https://sputnik.tj/20220224/narkh-futbolbozon-muntakhab-tochikiston-elon-1046238926.html
Гаронарзиштарин футболбозони мунтахаби Тоҷикистон эълон шуданд: ном ба ном
Гаронарзиштарин футболбозони мунтахаби Тоҷикистон эълон шуданд: ном ба ном
Sputnik Тоҷикистон
Ҳеҷ яке аз варзишгарони тоҷик харҷи миллионҳо евроро паси сар накардааст, аммо аллакай бисёре аз бозигарони тими футболи Тоҷикистонро бошгоҳҳои хориҷӣ фурӯхтаанд
2022-02-24T20:18+0500
2022-02-24T20:18+0500
2023-07-04T17:43+0500
футбол
дар тоҷикистон
нарх
навигариҳои варзиши тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/1f/1031818121_0:71:1200:746_1920x0_80_0_0_d7e71dc3adbb8f56ddec72e43ae9f782.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Бар асоси маълумоти торномаи олмонӣ, Sputnik Тоҷикистон радабандии гаронарзиштарин футболбозони тими миллиро тартиб дод. Бино ба маълумоти "Transfermarkt.de", тими миллии Тоҷикистон 6,43 миллион евро арзиш дорад. Синну соли миёнаи варзишкорон 23,5 сол аст. Коршиносони портали олмонӣ ба он 23 бозигарро ворид кардаанд. Мақоми аввалро якбора ду бозигар ишғол мекунанд. Онҳо футболбози дастаи "Локомотив"-и Булғористон Парвизҷон Умарбоев ва нимҳимоятгари АГМК-и Ӯзбекистон Алишер Ҷалилов мебошанд. Нархи онҳо 700 000 евро арзёбӣ мешавад. Дар ҷойи дуюм дар феҳрист футболбози "Навбаҳор"-и Ӯзбекистон Эҳсони Панҷшанбе қарор дорад, ки 600 ҳазор евро арзиш дорад. Дар зинаи сеюм якбора боз ду бозигари дигар ҷой гирифтаанд, ки 400 000 евро нарх доранд.Инҳо бозигарони "Истиқлол" Манучеҳр Ҷалилов ва Зоир Ҷӯрабоев мебошанд. Агар ба феҳристи панҷ варзишкори гаронарзиштарини тоҷик назар андозед, дар радабандӣ боз чаҳор футболбози дигарро, ки Тоҷикистонро дар кишварҳои берун муаррифӣ кардаанд ё мекунанд, мебинед.Ин ҳамлагари тими "Торпедо-БелАЗ"-и Беларус Шаҳром Самиев аст, ки қимати трансфери ӯ 350 ҳазор евро арзёбӣ мешавад. Се бозигари дигар бо нархи 275 ҳазор евро дар интизори клубҳо ҳастанд.Онҳо Нуриддин Давронов ва Шериддин Бобоев мебошанд, ки расман бидуни бошгоҳ ҳастанд. Якумӣ ба наздикӣ тими "Персита"-ро тарк кард ва дуввумӣ бошгоҳи "Пенанг"-ро (ҳарду аз Малайзия). Бозингари сеюм Муҳаммадҷон Раҳимов аст, ки чанде қабл аз "Ордабаси"-и Қазоқистон рафт. Зимнан, ҳамаи се бозигар феълан дар ҳайати "Истиқлол" тамрин мекунанд ва ба эҳтимоли зиёд фаъолияти худро дар он идома медиҳанд. Баъдан як қатор бозигароне ҷойгиранд, ки нархи онҳо нисбатан камтар аст.Дар миёни онҳо Амирбек Ҷӯрабоев ("Истиқлол") ва Ваҳдат Ҳаннонов ("Персеполис") ҳар кадом 250 000 евроӣ. Футболбози тоҷик бошгоҳи Қазоқистонро тарк кардМанучеҳр Сафаровро "Персеполис" ба маблағи 225 ҳазор ва Кароматулло Саидов ва Наимҷон Иброҳимзода аз дасти "Хуҷанд" 200 ҳазор евроӣ баҳогузорӣ шудаанд. Дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон чанд бозигар 175 ҳазор евро арзиш доранд. Инҳо Ҳусейн Нурматов (Истаравшан), Шоҳрух Қиргизбоев ва Шервони Мабатшоев аз "Истиқлол" ва инчунин Алиҷон Кароматуллозода аз ССКА мебошанд. Давронҷон Эргашев аз “Бунёдкор”-и Ӯзбекистон, Ҷаҳонгир Эргашев аз “Нефтчи”-и Қирғизистон, Табрези Давлатмир аз “Истиқлол” 150 ҳазор, дарвозабон Муҳриддин Ҳасанов аз “Хуҷанд” 125 ҳазор рубл арзёбӣ мешавад. Ва дарвозабони дигар Далер Азизов аз "Регар-ТадАЗ" феҳристи бозигарони тими миллиро хотима медиҳад: ҳунари ӯ 50 ҳазор евро арзёбӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20220219/qimat-boshgoh-futbol-tojikiston-kohish-1046042631.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/1f/1031818121_56:0:1144:816_1920x0_80_0_0_946fa402e570b9f5b4c4d399ace54c75.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қиммат, мунтахаб, футбол, точикистон
қиммат, мунтахаб, футбол, точикистон
Гаронарзиштарин футболбозони мунтахаби Тоҷикистон эълон шуданд: ном ба ном
20:18 24.02.2022 (Навсозишуда: 17:43 04.07.2023) Ҳеҷ яке аз варзишгарони тоҷик беш аз миллион евро нарх надорад, аммо аллакай бисёре аз бозигарони тими футболи Тоҷикистонро бошгоҳҳои хориҷӣ харидаанд
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Бар асоси маълумоти торномаи олмонӣ, Sputnik Тоҷикистон радабандии гаронарзиштарин футболбозони тими миллиро тартиб дод.
