Марги мудҳиши шаш тоҷик дар Волгоград: шарҳи сафорат

© Сайт посольства Таджикистана в МосквеПосольство Таджикистана в Москве, архивное фото
Посольство Таджикистана в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Обуна шудан
Намояндагии дипломатии Тоҷикистон мегӯяд, қазияи марги шаш шаҳрванди кишвар дар вилояти Волгогради Русияро пайгирӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Кормандони сафорат ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия барои пайгирӣ ва мушаххас кардани ҷузъиёти марги мармузи шаш муҳоҷир ба вилояти Волгоград рафтаанд.
Дар ин бора аз намояндагии дипломатии кишвар ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.

"Сафорат аз ҳодисаи ба ҳалокат расидани 6 нафар аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз гази ихроҷшуда дар ҳудуди вилояти Волгоград дар ҷараён буда, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия бо мақсади пайгириии он дар ҳамкорӣ мебошад",- афзуд манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи рухдода мавриди баррасии ҷиддӣ ва назорат қарор мегирад.
Қаблан , ки гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хоҷагии фермерӣ дар ноҳияи Среднеахтубинск кор мекардаанд, аз гази хориҷкардаи муҳаррик заҳролуд шудаанд.
Қаблан гуфта мешуд, гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хоҷагии фермерӣ дар ноҳияи Среднеахтубинск кор мекардаанд, аз гази хориҷкардаи муҳаррик заҳролуд шудаанд.
Медицинская каталка в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Ҳалокати шаш тоҷикистонӣ бар асари заҳролудшавӣ дар Волгоград
"Шаш шаҳрванди Тоҷикистон шабро дар мошин, дар наздикии деҳаи Рахинка гузарондаанд, ки бо дастгоҳи ҳавотозакунӣ муҷаҳҳаз набудааст. Субҳ ҷасадҳои онҳо ёфт шудааст", - навиштааст "Интерфакс" аз қавли манобеаш.
Хабаргузории ТАСС навиштааст, ҳалокшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки дар гармхонае дар ноҳияи Среднеахтубинск фаъолият мекарданд.
Маврид ба зикр аст, ки аз Тоҷикистон дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири меҳнатӣ дар бахшҳои гуногун фаъолият мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0