https://sputnik.tj/20220227/vud-rusiya-muhojiron-kort-elektroni-1046313843.html
ВУД Русия гуфт, ба кадом муҳоҷирон корти электронӣ дода намешавад
ВУД Русия гуфт, ба кадом муҳоҷирон корти электронӣ дода намешавад
Sputnik Тоҷикистон
Бархе аз муҳоҷирон дар Русия аз ироаи ҳатмии корти электронӣ бо маълумоти шахсӣ озод карда мешаванд
2022-02-27T12:00+0500
2022-02-27T12:00+0500
2022-02-28T17:34+0500
дар русия
муҳоҷират
корти электронӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/15/1045051223_0:250:3022:1950_1920x0_80_0_0_56e4b9f697972c2fde2310f765931840.jpg
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Хориҷиёне, ки ба муддати кӯтоҳ ба Русия меоянд, уҳдадори гирифтани ҳуҷҷати ягона бо интиқоли иттилооти электронӣ нестанд.Дар ин бора сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия Валентина Казакова дар суҳбат бо ТАСС хабар дод. Ба гуфтаи Казакова, ҳуҷҷати ягона ҷои иқомат, патент ва иҷозаи будубоши ғайримуқаррариро фаро мегирад.Илова бар ин ин корт ҳамчун шаҳодатномаи ҳувияти муваққатӣ барои шахсони бешаҳрванд, шаҳодатномаи иштирокчии барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон ва ҳуҷҷат дар бораи паноҳгоҳи муваққатӣ, инчунин шаҳодатномаи гуреза хидмат хоҳад кард. Ҳуҷҷатро метавон бо муроҷиат ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Русия ё тавассути ташкилоти тобеи он гирифт. Бақайдгирӣ дар шакли электронӣ сурат мегирад. Ба муҳоҷирон пас аз гузаштани изи ангушт ва аксбардорӣ корт дода мешавад. Шарти муҳим гузариши муоинаи духтур буд.Ҳар як шаҳрванди хориҷӣ бояд пулиси суғуртаи тиббии ихтиёрӣ ё ҳатмӣ дошта бошад ва шаҳрвандон низ бояд боҷи пардохт кунанд ва дар портали Хадамоти давлатӣ сабти ном шаванд. Ёдовар мешавем, ки чунин қоидаҳо барои муҳоҷирон дар Русия 29 декабри соли 2021 эътибор пайдо карданд.
https://sputnik.tj/20220128/medvedev-taghyirot-muhojirat-1045292360.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/15/1045051223_239:0:2970:2048_1920x0_80_0_0_1b553af8863ae98a30954a9736d58c7a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вкд русия корти электронӣ
вкд русия корти электронӣ
ВУД Русия гуфт, ба кадом муҳоҷирон корти электронӣ дода намешавад
12:00 27.02.2022 (Навсозишуда: 17:34 28.02.2022) Бархе аз муҳоҷирон дар Русия аз ироаи ҳатмии корти электронӣ бо маълумоти шахсӣ озод карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Хориҷиёне, ки ба муддати кӯтоҳ ба Русия меоянд, уҳдадори гирифтани ҳуҷҷати ягона бо интиқоли иттилооти электронӣ нестанд.
Дар ин бора сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия Валентина Казакова дар суҳбат бо ТАСС хабар дод.
"Барои шахсоне, ки мехоҳанд, дар қаламрави Русия муддати тӯлонӣ бимонанд, гирифтани чунин ҳуҷҷат ҳатмӣ хоҳад буд", - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи Казакова, ҳуҷҷати ягона ҷои иқомат, патент ва иҷозаи будубоши ғайримуқаррариро фаро мегирад.
Илова бар ин ин корт ҳамчун шаҳодатномаи ҳувияти муваққатӣ барои шахсони бешаҳрванд, шаҳодатномаи иштирокчии барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон ва ҳуҷҷат дар бораи паноҳгоҳи муваққатӣ, инчунин шаҳодатномаи гуреза хидмат хоҳад кард.
Ҳуҷҷатро метавон бо муроҷиат ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Русия ё тавассути ташкилоти тобеи он гирифт.
Бақайдгирӣ дар шакли электронӣ сурат мегирад. Ба муҳоҷирон пас аз гузаштани изи ангушт ва аксбардорӣ корт дода мешавад. Шарти муҳим гузариши муоинаи духтур буд.
Ҳар як шаҳрванди хориҷӣ бояд пулиси суғуртаи тиббии ихтиёрӣ ё ҳатмӣ дошта бошад ва шаҳрвандон низ бояд боҷи пардохт кунанд ва дар портали Хадамоти давлатӣ сабти ном шаванд.
Ёдовар мешавем, ки чунин қоидаҳо барои муҳоҷирон дар Русия 29 декабри соли 2021 эътибор пайдо карданд.