https://sputnik.tj/20220228/suriya-jkhd-va-jkhl-etirof-1046338979.html
Сурия омодааст, ҶХД ва ҶХЛ -ро эътироф кунад
Сурия омодааст, ҶХД ва ҶХЛ -ро эътироф кунад
Sputnik Тоҷикистон
Мушовири президенти Сурия мегӯяд, омода аст ҶХД ва ҶХЛ -ро эътироф кунад ва аз таҳримоти нав ҳарос надорад
2022-02-28T14:15+0500
2022-02-28T14:15+0500
2023-10-02T17:09+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
ҷмл
ҷмд
сурия
дар русия
истиқлол
эътироф
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103019/58/1030195824_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_942efba8e89370dbad428ab16c9c1e94.jpg
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Димишқ аз таҳримҳои эҳтимолии Ғарб дар робита ба тасмими ин кишвар ҷиҳати ба расмият шинохтани ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск наметарсад.Дар ин бора мушовири вижаи раисҷумҳури Сурия Луна Шибл дар мусоҳиба бо РИА "Новости" иттилоъ додааст.Ба қавли Шибл, фишори таҳримҳо Сурияро маҷбур намекунад, ки аз мавқеи принсипиалиаш даст кашад. "Дар мавриди тарси мо аз таҳримҳои изофӣ: таҳримҳо алайҳи Сурия аз солҳои 70-уми асри гузашта ҷорӣ шуда ва ҳатто вақте ки равобит бо Ғарб беҳбуд ёфт, ин таҳримҳо лағв нашуданд. Имрӯз таҳримот алайҳи бисёр соҳаҳо татбиқ мешаванд, агар мо аз онҳо метарсидем, бисёре аз қарорҳои қабулкардаамонро қабул намекардем. Санксияҳо, таърихан ва ҳоло ҳам натавонистанд моро маҷбур созанд, ки аз принсипҳо ва эътиқодҳоямон даст кашем", - гуфт ӯ.Мушовири раҳбари Сурия ёдовар шуд, ки Димишқ ду моҳ пеш дар ҷараёни боздиди як ҳайати парлумонии Русия, ки ба ҳайати он намояндагони ҶХД шомил буданд, омодагии худро барои эътирофи ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск эълом карда буд.Вазъият дар Донбасс дар рӯзҳои ахир муташанниҷ шуд. Ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск аз ҳамлаи зиёди нерӯҳои амниятии Украина хабар додаанд. Раҳбарияти ҶХД ва ҶХЛ аз беруноварии муваққати шаҳрвандон ба вилояти Ростов дар робита ба таҳдиди таҷовуз аз Украина гуфтанд.Пеш аз ҳама занон, кӯдакон ва пиронсолон ба макони амн кӯчонида шуданд. Раҳбари ҶХД Денис Пушилин гуфт, раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский метавонад ба зудӣ ба низомиён амр диҳад, ки ба ҳамла гузашта, нақшаи ҳамла ба ҶХД ва ҶХЛ-ро амалӣ созанд. 19 феврал роҳбарони ҶХД ва ҶХЛ аз раҳбари Русия даъват карданд, ки истиқлоли онҳоро эътироф кунад.Владимир Путин 21 феврал дар як паёми телевизионӣ гуфт, зарур мешуморад, ки соҳибихтиёрии ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск фавран эътироф карда шавад. Вай қайд кард, ки ҷаҳон тарҷеҳ медиҳад, ки даҳшат ва наслкушӣ дар Донбассро мушоҳида накунад, рӯзе нест, ки тирборон ва кушта шудани мардуми осоишта сурат нагирад ва муҳосираҳо қатъ намешаванд. Баъдан Путин дастур дод, ки аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи Русия сулҳ дар ҶХД ва ҶХЛ таъмин карда шавад.
https://sputnik.tj/20220226/abkhaziston-jkhd-va-jkhl-etirof-1046296386.html
ҷмл
сурия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103019/58/1030195824_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_69b806d360749c5591f96a11b8334e85.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сӯхтор, муҳоҷирон, екатеринбург
сӯхтор, муҳоҷирон, екатеринбург
Сурия омодааст, ҶХД ва ҶХЛ -ро эътироф кунад
14:15 28.02.2022 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Мушовири президенти Сурия мегӯяд, ин кишвар омодааст, ҶХД ва ҶХЛ-ро ба расмият бишносад ва аз таҳримоти нав ҳарос надорад
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Димишқ аз таҳримҳои эҳтимолии Ғарб дар робита ба тасмими ин кишвар ҷиҳати ба расмият шинохтани ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск наметарсад.
Дар ин бора мушовири вижаи раисҷумҳури Сурия Луна Шибл дар мусоҳиба бо РИА "Новости" иттилоъ додааст.
Ба қавли Шибл, фишори таҳримҳо Сурияро маҷбур намекунад, ки аз мавқеи принсипиалиаш даст кашад.
"Дар мавриди тарси мо аз таҳримҳои изофӣ: таҳримҳо алайҳи Сурия аз солҳои 70-уми асри гузашта ҷорӣ шуда ва ҳатто вақте ки равобит бо Ғарб беҳбуд ёфт, ин таҳримҳо лағв нашуданд. Имрӯз таҳримот алайҳи бисёр соҳаҳо татбиқ мешаванд, агар мо аз онҳо метарсидем, бисёре аз қарорҳои қабулкардаамонро қабул намекардем. Санксияҳо, таърихан ва ҳоло ҳам натавонистанд моро маҷбур созанд, ки аз принсипҳо ва эътиқодҳоямон даст кашем", - гуфт ӯ.
Мушовири раҳбари Сурия ёдовар шуд, ки Димишқ ду моҳ пеш дар ҷараёни боздиди як ҳайати парлумонии Русия, ки ба ҳайати он намояндагони ҶХД шомил буданд, омодагии худро барои эътирофи ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск эълом карда буд.
Вазъият дар Донбасс дар рӯзҳои ахир муташанниҷ шуд. Ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск аз ҳамлаи зиёди нерӯҳои амниятии Украина хабар додаанд.
Раҳбарияти ҶХД ва ҶХЛ аз беруноварии муваққати шаҳрвандон ба вилояти Ростов дар робита ба таҳдиди таҷовуз аз Украина гуфтанд.
Пеш аз ҳама занон, кӯдакон ва пиронсолон ба макони амн кӯчонида шуданд. Раҳбари ҶХД Денис Пушилин гуфт, раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский метавонад ба зудӣ ба низомиён амр диҳад, ки ба ҳамла гузашта, нақшаи ҳамла ба ҶХД ва ҶХЛ-ро амалӣ созанд.
19 феврал роҳбарони ҶХД ва ҶХЛ аз раҳбари Русия даъват карданд, ки истиқлоли онҳоро эътироф кунад.
Владимир Путин 21 феврал дар як паёми телевизионӣ гуфт, зарур мешуморад, ки соҳибихтиёрии ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск фавран эътироф карда шавад.
Вай қайд кард, ки ҷаҳон тарҷеҳ медиҳад, ки даҳшат ва наслкушӣ дар Донбассро мушоҳида накунад, рӯзе нест, ки тирборон ва кушта шудани мардуми осоишта сурат нагирад ва муҳосираҳо қатъ намешаванд.
Баъдан Путин дастур дод, ки аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи Русия сулҳ дар ҶХД ва ҶХЛ таъмин карда шавад.