https://sputnik.tj/20220228/hayat-ukraina-muzokirot-vorid-belarus-1046329059.html
Ҳайати Украина барои музокирот вориди Беларус шуд
Ҳайати Украина барои музокирот вориди Беларус шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ба далели амниятӣ макони дақиқи музокирот эълон нашудааст
2022-02-28T11:38+0500
2022-02-28T11:38+0500
2022-02-28T12:08+0500
украина
дар русия
музокирот
сиёсат
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/18/1041864615_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_c2ba5ea39b74f3c1a4cd07c322500653.jpg
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Ҳайати Украина вориди қаламрави Беларус шуд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба сиёсатшиноси белорус Юрий Воскресенский.Ба гуфтаи ӯ, ҳайати Украина ба макони музокирот бо ҷониби Русия меравад, аммо эҳтимол дорад, ки оғози гуфтушунид тағйир ёбад.Ҳамчунин ба далели амниятӣ макони дақиқи музокирот феълан эълом нашудааст.Бояд зикр намуд, ки ҳайати Русия як рӯз пеш барои музокирот вориди Беларус шуд.Ташрифи ҳайати Украина ба Беларус дар ҳолест, ки қаблан Владимир Зеленский изҳор дошт, ки Беларус наметавонад майдони гуфтушунид миёни Русия ва Украина шавад.Ӯ гуфт ҷонибдори он аст, ки музокирот дар Варшава, Будапешт ва ё Истамбул доир шавад.Қаблан сухангӯи президент, Дмитрий Песков гуфт, ҳайати намояндагони Русия аллакай дар Гомел қарор доранд.Ба ҳайати Федератсияи Русия барои гуфтушунид бо украиниҳо намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, вазорати дифоъ ва дигар идораҳои Федератсияи Русия, аз ҷумла дастгоҳи президент шомил буданд. Тавре Песков ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, Русия мунтазири ҳайати Украина дар музокирот дар Гомели Беларус аст.
https://sputnik.tj/20220227/zelenskiy-guftushunid-rusiya-belarus-khuddori-kard-1046315262.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/18/1041864615_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_b1335505a7fb643d8f81ba3547a52e7e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина русия музокирот
Ҳайати Украина барои музокирот вориди Беларус шуд
11:38 28.02.2022 (Навсозишуда: 12:08 28.02.2022) Ба далели амниятӣ макони дақиқи музокирот эълон нашудааст
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Ҳайати Украина вориди қаламрави Беларус шуд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба сиёсатшиноси белорус Юрий Воскресенский.
Ба гуфтаи ӯ, ҳайати Украина ба макони музокирот бо ҷониби Русия меравад, аммо эҳтимол дорад, ки оғози гуфтушунид тағйир ёбад.
Ҳамчунин ба далели амниятӣ макони дақиқи музокирот феълан эълом нашудааст.
"Маълумот вуҷуд дорад, ки ҳайати Украина пас аз роҳ тафреҳ мехоҳанд ва эҳтимол вақти музокирот дигар шавад. Аммо чизи асосӣ ин аст, ки гуфтушунид ҳатман сурат мегирад", - таъкид намуд Воскресенский.
Бояд зикр намуд, ки ҳайати Русия як рӯз пеш барои музокирот вориди Беларус шуд.
Ташрифи ҳайати Украина ба Беларус дар ҳолест, ки қаблан Владимир Зеленский изҳор дошт, ки Беларус наметавонад майдони гуфтушунид миёни Русия ва Украина шавад.
Ӯ гуфт ҷонибдори он аст, ки музокирот дар Варшава, Будапешт ва ё Истамбул доир шавад.
Қаблан сухангӯи президент, Дмитрий Песков гуфт, ҳайати намояндагони Русия аллакай дар Гомел қарор доранд.
Ба ҳайати Федератсияи Русия барои гуфтушунид бо украиниҳо намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, вазорати дифоъ ва дигар идораҳои Федератсияи Русия, аз ҷумла дастгоҳи президент шомил буданд. Тавре Песков ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, Русия мунтазири ҳайати Украина дар музокирот дар Гомели Беларус аст.