https://sputnik.tj/20220228/bozdosht-rais-jamoat-ojonsi-zaminfurushi-1046323979.html
Боздошти раиси ҷамоат дар ҷойи кораш: Оҷонсӣ гуфт, ӯ ба заминфурӯшӣ даст задааст
Боздошти раиси ҷамоат дар ҷойи кораш: Оҷонсӣ гуфт, ӯ ба заминфурӯшӣ даст задааст
Sputnik Тоҷикистон
Раиси ҷамоате барои фурӯши замин ҳангоми гирифтани маблағ дар коргоҳаш дастгир шудаас
2022-02-28T09:44+0500
2022-02-28T09:44+0500
2022-02-28T11:26+0500
дар тоҷикистон
оҷонсии зидди фасод
боздошт
заминфурӯшӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0b/1041593317_0:134:1632:1052_1920x0_80_0_0_b1aea94ecf10332a735b57ab957adac5.jpg
ДУШАНБЕ, 28 фев— Sputnik. Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон Муродов Суҳроб, раиси Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониёнро боздошт кардааст.Ба иттилои манбаъ, номбурда дар асоси қарори маҷлиси вакилони Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён ба вазифаи раиси ҷамоати мазкур таъйин гардида дар давраи фаъолияти кориаш даст ба қаллобӣ задааст.Гуфта мешавад, боздоштшуда бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд “А” даромада, барои ҷудо намуда додани 0,04 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои хоҷагии ба номи “Д.Нуриддинов”, ҷамоати мазкур 15000 сомонӣ гирифта, барои минбаъд ҳуҷҷатгузорӣ намудани он 20 000 сомонӣ талаб намуд.Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Муродов Суҳроб Рамазонович бо моддаҳои 247, қисми 4, банди "б" ва 338 иловаи 1, қисми 2 бандҳои "а" "в", Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.Дар сурати тасдиқи иттиҳом бар асоси 247, қисми 4, банди "б", боздоштшуда аз 87 то 131 ҳазор сомонӣ ҷарима мешавад ё аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҳукми зиндон мегирад ва ҳамчунин молу мулкаш тасарруф мешавад.Моддаи 338, иловаи 1, қисми 2 бандҳои "а" "в" бошад, ҷарима ба андозаи 58 то 94 ҳазор сомонӣ ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ солро пешбинӣ мекунад.Ёдовар мешавем, ахиран раисҷумҳури кишвар зимни сафараш ба Хатлон ҳолатҳои харидуфурӯши замин дар соли 2021 дар вилоятро ташвишовар хонда буд.Гуфта мешавад, дар як соли қаблӣ аз ҷониби Агентии мубориза бо фасод дар самти харидуфурӯши замин нисбати 86 нафар 193 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки бештари онҳо асосан дар шаҳру ноҳияҳои Хуросон (52 ҳолат), Кӯшониён (41), Кӯлоб (19), Восеъ (18), Вахш (15), Ҷайҳун (11) ва Қубодиён (8) содир шудаанд.
https://sputnik.tj/20220225/prezident-mansabdor-yovon-guruh-jinoi-sozmon-1046225879.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0b/1041593317_219:78:1632:1138_1920x0_80_0_0_7a0428bcec911e1b3f47af2269df3d3e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошт раис ҷамоат коргоҳаш оҷонсӣ заминфурӯшӣ
боздошт раис ҷамоат коргоҳаш оҷонсӣ заминфурӯшӣ
Боздошти раиси ҷамоат дар ҷойи кораш: Оҷонсӣ гуфт, ӯ ба заминфурӯшӣ даст задааст
09:44 28.02.2022 (Навсозишуда: 11:26 28.02.2022) Раиси ҷамоате барои фурӯши замин ҳангоми гирифтани маблағ дар ҷойи кораш дастгир шудааст
ДУШАНБЕ, 28 фев— Sputnik. Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон Муродов Суҳроб, раиси Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониёнро боздошт кардааст.
Ба иттилои манбаъ, номбурда дар асоси қарори маҷлиси вакилони Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён ба вазифаи раиси ҷамоати мазкур таъйин гардида дар давраи фаъолияти кориаш даст ба қаллобӣ задааст.
Гуфта мешавад, боздоштшуда бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд “А” даромада, барои ҷудо намуда додани 0,04 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои хоҷагии ба номи “Д.Нуриддинов”, ҷамоати мазкур 15000 сомонӣ гирифта, барои минбаъд ҳуҷҷатгузорӣ намудани он 20 000 сомонӣ талаб намуд.
"Дар натиҷа, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ баъди гирифтани маблағи 20 000 сомонӣ номбурда аз ҷониби кормадони агентӣ дар утоқи кориаш дастгир ва маблағи мазкур ҳамчун далел дарёфт карда шуд",- афзуд манбаъ.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Муродов Суҳроб Рамазонович бо моддаҳои 247, қисми 4, банди "б" ва 338 иловаи 1, қисми 2 бандҳои "а" "в", Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Дар сурати тасдиқи иттиҳом бар асоси 247, қисми 4, банди "б", боздоштшуда аз 87 то 131 ҳазор сомонӣ ҷарима мешавад ё аз ҳашт то дувоздаҳ сол ҳукми зиндон мегирад ва ҳамчунин молу мулкаш тасарруф мешавад.
Моддаи 338, иловаи 1, қисми 2 бандҳои "а" "в" бошад, ҷарима ба андозаи 58 то 94 ҳазор сомонӣ ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ солро пешбинӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ахиран раисҷумҳури кишвар зимни сафараш ба Хатлон ҳолатҳои харидуфурӯши замин дар соли 2021 дар вилоятро ташвишовар хонда буд.
"Дар ин давра ҷиноятҳои ошкоршуда вобаста ба харидуфурӯши замин 429 ҳолатро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда хеле нигаронкунанда аст",- гуфт раисҷумҳур дар суҳбат бо раҳбарони ин вилоят.
Гуфта мешавад, дар як соли қаблӣ аз ҷониби Агентии мубориза бо фасод дар самти харидуфурӯши замин нисбати 86 нафар 193 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки бештари онҳо асосан дар шаҳру ноҳияҳои Хуросон (52 ҳолат), Кӯшониён (41), Кӯлоб (19), Восеъ (18), Вахш (15), Ҷайҳун (11) ва Қубодиён (8) содир шудаанд.