Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Жириновский чӣ ҳол дорад: хабари нав

© Пресс-служба Госдумы РФ / Гузариш ба медиабонкРуководитель фракции ЛДПР Владимир Жириновский
Руководитель фракции ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2022
Обуна шудан
Намояндагони Ҳизби либерал-демократӣ гуфтанд, ки ба иттилои ашхоси номаълум дар бораи вазъи саломатии Жириновский набояд бовар кард
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Ҳамаи иттилооти ашхоси номаълум дар бораи бад шудани саломатии раҳбари ҲЛДР Владимир Жириновский овозае беш нест.
Дар ин бора ба РИА "Новости" бо истинод ба дафтари матбуотии Ҳизби либерал-демократӣ хабар додааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, сиҳҳати сиёсатмадор тадриҷан беҳбуд меёбад. Дар ҳамин ҳол хадамоти матбуотӣ то ҳол дар бораи шеваи муолиҷаи Жириновский изҳороти расмӣ надодааст.
Қаблан хабар дода шуд, ки табибон бо ёрии антибиотикҳо Жириновскийро табобати зиддиилтиҳобӣ мекунанд.
Инчунин маълум аст, ки раҳбари Ҳизби либерал-демократиро беҳуш карда буданд, то доруҳоеро, ки аксуламали дардовар доранд, ба ӯ гузаронанд.
Бо вуҷуди гузоришҳои сершумор дар расонаҳо ин ҳизб хабари бад шудани вазъи саломатии раҳбари худро рад мекунад.
Дополнительное пленарное заседание Госдумы РФ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Иштибоҳи Жириновский вазъашро шадид кард
Ҳамин тавр намояндагони ҳизб ба РИА "Новости" гуфтаанд, ки вазъи сиҳҳати сиёсатмадор муътадил боқӣ мемонад ва маълумот дар бораи вазъи саломатии ӯ "ба воқеият мувофиқат намекунад".
Дар бораи сиҳҳат шудани Жириновский раиси Ҳизби коммунисти Русия Геннадий Зюганов, ки дар ҳамин бемористон аз бемории коронавирус табобат мегирифт, низ гуфта буд.
Ёдовар мешавем, ки иттилоъ дар бораи бистарӣ шудани раиси Ҳизби либерал-демократӣ ба иллати гирифторӣ бо коронавирус дуюми феврал расонаӣ шуд.
Расонаҳо: Жириновскийро сунъӣ беҳуш кардаанд
Ҳатто он вақт расонаҳо хабар дода буданд, ки сиёсатмадор дар ҳолати вазнин қарор дорад ва ба илтиҳоби дуҷонибаи шуш гирифтор шудааст.
Ба гуфтаи раиси собиқи "Роспотребнадзор" Геннадий Онишенко, сабаби чунин ҷараёни шадиди COVID-19 муроҷиати ба таъхири Жириновский барои кумаки тиббӣ будааст.
Лентаи хабарҳо
0