Дар Суғд гази моеъ арзон шуд, вале нархи бензину сӯзишвории дизелӣ бетағйир монд

© Sputnik Цены на АЗС в Согде
Цены на АЗС в Согде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Обуна шудан
Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории вилояти Суғд арзиши гази моеъ дар муқоиса бо чанд рӯзи пеш каме поён рафтааст
ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Дар Суғд қимати гази моеъ андаке поин рафт, вале қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар НФС-ҳо чанд вақт аст, ки бетағйир боқӣ мондааст.
Ҳоло арзиши як литр гази моеъ дар шаҳру навоҳии Суғд қариб то 1 сомонӣ поён рафта, ба 6,2 ва дар баъзе аз ҷойҳо то 5,8 сомонӣ расидааст.
Ҳоло як литр сӯзишвории дизелӣ 10,5 сомонӣ, бензини навъи АИ 92 10,3 сомонӣ ва АИ 95 10, 8 сомонӣ аст.
Дар муқоиса ба ду моҳи пеш поёнравии нархи гази моеъ ба назар мерасад, аммо ин тафовут дар нархгузории бензину сӯзишвории дизелӣ мушоҳида намешавад.
Дар поёни соли 2021 дар нуқтаҳои чаканафурӯшии маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии Суғд арзиши сӯзишвории дизелӣ (солярка) 11, 5 сомонӣ, бензини навъи АИ 92 11,2, АИ 95 11,5 ва гази моеъ то ба 7,5 сомонӣ боло рафта буд.
Парламент Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2022
Иҷозати парлумон барои воридоти арзони озуқаю сӯзишворӣ
Фурӯшандаҳои маводи сӯхт ҳам мегӯянд, ҳоло раванди ба таври қобили мулоҳиза поёнравии нархи гази моеъ дар кишвар шуруъ шудааст.
Дилшод Ҷӯраев, як масъули нуқтаи таъминоти маводи сӯхт дар шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон сабаби поёнравии нархро шарҳ дод.
“Вақте мол бештар ба бозор арза шавад, табиист, ки нархи он поён меравад. Ҳоло гази моеъ аз кишвари Қазоқистон зиёд ворид шудааст ва барои он ки шумори мизоҷон зиёд шаванд, нарх поён бурда мешавад”, – гуфт фурӯшанда.
Ин ҳамсуҳбати мо дар шарҳи бетағйир мондани арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ гуфт, ин ду навъ маводи сӯхт ҳоло аз кишвари Русия ворид мешавад, харҷи воридкунии он нисбатан бештар аст.
Дар ҳамин ҳол баъзе аз коршиносон ба вазъи ин шабу рӯзи Русия ва Украина таъкид карда мегӯянд, эҳтимол арзиши бензин ва солярка боз ҳам тағйир ёбад.
Бензовоз на автомобильной дороге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2022
Гази моеъ дар Тоҷикистон боз арзон шуд
Оғози соли гузашта дар нуқтаҳои чаканафурӯшӣ қимати як литр гази моеъ ба 4,2 сомонӣ, бензин навъи АИ 92 ва сӯзишвории дизелӣ ба 6,5 сомонӣ баробар буд.
Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон бештар аз 60 дарсади воситаи нақлиёт тавассути гази моеъ ҳаракат мекунанд ва ронандаҳо сабаби инро ба вазъи иқтисодӣ рабт дода мегӯянд, ки ин навъ маводи сӯхт нисбат ба бензин арзонтар аст.
Дар Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷа, асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мешавад.
Лентаи хабарҳо
0