https://sputnik.tj/20220228/boshgoh-futbol-tojikiston-mavsim-1046353492.html
Кӣ омаду кӣ рафт: Бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон мавсимро бо ҳайатҳои қавӣ пешвоз мегиранд
Кӣ омаду кӣ рафт: Бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон мавсимро бо ҳайатҳои қавӣ пешвоз мегиранд
Sputnik Тоҷикистон
Дар остонаи мавсими нав дар бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон интиқоли бозигарон идома дорад
2022-02-28T18:15+0500
2022-02-28T18:15+0500
2022-02-28T18:44+0500
дар тоҷикистон
футбол
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1a/1033082113_0:157:2997:1843_1920x0_80_0_0_6cdaba8016c04fbd0ae21b334d23face.jpg
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Бошгоҳҳои Лигаи олии чемпионати футболи кишвар ба мавсими нав омодагӣ дида, дар баробари ин ҳайати дастаҳои худро пурзӯр карда истодаанд. Баъзе дастаҳо бозингарони худро ба хориҷа фиристоданд. Sputnik Тоҷикистон дар бораи ҷолибтарин трансферҳои мавсим мегӯяд.Билохира "Истиқлол"-и Душанбе, ки ба зудӣ дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC ширкатро оғоз мекунад, фаъолтар шуд. Инак собиқ бозигари тими футболи "Тамбов" ва "Крылья Советов" Никита Чичерин ба бошгоҳи душанбегӣ гузашт ва аз "Нефтехимик"-и Русия рафт. Илова бар ин тими эронии “Сирҷон Гол Гоҳар”-и Лигаи аввал ҳамлагари габонӣ Эрик Бокумро ба “Истиқлол” иҷора дод. Мавсими истироҳат бо бозгашти нимҳимоятгар Нуриддин Давронов, ки чанде қабл аз бошгоҳи "Персита" рафт, қайд карда шуд. Ӯ боз ба дастаи пештарааш – "Истиқлол" баргашт.Ҳимоятгари украинӣ Алексей Ларин, ки ба яке аз чеҳраҳои бошгоҳ табдил ёфтааст, акнун дар ҳайати "Пахтакор"-и Ӯзбекистон бозӣ мекунад.Ҳимоятгари дигари “Истиқлол” Зоир Ҷӯрабоев низ легионер шуд – ҳоло дар бошгоҳи “Сурхон”-и Ӯзбекистон бозӣ мекунад. Бошгоҳи футболи “Хуҷанд”, ки дар арсаи Осиё бозӣ мекунад, ҳайати худро бо ҳамлагари “Истаравшан” Муҳаммадалӣ Азизбоев пурзӯр кард. Ҳамчунин легионери узбакистонӣ Шоҳруҳ Маҳмудҳоҷиев аз “Навбаҳор” ба ин даста омад. Илова бар ин ҳайати бошгоҳи Суғдро як ҳамлагари камерунӣ Эммануэл Тухед пурра мекунад, ҳоло ӯ аз санҷиши тахассусӣ мегузарад.Нимҳимоятгари тими "Душанбе" Хуршед Абдуллоев ба ҳайати ССКА-и пойтахт, ки дар Ҷоми AFC бозӣ мекунад, мепайвандад. ССКА ҳимоятгар Алишер Сафаровро, ки қаблан дар дастаҳои "Истиқлол" ва "Вахш" бозӣ мекард, низ ба ҳайати даста пазируфт.Ҳимоятгар Бахтиёр Қаландаров, ки дар "Истаравшан" бозӣ мекард, ба дастаи "Айзавл"-и Ҳиндустон, ки дар лигаи дуюми кишвар бозӣ мекунад, гардид.Ҳайати легионерҳои тоҷикро нимҳимоятгар Саидхӯҷа Муҳаммадшарифӣ бештар кард. Ӯ бозигари "Шахтёр"-и Петриково, ки дар Лигаи якуми Беларус бозӣ мекунад, шуд. Номбурда қаблан дар "Равшан"-и Кӯлоб бозӣ мекард. Ҳимоятгар Бахтиёр Қаландаров, ки дар "Истаравшан" бозӣ мекард, , ба дастаи "Айзавл"-и Ҳиндустон, ки дар лигаи дуюми кишвар бозӣ мекунад, рафт.
