Тоҷикон дар Украина чӣ ҳол доранд? Сафорат барои онҳо хатти тамос фаъол кард

© REUTERS \ VALENTYN OGIRENKOУлица Киева
Улица Киева  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Обуна шудан
Феълан маълум нест, ки дар Украина чӣ теъдод аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба сар мебаранд
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар Украина феълан вазъ муташшаниҷ аст.
Субҳи рӯзи 24 феврал кишвардори Русия Владимир Путин дар як паёме аз тасмими худ дар мавриди оғози амалиёти низомӣ дар Донбасс хабар дод. Ҳоло дар Украина ҳолати ҷангӣ эълон шудааст.
Дар ҳамин ҳол Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ва ҳамзамон сафорати Тоҷикистон дар Украина ба тоҷикистониёне, ки дар қаламрави ин кишвар қарор доранд, муроҷиат намудаанд.
Министерство иностранных дел Таджикистана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дархости ВУХ Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш дар Украина: манзилҳоятонро тарк накунед
Дар муроҷиатномаи ин ду ниҳод аз шаҳрвандони Тоҷикистон дархост шудааст, ки дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи ситодҳои оперативиро қатъан риоя намоянд.
Илова бар ин аз онҳо дархост шудааст, ки "сабур бошед ва то ҳадди имкон аз манзилҳои худ берун наравед".
Сафорат теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Украинаро нагуфтааст, балки танҳо зикр намудааст, ки дар сурати пайдо шудани мушкилот аз тариқи хатти алоқаи доимӣ, рақами телефони +380933361040 муроҷиат кунанд.
Лентаи хабарҳо
0