https://sputnik.tj/20220226/ima-alayh-putin-lavrov-tahrim-1046296957.html
Таҳрими Путину Лавров аз сӯйи ИМА: Русия чӣ посух дод?
Таҳрими Путину Лавров аз сӯйи ИМА: Русия чӣ посух дод?
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати хориҷаи Русия тасмими кишварҳои ғарбӣ дар мавриди ҷорӣ кардани маҳдудиятро шарҳ дод
2022-02-26T14:15+0500
2022-02-26T14:15+0500
2022-02-28T20:38+0500
владимир путин
сергей лавров
дар русия
има
таҳримот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045859283_0:0:2954:1662_1920x0_80_0_0_a6b25a7cdcdaa864d309d769c14404e3.jpg
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Иттиҳодияи Аврупо, ИМА, Бритониёи Кабир ва Канада алайҳи кишвардори Русия Владимир Путин ва вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров таҳрим ҷорӣ карданд.Ин дар Амрико вокуниш ба "ҳуҷуми беасос ва барқасдона аз ҷониби Русия ба Украина" будааст, менависад РИА "Новости".Ин таҳримҳо бастани дороиҳо дар қаламрави ИМА ва манъи муомилоти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ИМА бо онҳоро дар бар мегирад. Ин чораҳо ва инчунин маҳдудиятҳои қаблан қабулшуда "барои Русия хароҷоти бесобиқаи дипломатӣ ва иқтисодӣ ба бор оварда, онро аз низоми молиявии ҷаҳонӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам ҷудо мекунад", - гуфт вазорат. Ба гуфтаи Ҷозеп Боррел, намояндаи олии Иттиҳодияи Урупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ, вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Урупо тасмим гирифтанд, ки Путин ва Лавровро ба феҳристи афроди таҳримшуда ворид кунанд. Ба гуфтаи ӯ, маҳдудиятҳои Иттиҳодияи Аврупо бастани дороиҳоро дар бар мегиранд. Қаблан Александр Шалленберг, вазири умури хориҷии Австрия изҳор дошт, ки таҳримҳо алайҳи Путин ва Лавров ба ҳаракати онҳо таъсир намерасонад. Дар феҳристи Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин нахуствазир Михаил Мишустин, вазири умури дохилӣ Владимир Колоколтсев, намояндаи вижа дар умури ҳифзи муҳити зист, экология ва нақлиёт, узви Шӯрои амният Сергей Иванов ва муовини раиси Шӯрои амният Дмитрий Медведев вориданд. Вазорати хориҷаи Бритониё низ аз ҷорӣ шудани маҳдудият алайҳи Путин ва Лавров хабар дод. Сухан дар бораи маҳдуд кардани дороиҳо меравад, аммо дар ҳуҷҷат гуфта нашудааст, ки кадоме аз онҳо. Канада низ алайҳи Путин ва Лавров эмбарго ҷорӣ кардааст. Ба гуфтаи нахуствазир Ҷастин Трюдо, ин "маҷмуи сеюми таҳримҳои шадиди ҳамоҳангшуда" аст. Ин таҳримҳо ба раҳбарияти Беларус низ барои кумаке, ки Ғарб онро ба "таҷовузи Русия" нисбат додааст, дахл кард, менависад РИА "Новости". Канада инчунин ҷонибдори қатъи Русия аз системаи паёмнависии бонкии SWIFT аст. Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова дар посух гуфт, таҳримҳо алайҳи Путин ва Лавров намуна ва намоиши беқувватии мутлақи Ғарб аст. Пеш аз ин вай қайд кард, ки Русия ба таҳримҳои нави Ғарб, агар онҳо алайҳи раҳбарияти Русия ҷорӣ шаванд, посух хоҳад дод. Захарова изҳор дошт, ки президент ва вазир дар хориҷа амонат надоранд.
https://sputnik.tj/20210409/ima-bo-tahrimot-bartariyati-hudro-dar-jahon-nest-mekunad-1035184801.html
https://sputnik.tj/20220222/qodirov-gharb-tahrim-tahdid-dusti-1046136165.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045859283_223:0:2954:2048_1920x0_80_0_0_e8ec072e3061340fa6f3d34c066d22dc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳрим, алайҳи путин, лавров
таҳрим, алайҳи путин, лавров
Таҳрими Путину Лавров аз сӯйи ИМА: Русия чӣ посух дод?
14:15 26.02.2022 (Навсозишуда: 20:38 28.02.2022) Вазорати хориҷаи Русия тасмими кишварҳои ғарбӣ дар мавриди ҷорӣ кардани ин маҳдудиятро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Иттиҳодияи Аврупо, ИМА, Бритониёи Кабир ва Канада алайҳи кишвардори Русия Владимир Путин ва вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров таҳрим ҷорӣ карданд.
Ин дар Амрико вокуниш ба "ҳуҷуми беасос ва барқасдона аз ҷониби Русия ба Украина" будааст, менависад РИА "Новости".
Ин таҳримҳо бастани дороиҳо дар қаламрави ИМА ва манъи муомилоти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ИМА бо онҳоро дар бар мегирад.
Ин чораҳо ва инчунин маҳдудиятҳои қаблан қабулшуда "барои Русия хароҷоти бесобиқаи дипломатӣ ва иқтисодӣ ба бор оварда, онро аз низоми молиявии ҷаҳонӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам ҷудо мекунад", - гуфт вазорат.
Ба гуфтаи Ҷозеп Боррел, намояндаи олии Иттиҳодияи Урупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ, вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Урупо тасмим гирифтанд, ки Путин ва Лавровро ба феҳристи афроди таҳримшуда ворид кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, маҳдудиятҳои Иттиҳодияи Аврупо бастани дороиҳоро дар бар мегиранд.
Қаблан Александр Шалленберг, вазири умури хориҷии Австрия изҳор дошт, ки таҳримҳо алайҳи Путин ва Лавров ба ҳаракати онҳо таъсир намерасонад.
Дар феҳристи Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин нахуствазир Михаил Мишустин, вазири умури дохилӣ Владимир Колоколтсев, намояндаи вижа дар умури ҳифзи муҳити зист, экология ва нақлиёт, узви Шӯрои амният Сергей Иванов ва муовини раиси Шӯрои амният Дмитрий Медведев вориданд.
Вазорати хориҷаи Бритониё низ аз ҷорӣ шудани маҳдудият алайҳи Путин ва Лавров хабар дод.
Сухан дар бораи маҳдуд кардани дороиҳо меравад, аммо дар ҳуҷҷат гуфта нашудааст, ки кадоме аз онҳо.
Канада низ алайҳи Путин ва Лавров эмбарго ҷорӣ кардааст. Ба гуфтаи нахуствазир Ҷастин Трюдо, ин "маҷмуи сеюми таҳримҳои шадиди ҳамоҳангшуда" аст.
Ин таҳримҳо ба раҳбарияти Беларус низ барои кумаке, ки Ғарб онро ба "таҷовузи Русия" нисбат додааст, дахл кард, менависад РИА "Новости".
Канада инчунин ҷонибдори қатъи Русия аз системаи паёмнависии бонкии SWIFT аст.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова дар посух гуфт, таҳримҳо алайҳи Путин ва Лавров намуна ва намоиши беқувватии мутлақи Ғарб аст.
Пеш аз ин вай қайд кард, ки Русия ба таҳримҳои нави Ғарб, агар онҳо алайҳи раҳбарияти Русия ҷорӣ шаванд, посух хоҳад дод. Захарова изҳор дошт, ки президент ва вазир дар хориҷа амонат надоранд.