Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Украина ба Ватан интиқол медиҳад

© AFP 2023 / YURIY DYACHYSHYNУкраинский флаг
Украинский флаг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон рӯйхати шаҳрвандони худро, ки мехоҳанд, қаламрави Украинаро тарк кунанд, тартиб медиҳад, феълан сафорат хатти тамосеро ба унвони телефони боварӣ фаъол кардааст
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Киев он шаҳрвандони кишварро, ки мехоҳанд, аз Украина ба Ватан бираванд, сабти ном мекунад.
Дар ин бора дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, дар робита ба ҳаводиси Украина ва "дар саросари кишвар ҷорӣ шудани ҳолати ҳарбӣ ва баста шудани марзҳои ҳавоӣ" Вазорати корҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони худ иттилоъ медиҳад, сафорати Тоҷикистон дар Украина рӯйхати шаҳрвандонеро, ки ният доранд, ки ба Ватан баргарданд, омода мекунанд.
Гуфта мешавад, аллакай беш аз 200 нафар дар рӯйхати сафорат ҳастанд, ва 76 нафари дигар ба Лаҳистон ва 45 нафари дигар ба Молдова рафтаанд. Дар ҳоли ҳозир шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз Украина ба Лаҳистон, Руминия ва Молдова барои 14 рӯз бидуни раводид сафар кунанд.
Дар маҷмуъ, ба гуфтаи намояндагии дипломатӣ, дар Украина ҳудуди 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебаранд. Аз ин теъдод 101 нафар донишҷӯянд.
Аз ҳамватаноне, ки дар қаламрави Украина мемонанд, даъват шудааст, ки эҳтиёткор бошанд ва ба талаботи мақомоти маҳаллӣ риоя кунанд.
Мигранты в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Ӯзбекистон шаҳрвандони худро аз Украина берун меорад: Тоҷикистон чӣ?
Ҳоло телефони боварии сафорати Тоҷикистон дар Киев шабонарӯзӣ бо рақами +3 80933361040 кор мекунад, ки тавассути он дипломатҳо сари вақт ба мардум дар масъалаи баргардонидани шаҳрвандон тавассути қаламравҳои кишварҳои сеюм маслиҳат медиҳанд.
Вазорат мегӯяд, дар сарҳади Украина - Лаҳистон 8 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ - Шегини, Рава-Русская, Ягодин, Устилуг, Краковетс, Угринов, Смолнитса ва Грушев амал мекунанд.
Дар сарҳади Украина ва Молдова бошад, 7 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, аз қабили Паланка-Маяки, Ҷурҷулешти-Рени, Вулканешти-Виноградовка, Мирное-Табаки, Чадир Лунга-Новие Торяни, Бессарабка-Серпневое ва Тудора-Староказаче фаъол мебошанд.
Улица Киева  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Тоҷикон дар Украина чӣ ҳол доранд? Сафорат барои онҳо хатти тамос фаъол кард
Дар сарҳади Украина ва Руминия 10 нақтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, аз ҷумла Ҷурҷулешти-Galati, Кагул-Oancea, Леушени-Албитса, Скулен-Яси, Костешти-Stinca, Крива-Мамалига, Ларга-Келменси, Бричани-Росошани, Окниса-Сокиряна ва Атаки-Могилёв-Подолский амал мекунанд.
Вазорати корҳои хориҷӣ тавзеҳ додааст, ки шаҳрвандон дар қаламрави Украина бояд талаботи ҳолати низомиро риоя кунанд ва агар имкон бошад, дар макони зисти худ бимонанд.
Лентаи хабарҳо
0