https://sputnik.tj/20220221/gaz-moe-tojikiston-arzon-1046089770.html
Гази моеъ дар Тоҷикистон боз арзон шуд
Гази моеъ дар Тоҷикистон боз арзон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар оғози ҳавтаи нав нархи гази моеъ дар кишвар, ки аксари ронандагон аз он истифода мекунанд, боз арзон шуд
2022-02-21T12:55+0500
2022-02-21T12:55+0500
2022-02-21T19:27+0500
дар тоҷикистон
гази моеъ
арзон
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102791/13/1027911379_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_2180781660969ffcbe4a65a4add47ebd.jpg
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон коҳиши нархи гази моеъ идома дорад.Дар ҳафтаи нав арзиши газ боз поин рафт. Ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши газ дар шимоли кишвар, дар вилояти Суғд 1 литр гази моеъро 6 сомонию 30 дирам мефурӯшанд.Ин дар ҳолест, ки дар оғози ҳафтаи қаблӣ қимати ин моддаи сӯхт 7 сомониву 80 дирам буд, аммо дар охири ҳафта то 6 сомониву 60 дирам поин рафт.Ба гуфтаи фурӯшандагон, қимати гази моеъ ба далели афзоиши тадриҷии воридот аз Ӯзбекистон ва Туркманистон поин меравад.Дар ҳамин ҳол Қазоқистон таъминкунандаи аслии маводи сӯхт ба Тоҷикистон боқӣ мемонад.Ҳанӯз маълум нест, ки нархи гази моеъ дар кишвар дар идома ба нишондиҳандаҳои қаблияш баргашт хоҳад кард ё на. Аммо агар арзиши он аз ҳаҷми воридот вобаста бошад, Тоҷикистон дурнамои хуб дорад.Қаблан маълум шуда буд, ки ҷумҳурӣ бо Туркманистон шартнома имзо кардааст ва мувофиқи он, кишвар ба бидуни маҳдудият аз Ишқобод газ мегирад.Ба гуфтаи Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, ҷумҳурӣ қасд дорад, феҳристи воридкунандагони ин маводди сӯхтро афзоиш диҳад.Ба ҷуз аз Қазоқистон Русия низ дар таъмини бозори гази Тоҷикистон нақши қалидӣ дорад. Дар соли 2021 Тоҷикистон аз Туркманистон 5 ҳазор тонна аз ин маводи сӯхтро ворид кардааст.Дар умум кишвар 410 ҳазор тонна гази моеъ ворид кардааст, ки аз ин 360 ҳазор тоннааш аз Қазоқистон ба кишвар содир шудааст.Ин навъи сӯзишворӣ яке аз маъмултаринҳо маводи сӯхт барои ронандагони тоҷик аст, зеро 50—60 фоизи мошинҳо бо он ҳаракат мекунад.Ёдовар мешавем, ки нархи рекордии гази моеъ дар кишвар соли 2021 сабт шуд. Дар ин давра шаҳрвандон 1 литр газро 9 сомонӣ (0,79 доллар) мехариданд.
https://sputnik.tj/20220201/tojikiston-gaz-moe-tojikiston-1045375940.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102791/13/1027911379_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_a1f6b307a3311db0485a98cdccd9634b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
газ моеъ тоҷикистон арзон
газ моеъ тоҷикистон арзон
Гази моеъ дар Тоҷикистон боз арзон шуд
12:55 21.02.2022 (Навсозишуда: 19:27 21.02.2022) Дар оғози ин ҳафта нархи гази моеъ дар кишвар, ки аксари ронандагон аз он истифода мекунанд, боз арзон шуд
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон коҳиши нархи гази моеъ идома дорад.
Дар ҳафтаи нав арзиши газ боз поин рафт. Ҳоло дар нуқтаҳои фурӯши газ дар шимоли кишвар, дар вилояти Суғд 1 литр гази моеъро 6 сомонию 30 дирам мефурӯшанд.
Ин дар ҳолест, ки дар оғози ҳафтаи қаблӣ қимати ин моддаи сӯхт 7 сомониву 80 дирам буд, аммо дар охири ҳафта то 6 сомониву 60 дирам поин рафт.
Ба гуфтаи фурӯшандагон, қимати гази моеъ ба далели афзоиши тадриҷии воридот аз Ӯзбекистон ва Туркманистон поин меравад.
Дар ҳамин ҳол Қазоқистон таъминкунандаи аслии маводи сӯхт ба Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Ҳанӯз маълум нест, ки нархи гази моеъ дар кишвар дар идома ба нишондиҳандаҳои қаблияш баргашт хоҳад кард ё на.
Аммо агар арзиши он аз ҳаҷми воридот вобаста бошад, Тоҷикистон дурнамои хуб дорад.
Қаблан маълум шуда буд, ки ҷумҳурӣ бо Туркманистон шартнома имзо кардааст ва мувофиқи он, кишвар ба бидуни маҳдудият аз Ишқобод газ мегирад.
Ба гуфтаи Далер Ҷумъа, вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, ҷумҳурӣ қасд дорад, феҳристи воридкунандагони ин маводди сӯхтро афзоиш диҳад.
Ба ҷуз аз Қазоқистон Русия низ дар таъмини бозори гази Тоҷикистон нақши қалидӣ дорад. Дар соли 2021 Тоҷикистон аз Туркманистон 5 ҳазор тонна аз ин маводи сӯхтро ворид кардааст.
Дар умум кишвар 410 ҳазор тонна гази моеъ ворид кардааст, ки аз ин 360 ҳазор тоннааш аз Қазоқистон ба кишвар содир шудааст.
Ин навъи сӯзишворӣ яке аз маъмултаринҳо маводи сӯхт барои ронандагони тоҷик аст, зеро 50—60 фоизи мошинҳо бо он ҳаракат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки нархи рекордии гази моеъ дар кишвар соли 2021 сабт шуд. Дар ин давра шаҳрвандон 1 литр газро 9 сомонӣ (0,79 доллар) мехариданд.