https://sputnik.tj/20220225/prezident-mansabdor-yovon-guruh-jinoi-sozmon-1046225879.html
Президент: Муовини раис ва 25 мансабдори Ёвон гурӯҳи ҷиноӣ созмон доданд
Президент: Муовини раис ва 25 мансабдори Ёвон гурӯҳи ҷиноӣ созмон доданд
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҳолатҳои зиёдшавии ҷиноёти марбут ба хариду фурӯши замин дар вилояти Хатлон нигаронӣ кард
2022-02-25T14:10+0500
2022-02-25T14:10+0500
2022-02-25T18:10+0500
ёвон
рустами эмомалӣ
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044997194_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_10946726380dff47f116203a0bd40cfc.jpg
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, тайи соли 2021 ба 400 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби мақомоти прокуратура эътироз оварда шудааст, ки нисбат ба соли 2020 133 ҳолат зиёд буда, 79 фоизи онҳо вобаста ба истифодаи замин мебошанд.Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми раиси ноҳияи Ёвон А. Набизодаро мисол овард.Ӯ гуфт, Набизода якҷо бо мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ, раиси Кумитаи идораи замин, раисони ҷамоатҳои деҳот ва шахсони дигар гурӯҳи ҷиноятӣ созмон дода, 331 ҳолати ҷинояти вобаста ба заминро содир намудааст."Бо парвандаи ҷиноятӣ 25 нафар шахсони мансабдори ин ноҳия ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо ҳукми суд маҳкум гардидаанд ва 10 миллион сомонӣ зарари расонидаи онҳо ошкор карда шудааст",- афзуд раисҷумҳур.Гуфта мешавад, дар як соли қаблӣ аз ҷониби Агентии мубориза бо фасод дар самти харидуфурӯши замин нисбати 86 нафар 193 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки бештари онҳо асосан дар шаҳру ноҳияҳои Хуросон (52 ҳолат), Кӯшониён (41), Кӯлоб (19), Восеъ (18), Вахш (15), Ҷайҳун (11) ва Қубодиён (8) содир шудаанд.Инчунин аз ҷониби агентӣ соли 2021 64 ҷинояти аз ҷониби кормандони кумитаҳои идораи замин ва корхонаҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳру ноҳияҳои вилоят ошкор шудааст.Дар чунин ҳол раисҷумҳур ба мақомот дастур додааст, ки барои пешгирии чунин ҳолот чораандешӣ кунанд.
https://sputnik.tj/20220214/bozdosht-kormand-kumita-zamin-zaminfurushi-1045819604.html
ёвон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/14/1044997194_124:0:1937:1360_1920x0_80_0_0_b156398a37e6bfaed6d95d137c29d936.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
президент раис мансабдор ёвон гурӯҳ ҷиноят созмон
президент раис мансабдор ёвон гурӯҳ ҷиноят созмон
Президент: Муовини раис ва 25 мансабдори Ёвон гурӯҳи ҷиноӣ созмон доданд
14:10 25.02.2022 (Навсозишуда: 18:10 25.02.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҳолатҳои зиёдшавии ҷиноёти марбут ба харидуфурӯши замин дар вилояти Хатлон нигаронӣ кард
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, тайи соли 2021 ба 400 қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби мақомоти прокуратура эътироз оварда шудааст, ки нисбат ба соли 2020 133 ҳолат зиёд буда, 79 фоизи онҳо вобаста ба истифодаи замин мебошанд.
"Дар ин давра ҷиноятҳои ошкоршуда вобаста ба харидуфурӯши замин 429 ҳолатро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда хеле нигаронкунанда аст",- гуфт раисиҷумҳур дар суҳбат бо раҳбарони ин вилоят.
Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми раиси ноҳияи Ёвон А. Набизодаро мисол овард.
Ӯ гуфт, Набизода якҷо бо мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ, раиси Кумитаи идораи замин, раисони ҷамоатҳои деҳот ва шахсони дигар гурӯҳи ҷиноятӣ созмон дода, 331 ҳолати ҷинояти вобаста ба заминро содир намудааст.
"Бо парвандаи ҷиноятӣ 25 нафар шахсони мансабдори ин ноҳия ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо ҳукми суд маҳкум гардидаанд ва 10 миллион сомонӣ зарари расонидаи онҳо ошкор карда шудааст",- афзуд раисҷумҳур.
Гуфта мешавад, дар як соли қаблӣ аз ҷониби Агентии мубориза бо фасод дар самти харидуфурӯши замин нисбати 86 нафар 193 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки бештари онҳо асосан дар шаҳру ноҳияҳои Хуросон (52 ҳолат), Кӯшониён (41), Кӯлоб (19), Восеъ (18), Вахш (15), Ҷайҳун (11) ва Қубодиён (8) содир шудаанд.
Инчунин аз ҷониби агентӣ соли 2021 64 ҷинояти аз ҷониби кормандони кумитаҳои идораи замин ва корхонаҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳру ноҳияҳои вилоят ошкор шудааст.
Дар чунин ҳол раисҷумҳур ба мақомот дастур додааст, ки барои пешгирии чунин ҳолот чораандешӣ кунанд.