
иқтисод
рубл
доллар
евро
сомонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039100993_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_1f01848beac926686cd6b8bff469dc53.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар авохири моҳи феврал ва ҳамакнун аввали март қурби рубл дар баробари пули миллии Тоҷикистон ба таври ҳайратангез поин рафтааст.БМТ қурби ҳаррӯзаи асъорро бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ муқаррар мекунад.Ҳамин тавр, тибқи нишондоди БМ, рӯзи 1-уми март қурби рубл то 128 сомонӣ барои 1000 рубл поин рафт.Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба як рӯз қабл ҳашт сомонӣ камтар аст.Дар ҳамин ҳол бонкҳои тиҷории Тоҷикистон қурби рублро дар поинтарин нишондод тайи солҳои охир муқаррар кардаанд."Ориёнбонк" яке аз бонкҳои низомсози Тоҷикистон қурби рублро поинтар аз дигарон қарор додааст.Бар асоси нархномаи асъор, ки дар сомонаи "Ориёнбонк" нашр шудааст, қурби 1 ҳазор рубл зимни харид 100 сомонӣ муқаррар гардидааст. Фурӯши 1000 рубл дар ҳадди 125 сомонӣ нархгузорӣ шудааст."Алифбонк" низ қурби рубли русиро зимни харид 107 сомонӣ ва зимни фурӯш 112 сомонӣ муқаррар намудааст. Арзиши харидуфурӯши 1 ҳазор рубл дар бонки "Эсхата" низ мутаносибан муодили 102 ва 136 сомонӣ мебошад.Дар ҳамин ҳол дар Бонки "Эсхата" бар ивази 1000 рубл 107 ва дар "Спитаменбонк" бошад, 110 сомонӣ медиҳанд.Дар мавриди қурби пули амрикоӣ бошад, дар ҷумҳурӣ он мисли пештара дар сатҳи 11,30 сомонӣ барои як доллар қарор дорад. Пули аврупоӣ дар ҳоли шинокунанда, дар ҳудуди 12,67 сомонӣ барои як евро қарор дорад.
https://sputnik.tj/20220228/global-times-qati-rusiya-az--swift-margi-dollar-ast-1046363311.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039100993_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_a5c60cb3850b3d1a24b79ac436dfc73c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бонкҳо тоҷикистон қурб рубл доллар евро сомонӣ
бонкҳо тоҷикистон қурб рубл доллар евро сомонӣ
Дар бонкҳои Тоҷикистон қурби ҳайратангези рубл таъйин шуд
09:35 01.03.2022 (Навсозишуда: 11:56 01.03.2022) Коҳиши пули русӣ дар бонкҳои Тоҷикистон идома дошта, қимати 1000 рубл то марзи 100 сомонӣ расидааст
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар авохири моҳи феврал ва ҳамакнун аввали март қурби рубл дар баробари пули миллии Тоҷикистон ба таври ҳайратангез поин рафтааст.
БМТ қурби ҳаррӯзаи асъорро бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ муқаррар мекунад.
Ҳамин тавр, тибқи нишондоди БМ, рӯзи 1-уми март қурби рубл то 128 сомонӣ барои 1000 рубл поин рафт.
Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба як рӯз қабл ҳашт сомонӣ камтар аст.
Дар ҳамин ҳол бонкҳои тиҷории Тоҷикистон қурби рублро дар поинтарин нишондод тайи солҳои охир муқаррар кардаанд.
"Ориёнбонк" яке аз бонкҳои низомсози Тоҷикистон қурби рублро поинтар аз дигарон қарор додааст.
Бар асоси нархномаи асъор, ки дар сомонаи "Ориёнбонк" нашр шудааст, қурби 1 ҳазор рубл зимни харид 100 сомонӣ муқаррар гардидааст. Фурӯши 1000 рубл дар ҳадди 125 сомонӣ нархгузорӣ шудааст.
"Алифбонк" низ қурби рубли русиро зимни харид 107 сомонӣ ва зимни фурӯш 112 сомонӣ муқаррар намудааст. Арзиши харидуфурӯши 1 ҳазор рубл дар бонки "Эсхата" низ мутаносибан муодили 102 ва 136 сомонӣ мебошад.
Дар ҳамин ҳол дар Бонки "Эсхата" бар ивази 1000 рубл 107 ва дар "Спитаменбонк" бошад, 110 сомонӣ медиҳанд.
Дар мавриди қурби пули амрикоӣ бошад, дар ҷумҳурӣ он мисли пештара дар сатҳи 11,30 сомонӣ барои як доллар қарор дорад.
Пули аврупоӣ дар ҳоли шинокунанда, дар ҳудуди 12,67 сомонӣ барои як евро қарор дорад.