Ӯзбекистон дар робита ба амалиёти низомии Русия дар Украина мавқеяшро гуфт

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкСитуация на границе Крыма с Украиной
Ситуация на границе Крыма с Украиной - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Обуна шудан
Як сиёсатмадори воломақоми Ӯзбекистон дар бораи мавқеи ин кишвар дар мавриди иқдомоти Маскав алайҳи Киев сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Мақомоти Ӯзбекистон дар мавриди амалиёти низомии Русия дар Украина мавзеъгирӣ карданд.
Ба гуфтаи котиби матбуотии президенти ин кишвар Шерзод Асадов, Тошканд мавқеи мутавозин ва бетарафро ишғол мекунад.
Вай афзуд, Ӯзбекистон ҳам бо Русия ва ҳам бо Украина равобити наздик дорад ва ба таъмини сулҳ дар минтақа манфиатдор аст.

"Ҳамаи баҳсҳо ва ихтилофоти ба миёномада бояд танҳо дар асоси қонунҳои байналмилалӣ ҳал шаванд",- навишт Шерзод Асадов дар канали "Telegram"-и худ.

Қаблан раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев барои баррасии авзоъ дар Украина ва амалиёти вижаи низомии Федератсияи Русия суҳбати телефонӣ карда буданд.
Раҳбари Ӯзбекистон пас аз шунидани сабабҳо ва зарурати ин тадбирҳо аз ҷониби Маскав изҳори умедворӣ кард, ки ҷонибҳо роҳҳои қобилиқабули ҳалли низоъ ва ҷилавгирӣ аз ташдиди минбаъдаи онро пайдо мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Русия амалиёти вижаи низомиро дар Украина идома медиҳад.
Қарори баргузории онро рӯзи 24 феврал Путин қабул кард. Вай изҳор дошт, ки вазъият "аз мо чораҳои фаврӣ талаб мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс кумак хостаанд".
Президент Сирии Башар Асад. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Сурия омодааст, ҶХД ва ҶХЛ -ро эътироф кунад
Ба гуфтаи раҳбари Русия, масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд. Ӯ аз низомиёни кишвари ҳамсояаш хост, ки дастурҳои мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳ ба замин гузоранд ва ба хона баргарданд.
Амалиёти махсус, тибқи моддаи 51, қисми 7, Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, бо ризоияти Шӯрои Федератсия ва бо иҷрои шартномаҳои дӯстӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ бо ҶМД ва ҶМЛ гузаронида мешавад.
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия шаҳрҳои Украинаро ҳадаф қарор намедиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0