Оғози барқароршавии рубл баъди уфти якбора

© ShutterstockДеньги в руках
Деньги в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Обуна шудан
Қурби рубл дар пайи уфти якбора дар оғози ҳафтаи ҷадид боз рӯй ба болоравӣ ниҳодааст
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Савдои рубл дар биржаи Маскав, ки аз 90 рубл барои як доллар ва 101 рубл барои евро оғоз шуд, дар аввал ҷаҳиш дошт, хабар дод РИА "Новости".
Ба иттилои манбаъ, дар давоми савдо қурби доллар то ба 109 рубл ва евро аз 122 рубл расид. Аммо дар пайи ҷаҳиши якбора арзиши пули русӣ боз каме рӯй ба устуворӣ ниҳодааст.
Аз ҷумла дар зуҳри рӯзи душанбе ва натиҷаи савдои асъор дар биржаи Маскав қурби доллар ба 102 ва евро ба 113 рубл расид.
Ин дар ҳолест, ки дар бозори ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар "Forex" арзиши доллар ва евро аз нишондоди охири рӯзи ҷумъа 29% гаронтар савдо мешаванд. Аз ҷумла доллар ҳудуди 107,5 рубл ва евро 122 рубл арзиш дорад.
Здание Центрального банка РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Бесобиқа: Бонки марказии Русия меъёри бозтамвилро боло бурд
Коршиносон уфти қурби рублро дар пайи таҳримоти Ғарб, аз ҷумла бастани дороиҳои Бонки марказии Русияро пешгӯӣ карда буданд.
Роҳбари бахши таҳлили сармоягузории гурӯҳи "Универ Капитал" Андрей Верников ба РИА "Новости" гуфта буд, доллар метавонад то ба 100-120 рубл боло равад. Аммо Бонки марказӣ меъёри бозтамвилро боло мебараду ҳафтае пас қурб боз то 85 рубл сари як долларро ташкил хоҳад дод.
Таҳримҳо дар пайи он эълон шуданд, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия 24 феварал аз тасмимаш барои оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дода афзуд, ки "вазъият иқдоми фаврӣ ва қотеъро талаб мекунад". Ӯ афзуд, ки Донетску Луганск барои кумак ба Русия муроҷиат кардаанд.
Русия 21 феврал мустақилияти ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, созишномаи дӯстӣ бо онҳоро ба тасвиб расонд. Бар асоси асноди тасвибшуда, барои амнияту субот дар Луганску Донетск аз нерӯҳои мусаллаҳи Русия истифода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0