Бино ба маълумоти "Transfermarkt.de", тими миллии Тоҷикистон 6,43 миллион евро арзиш дорад.
Синну соли миёнаи варзишкорон 23,5 сол аст. Коршиносони портали олмонӣ ба он 23 бозигарро ворид кардаанд.
Мақоми аввалро якбора ду бозигар ишғол мекунанд. Онҳо футболбози дастаи "Локомотив"-и Булғористон Парвизҷон Умарбоев ва нимҳимоятгари АГМК-и Ӯзбекистон Алишер Ҷалилов мебошанд. Нархи онҳо 700 000 евро арзёбӣ мешавад.
Дар ҷойи дуюм дар феҳрист футболбози "Навбаҳор"-и Ӯзбекистон Эҳсони Панҷшанбе қарор дорад, ки 600 ҳазор евро арзиш дорад. Дар зинаи сеюм якбора боз ду бозигари дигар ҷой гирифтаанд, ки 400 000 евро нарх доранд.
Инҳо бозигарони "Истиқлол" Манучеҳр Ҷалилов ва Зоир Ҷӯрабоев мебошанд.
Агар ба феҳристи панҷ варзишкори гаронарзиштарини тоҷик назар андозед, дар радабандӣ боз чаҳор футболбози дигарро, ки Тоҷикистонро дар кишварҳои берун муаррифӣ кардаанд ё мекунанд, мебинед.
Ин ҳамлагари тими "Торпедо-БелАЗ"-и Беларус Шаҳром Самиев аст, ки қимати трансфери ӯ 350 ҳазор евро арзёбӣ мешавад. Се бозигари дигар бо нархи 275 ҳазор евро дар интизори клубҳо ҳастанд.
Онҳо Нуриддин Давронов ва Шериддин Бобоев мебошанд, ки расман бидуни бошгоҳ ҳастанд.
Якумӣ ба наздикӣ тими "Персита"-ро тарк кард ва дуввумӣ бошгоҳи "Пенанг"-ро (ҳарду аз Малайзия). Бозингари сеюм Муҳаммадҷон Раҳимов аст, ки чанде қабл аз "Ордабаси"-и Қазоқистон рафт.
Зимнан, ҳамаи се бозигар феълан дар ҳайати "Истиқлол" тамрин мекунанд ва ба эҳтимоли зиёд фаъолияти худро дар он идома медиҳанд.
Баъдан як қатор бозигароне ҷойгиранд, ки нархи онҳо нисбатан камтар аст.
Дар миёни онҳо Амирбек Ҷӯрабоев ("Истиқлол") ва Ваҳдат Ҳаннонов ("Персеполис") ҳар кадом 250 000 евроӣ.
Манучеҳр Сафаровро "Персеполис" ба маблағи 225 ҳазор ва Кароматулло Саидов ва Наимҷон Иброҳимзода аз дасти "Хуҷанд" 200 ҳазор евроӣ баҳогузорӣ шудаанд.
Дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон чанд бозигар 175 ҳазор евро арзиш доранд. Инҳо Ҳусейн Нурматов (Истаравшан), Шоҳрух Қиргизбоев ва Шервони Мабатшоев аз "Истиқлол" ва инчунин Алиҷон Кароматуллозода аз ССКА мебошанд.
Давронҷон Эргашев аз “Бунёдкор”-и Ӯзбекистон, Ҷаҳонгир Эргашев аз “Нефтчи”-и Қирғизистон, Табрези Давлатмир аз “Истиқлол” 150 ҳазор, дарвозабон Муҳриддин Ҳасанов аз “Хуҷанд” 125 ҳазор рубл арзёбӣ мешавад.
Ва дарвозабони дигар Далер Азизов аз "Регар-ТадАЗ" феҳристи бозигарони тими миллиро хотима медиҳад: ҳунари ӯ 50 ҳазор евро арзёбӣ шудааст.