https://sputnik.tj/20220219/qimat-boshgoh-futbol-tojikiston-kohish-1046042631.html
https://sputnik.tj/20220224/narkh-futbolbozon-muntakhab-tochikiston-elon-1046238926.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1a/1033082113_165:0:2832:2000_1920x0_80_0_0_2e4b08dfa4c4137f9dfcd732bf16e957.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бошгоҳҳо футбол тоҷикистон мавсим ҳайатҳо қавӣ
бошгоҳҳо футбол тоҷикистон мавсим ҳайатҳо қавӣ
Кӣ омаду кӣ рафт: Бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон мавсимро бо ҳайатҳои қавӣ пешвоз мегиранд
18:15 28.02.2022 (Навсозишуда: 18:44 28.02.2022) Дар остонаи мавсими нав дар бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон интиқоли бозигарон идома дорад
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Бошгоҳҳои Лигаи олии чемпионати футболи кишвар ба мавсими нав омодагӣ дида, дар баробари ин ҳайати дастаҳои худро пурзӯр карда истодаанд. Баъзе дастаҳо бозингарони худро ба хориҷа фиристоданд.
Sputnik Тоҷикистон дар бораи ҷолибтарин трансферҳои мавсим мегӯяд.
Билохира "Истиқлол"-и Душанбе, ки ба зудӣ дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC ширкатро оғоз мекунад, фаъолтар шуд. Инак собиқ бозигари тими футболи "Тамбов" ва "Крылья Советов" Никита Чичерин ба бошгоҳи душанбегӣ гузашт ва аз "Нефтехимик"-и Русия рафт.
Илова бар ин тими эронии “Сирҷон Гол Гоҳар”-и Лигаи аввал ҳамлагари габонӣ Эрик Бокумро ба “Истиқлол” иҷора дод.
Мавсими истироҳат бо бозгашти нимҳимоятгар Нуриддин Давронов, ки чанде қабл аз бошгоҳи "Персита" рафт, қайд карда шуд. Ӯ боз ба дастаи пештарааш – "Истиқлол" баргашт.
Ҳимоятгари украинӣ Алексей Ларин, ки ба яке аз чеҳраҳои бошгоҳ табдил ёфтааст, акнун дар ҳайати "Пахтакор"-и Ӯзбекистон бозӣ мекунад.
Ҳимоятгари дигари “Истиқлол” Зоир Ҷӯрабоев низ легионер шуд – ҳоло дар бошгоҳи “Сурхон”-и Ӯзбекистон бозӣ мекунад.
Бошгоҳи футболи “Хуҷанд”, ки дар арсаи Осиё бозӣ мекунад, ҳайати худро бо ҳамлагари “Истаравшан” Муҳаммадалӣ Азизбоев пурзӯр кард. Ҳамчунин легионери узбакистонӣ Шоҳруҳ Маҳмудҳоҷиев аз “Навбаҳор” ба ин даста омад.
Илова бар ин ҳайати бошгоҳи Суғдро як ҳамлагари камерунӣ Эммануэл Тухед пурра мекунад, ҳоло ӯ аз санҷиши тахассусӣ мегузарад.
Нимҳимоятгари тими "Душанбе" Хуршед Абдуллоев ба ҳайати ССКА-и пойтахт, ки дар Ҷоми AFC бозӣ мекунад, мепайвандад. ССКА ҳимоятгар Алишер Сафаровро, ки қаблан дар дастаҳои "Истиқлол" ва "Вахш" бозӣ мекард, низ ба ҳайати даста пазируфт.
Ҳимоятгар Бахтиёр Қаландаров, ки дар "Истаравшан" бозӣ мекард, ба дастаи "Айзавл"-и Ҳиндустон, ки дар лигаи дуюми кишвар бозӣ мекунад, гардид.
Ҳайати легионерҳои тоҷикро нимҳимоятгар Саидхӯҷа Муҳаммадшарифӣ бештар кард. Ӯ бозигари "Шахтёр"-и Петриково, ки дар Лигаи якуми Беларус бозӣ мекунад, шуд. Номбурда қаблан дар "Равшан"-и Кӯлоб бозӣ мекард.
Ҳимоятгар Бахтиёр Қаландаров, ки дар "Истаравшан" бозӣ мекард, , ба дастаи "Айзавл"-и Ҳиндустон, ки дар лигаи дуюми кишвар бозӣ мекунад, рафт.