https://sputnik.tj/20220228/oghoz-muzokirot-rusiya-ukraina-1046349589.html
Оғози музокироти ҳайатҳои Русия ва Украина дар Беларус
Оғози музокироти ҳайатҳои Русия ва Украина дар Беларус
Sputnik Тоҷикистон
Музокироти ҳайатҳои Русия ва Украина дар Беларус оғоз шуд 28.02.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-02-28T16:08+0500
2022-02-28T16:08+0500
2023-10-02T17:09+0500
дар русия
белорус
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
музокирот
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046350291_0:181:2997:1867_1920x0_80_0_0_5aa5811ad8fbaf4cf706c5f5e5dfb22a.jpg
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Музокироти ҳайатҳои Русия ва Украина дар Белорус шуруъ шуд, хабар медиҳад РИА "Новости".Маскавро дар ин нишаст ёвари раисҷумҳур Владимир Мединский, муовини вазири корҳои хориҷӣ Андрей Руденко, муовини вазири дифоъ Александр Фомин, раиси Кумитаи байналмилалии Думаи давлатӣ Леонид Слутский ва сафири Русия дар Беларус Борис Гризлов намояндагӣ мекунанд. Аз Киев вазири дифоъ Алексей Резников, раҳбари ҷиноҳи "Хизматгори халқ" Дэвид Арахамия, муовини вазири корҳои хориҷӣ Николай Точитский, мушовири раиси Дастгоҳи президент Михайло Подоляк, вакили "Верховная Рада" Рустам Умаров ва муовини аввали роҳбари ҳайати Украина дар музокироти гурӯҳи сеҷониба Андрей Костин ба мулоқот омадаанд.Тарафҳо дар бораи мулоқот як рӯз пеш ба мувофиқа расиданд. Ҳайати Русия вориди Беларус шуд ва изҳор дошт, ки омодааст, намояндагони Киевро то соати 15:00 интизор шавад, ризоияти мақомоти Украина чанд дақиқа қабл аз анҷоми ин муҳлат маълум шуд. Дар ҳамин ҳол Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина гуфт, ки ба натоиҷи музокирот "аслан бовар надорад".Рӯзи 21 феврал раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар посух ба муроҷиати ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск бо дархости эътирофи соҳибихтиёрии онҳо фармонҳои дахлдорро имзо кард ва рӯзи 24 феврал дар бораи оғози амалиёти вижаи низомӣ барои безарарсозии Украина хабар дод.Вазорати дифоъ таъкид кардааст, ки онҳо ба ҳадафҳои ғайринизомӣ зарба намезананд.
https://sputnik.tj/20220228/uzbekiston-amaliyot-rusiya-ukraina-mavqe-1046345401.html
белорус
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/1c/1046350291_134:0:2863:2047_1920x0_80_0_0_51268c69b6d2a23874ad109b504944f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, белорус, музокирот, украина
дар русия, белорус, музокирот, украина
Оғози музокироти ҳайатҳои Русия ва Украина дар Беларус
16:08 28.02.2022 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Музокироти ҳайатҳои Русия ва Украина дар Беларус оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Музокироти ҳайатҳои Русия ва Украина дар Белорус шуруъ шуд, хабар медиҳад РИА "Новости".
Маскавро дар ин нишаст ёвари раисҷумҳур Владимир Мединский, муовини вазири корҳои хориҷӣ Андрей Руденко, муовини вазири дифоъ Александр Фомин, раиси Кумитаи байналмилалии Думаи давлатӣ Леонид Слутский ва сафири Русия дар Беларус Борис Гризлов намояндагӣ мекунанд.
Аз Киев вазири дифоъ Алексей Резников, раҳбари ҷиноҳи "Хизматгори халқ" Дэвид Арахамия, муовини вазири корҳои хориҷӣ Николай Точитский, мушовири раиси Дастгоҳи президент Михайло Подоляк, вакили "Верховная Рада" Рустам Умаров ва муовини аввали роҳбари ҳайати Украина дар музокироти гурӯҳи сеҷониба Андрей Костин ба мулоқот омадаанд.
Тарафҳо дар бораи мулоқот як рӯз пеш ба мувофиқа расиданд. Ҳайати Русия вориди Беларус шуд ва изҳор дошт, ки омодааст, намояндагони Киевро то соати 15:00 интизор шавад, ризоияти мақомоти Украина чанд дақиқа қабл аз анҷоми ин муҳлат маълум шуд.
Дар ҳамин ҳол Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина гуфт, ки ба натоиҷи музокирот "аслан бовар надорад".
Рӯзи 21 феврал раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар посух ба муроҷиати ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск бо дархости эътирофи соҳибихтиёрии онҳо фармонҳои дахлдорро имзо кард ва рӯзи 24 феврал дар бораи оғози амалиёти вижаи низомӣ барои безарарсозии Украина хабар дод.
Вазорати дифоъ таъкид кардааст, ки онҳо ба ҳадафҳои ғайринизомӣ зарба намезананд.