https://sputnik.tj/20220228/qati-safarbarsozi-donetsk-pushilin-1046330602.html
Қатъи сафарбарсозии низомӣ дар Донетск: Пушилин сабабашро гуфт
Қатъи сафарбарсозии низомӣ дар Донетск: Пушилин сабабашро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Сафарбарсозии ҳамагонӣ дар ҷумҳурии халқии Донетск мутаваққиф карда шуд
2022-02-28T12:25+0500
2022-02-28T12:25+0500
2022-02-28T16:52+0500
амният ва мудофиа
дар ҷаҳон
донетск
луганск
низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046120530_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_7b73b5626214737d959e3a8056312961.jpg
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Денис Пушилин, роҳбари Ҷумҳурии Халқии Донетск изҳор дошт, ки басичи низомии умумӣ поён ёфт. Ӯ зимни шарҳи ин иқдом гуфт, теъдоди зарурии афрод барои ниёзҳои низомӣ аллакай ҷалб шудаанд. Қаблан, дар пайи ташаннуҷи вазъ мақомоти Луганск ва Донетск сафарбарсозии ҳамагониро эълон карда, бархе минтақаҳоро аз сокинони осоишта тахлия намуда буданд. Маврид ба зикр аст, ки 21 феврал Русия мустақилияти ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, созишномаи дӯстӣ бо онҳоро ба тасвиб расонд.Дар пайи ин Владимир Путин, раисҷумҳури Русия 24 феварал аз тасмимаш барои оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дода афзуд, ки "вазъият иқдоми фаврӣ ва қотеъро талаб мекунад". Ӯ афзуд, ки Донетску Луганск барои кумак ба Русия муроҷиат кардаанд.Ба гуфтаи Путин, Маскав нияти ғасби қаламрави Украинаро надорад, танҳо мехоҳад ҳудуди ин кишварро ғайринизомӣ созад.Дар дастуроти содиршуда таъкид шудааст, ки барои амнияту субот дар Луганску Донетск аз нерӯҳои мусаллаҳи Русия истифода хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20220228/hayat-ukraina-muzokirot-vorid-belarus-1046329059.html
донетск
луганск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/15/1046120530_261:0:2992:2048_1920x0_80_0_0_ca6c0eacff426746c23377caf9d6a8f4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафарбарсозӣ, низомӣ, мутаваққиф, донетск
сафарбарсозӣ, низомӣ, мутаваққиф, донетск
Қатъи сафарбарсозии низомӣ дар Донетск: Пушилин сабабашро гуфт
12:25 28.02.2022 (Навсозишуда: 16:52 28.02.2022) Сафарбарсозии ҳамагонӣ дар Ҷумҳурии Халқии Донетск мутаваққиф шуд
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Денис Пушилин, роҳбари Ҷумҳурии Халқии Донетск изҳор дошт, ки басичи низомии умумӣ поён ёфт.
Ӯ зимни шарҳи ин иқдом гуфт, теъдоди зарурии афрод барои ниёзҳои низомӣ аллакай ҷалб шудаанд.
"Сафарбарсозӣ мутаваққиф шуд, чун теъдоди зарурии одамон дар он самтҳое, ки ҳадаф гузошта шуда буд, ҷалб гардиданд", - тавзеҳ дод Пушилин зимни суҳбат аз тариқи шабакаи телевизионии "Россия 24".
Қаблан, дар пайи ташаннуҷи вазъ мақомоти Луганск ва Донетск сафарбарсозии ҳамагониро эълон карда, бархе минтақаҳоро аз сокинони осоишта тахлия намуда буданд.
Маврид ба зикр аст, ки 21 феврал Русия мустақилияти ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, созишномаи дӯстӣ бо онҳоро ба тасвиб расонд.
Дар пайи ин Владимир Путин, раисҷумҳури Русия 24 феварал аз тасмимаш барои оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дода афзуд, ки "вазъият иқдоми фаврӣ ва қотеъро талаб мекунад". Ӯ афзуд, ки Донетску Луганск барои кумак ба Русия муроҷиат кардаанд.
Ба гуфтаи Путин, Маскав нияти ғасби қаламрави Украинаро надорад, танҳо мехоҳад ҳудуди ин кишварро ғайринизомӣ созад.
Дар дастуроти содиршуда таъкид шудааст, ки барои амнияту субот дар Луганску Донетск аз нерӯҳои мусаллаҳи Русия истифода хоҳад шуд.