https://sputnik.tj/20220228/jopon-lukashenko-tahrimho-1046351060.html
Ҷопон алайҳи Лукашенко таҳримҳои шахсӣ ҷорӣ кард
Ҷопон алайҳи Лукашенко таҳримҳои шахсӣ ҷорӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҷопон алайҳи президенти Беларус таҳримҳои шахсӣ ҷорӣ кард
2022-02-28T17:46+0500
2022-02-28T17:46+0500
2022-02-28T18:56+0500
александр лукашенко
белорус
ҷопон
таҳримот
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041304851_0:0:3165:1780_1920x0_80_0_0_70e910be824c0c2f3c950828dba2ffe3.jpg
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Ҷопон алайҳи Лукашенко таҳримҳои шахсӣ ҷорӣ кард, гуфт Фумио Кисида, нахуствазири ин кишвар ба хабарнигорон.Ба гуфти сарвазир, Ҷопон алайҳи чанд нафар дар Беларус, аз ҷумла раисиҷумҳур Александр Лукашенко таҳрим ҷорӣ мекунад, менависад РИА "Новости".Ёшимаса Ҳаяшӣ, вазири умури хориҷии Ҷопон, қаблан дар порлумон гуфта буд, ки Ҷопон дар робита ба авзоъ дар атрофи Украина масъалаи ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Беларус ва мақомоти баландпояи ҳукумати ин кишварро баррасӣ мекунад.Ёдрас менамоем, ки Иттиҳоди Аврупо ва Канада низ алайҳи Путин ва Лавров эмбарго ҷорӣ кардаанд. Ба гуфтаи нахуствазир Ҷастин Трюдо, ин "маҷмуи сеюми таҳримҳои шадиди ҳамоҳангшуда" аст.Ин таҳримҳо ба раҳбарияти Беларус низ барои кумаке, ки Ғарб онро ба "таҷовузи Русия" нисбат додааст, дахл кард, менависад РИА "Новости".Канада инчунин ҷонибдори қатъи Русия аз системаи паёмнависии бонкии SWIFT аст.Сухангӯи Вазорати хориҷии Русия Мария Захарова дар посух гуфт, таҳримҳо алайҳи Путин ва Лавров намуна ва намоиши беқувватии мутлақи Ғарб аст.Пеш аз ин вай қайд карда буд, ки Русия ба таҳримҳои нави Ғарб, аз ҷумла агар онҳо алайҳи раҳбарияти Русия ҷорӣ шаванд, посух хоҳад дод. Захарова изҳор дошт, ки президент ва вазир дар хориҷа амонат надоранд.
https://sputnik.tj/20220226/ima-alayh-putin-lavrov-tahrim-1046296957.html
белорус
ҷопон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1e/1041304851_218:0:2949:2048_1920x0_80_0_0_3f9f4b78fc34c3751c23d01406122567.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳримҳо, шахсӣ, лукашенко
таҳримҳо, шахсӣ, лукашенко
Ҷопон алайҳи Лукашенко таҳримҳои шахсӣ ҷорӣ кард
17:46 28.02.2022 (Навсозишуда: 18:56 28.02.2022) Ҷопон алайҳи президенти Беларус таҳримҳои шахсӣ ҷорӣ кард
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Ҷопон алайҳи Лукашенко таҳримҳои шахсӣ ҷорӣ кард, гуфт Фумио Кисида, нахуствазири ин кишвар ба хабарнигорон.
Ба гуфти сарвазир, Ҷопон алайҳи чанд нафар дар Беларус, аз ҷумла раисиҷумҳур Александр Лукашенко таҳрим ҷорӣ мекунад, менависад РИА "Новости".
"Дар мавриди таҳримҳо алайҳи Беларус, дар робита ба ин таҷовуз, бо назардошти дахолати ошкоро дар он мо алайҳи чанд нафар, аз президент Лукашенко ва созмонҳо таҳрим ҷорӣ карда, равобити воридотиро маҳдуд мекунем", - гуфт Кисида.
Ёшимаса Ҳаяшӣ, вазири умури хориҷии Ҷопон, қаблан дар порлумон гуфта буд, ки Ҷопон дар робита ба авзоъ дар атрофи Украина масъалаи ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Беларус ва мақомоти баландпояи ҳукумати ин кишварро баррасӣ мекунад.
Ёдрас менамоем, ки Иттиҳоди Аврупо ва Канада низ алайҳи Путин ва Лавров эмбарго ҷорӣ кардаанд. Ба гуфтаи нахуствазир Ҷастин Трюдо, ин "маҷмуи сеюми таҳримҳои шадиди ҳамоҳангшуда" аст.
Ин таҳримҳо ба раҳбарияти Беларус низ барои кумаке, ки Ғарб онро ба "таҷовузи Русия" нисбат додааст, дахл кард, менависад РИА "Новости".
Канада инчунин ҷонибдори қатъи Русия аз системаи паёмнависии бонкии SWIFT аст.
Сухангӯи Вазорати хориҷии Русия Мария Захарова дар посух гуфт, таҳримҳо алайҳи Путин ва Лавров намуна ва намоиши беқувватии мутлақи Ғарб аст.
Пеш аз ин вай қайд карда буд, ки Русия ба таҳримҳои нави Ғарб, аз ҷумла агар онҳо алайҳи раҳбарияти Русия ҷорӣ шаванд, посух хоҳад дод. Захарова изҳор дошт, ки президент ва вазир дар хориҷа амонат надоранд.