Дар Екатеринбург хонае бо муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ сӯхт

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкПожар на складе , архивное фото
Пожар на складе , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Обуна шудан
Тибқи гузоришҳои таъйиднашуда, дар ин манзил чанд муҳоҷири тоҷик ба сар мебурданд. Феълан сарнавишти онҳо маълум нест
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Дар ноҳияи ҷанубу ғарбии Екатеринбург як бинои истиқоматӣ, ки дар он муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекарданд, сӯхт, хабар медиҳад "E1.ru" бо истинод ба Хадамоти оташнишонӣ.
Бино ба маълумоти пешакӣ, корфармо муҳоҷиронро иҷозат додааст, ки дар кӯчаи Раскова 50 иқомат кунанд.
Бино ба нақли сокинони маҳаллӣ, хона чӯбӣ буда, соҳибонаш як қисми онро ба корфармоён фурӯхтанд.
Тибқи иттилои мавҷуд, вале ҳанӯз тасдиқнашуда, дар як қисмати ин хона се коргар аз Тоҷикистон зиндагӣ мекардаанд.
Посольство Таджикистана в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Марги мудҳиши шаш тоҷик дар Волгоград: шарҳи сафорат
Антон Зинчук, муовини сардори идораи оташнишонӣ гуфт, муҳоҷирон дар хона танур гузошта, нон мепӯхтанд. Сӯхтор аз тарафи хонае, ки меҳмонони он ҷо зиндагӣ мекарданд, сар задааст.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи манобеи расмӣ, ҳанӯз маълум нест, ки сокинон ҳангоми сар задани сӯхтор дар куҷо буданд. Дар ҳоли ҳозир оташнишонҳо ба таҳлил ва омӯзиши сабабҳои сар задани оташсӯзӣ машғуланд. Дар бораи кушташудагон ва захмиён маълумоти дигар нест. Маълум аст, ки масоҳати умумии сӯхтор 120 метри мураббаъро ташкил додааст.
Гуфта мешавад, ки оташсӯзӣ ғайричашмдошт ба амал омадааст. То расидани сӯхторнишонҳо хона аллакай аланга гирифта буд. Барои бартараф кардани сӯхтор 6 адад техника ва 30 нафар ҳайати шахсӣ ҷалб шудааст.
Лентаи хабарҳо
0