Гурӯҳе аз муҳоҷирон метавонанд бидуни сабти ном дар Русия кор кунанд: киҳо?

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкЦентр госуслуг "Мои документы"
Центр госуслуг Мои документы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилии Русия мушаххас кард, ки кадоме аз коргарони хориҷӣ бидуни сабти ном дар феҳристи муҳоҷирон метавонанд дар кишвар кор кунанд
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Рӯзноманигороне, ки дар Вазорати корҳои хориҷӣ аккредитатсия шудаанд, омӯзгорон, ҳунармандон ва бархе аз тоифаҳои дигари шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд бидуни ворид шудан ба феҳристи муҳоҷирон дар Русия кор кунанд.
Дар ин бора сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия Валентина Казакова хабар дод.
"Барои гурӯҳи алоҳидаи шаҳрвандони хориҷӣ фаъолияти меҳнатӣ бидуни ворид шудан ба феҳристи коргарон имконпазир аст", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Казакова, ба ин гурӯҳ ҳамчунин одамоне, ки сафарҳои ҳунарӣ, эҷодӣ ва тарбиявӣ менамоянд, дохил ҳастанд.
Илова бар ин афроде, ки дар Русия мақоми расмии гурезаро доранд, низ имкони кор дар ҳама минтақаҳои Русияро пайдо мекунанд ва маҳдудиятҳои касбӣ ба онҳо дахл нахоҳад дошт.
Проверка документов сотрудниками ФМС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2022
ВУД Русия гуфт, ба кадом муҳоҷирон корти электронӣ дода намешавад
"Онҳо ба феҳрист ворид карда мешаванд, аммо бидуни пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, бимаи тиббӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мавҷуд набудани бемориҳо", - қайд кард сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия.
Қобили зикр аст, ки Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 24 феврали соли 2022 пешниҳод карда буд, ки ҳадафи вуруд ба ин кишвар дар сурати иқомат дар Русия бидуни тарки он ба таври қонунӣ тағйир дода шавад.
Ин лоиҳаи қонун имкон медиҳад, ки якчанд ҳадафи будубош якҷоя карда шавад.
Илова бар ин хориҷиёне, ки дар Русия паноҳандагӣ ё мақоми иштирокчии Барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон гирифтаанд, низ метавонанд бидуни тағйири ҳадафи будубоши худ таҳсил ва кор кунанд.
Экспресс-тестирование пассажиров на COVID-19 в аэропорту Внуково - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2022
Дар Русия қонуни нав қабул мешавад, ки ҳузури муҳоҷиронро осон мекунад: чӣ гуна қонун?
Чунин ташаббуси қонунгузорӣ дар доираи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷирати Русия барои солҳои 2019-2025, ки аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин тасдиқ шудааст, ҷорӣ карда мешавад.
Айни замон лоиҳаи мазкур аз тасдиқи байниидоравӣ мегузарад. Қаблан Казакова қайд карда буд, ки дар давоми 11 моҳи соли 2021 Вазорати корҳои дохилӣ вуруди беш аз 160 ҳазор шаҳрванди хориҷиро ба кишвар манъ кардааст, ки нисбат ба соли 2020 қариб 9 ҳазор нафар камтар аст.
Лентаи хабарҳо
0