https://sputnik.tj/20220215/vaz-zhirinovskiy-shadid-shud-1045903716.html
Иштибоҳи Жириновский вазъашро шадид кард
Иштибоҳи Жириновский вазъашро шадид кард
Sputnik Тоҷикистон
Сиёсатмадор метавонист аз ҷараёни шадиди коронавирус канорагирӣ кунал, вале бо сабаби иштибоҳи ногузир ҳама чиз печида шуд
2022-02-15T20:00+0500
2022-02-15T20:00+0500
2022-02-15T21:13+0500
дар русия
владимир жириновский
тандурустӣ
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045892885_0:0:1559:878_1920x0_80_0_0_e7ce562659092fb3fcb43f5633409efc.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Раиси собиқи "Роспотребнадзор" Геннадий Онишенко дар суҳбат бо KP.RU шарҳ дод, ки чаро ҷараёни бемории раҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский шадид шуд. Ба гуфтаи ӯ, нагирифтани табобати саривақтӣ ӯро ба ин натиҷа овардааст. Онишенко қайд кард, ки сиёсатмадор аз зуд бистарӣ шудан худдорӣ кард ва ҳоло дар ҳолати хуб қарор надорад.Раҳбари собиқи "Роспотребнадзор" бовар дорад, ки Жириновский метавонист аз мушкилиҳо канорагирӣ кунад, агар ӯ дар оғози бемории коронавирус фавран ба беморхона мерафт.Онишенко таъкид кард, ки Жириновский дар бораи риояи чораҳои зидди COVID ҷиддӣ буд, дар маҷлисҳо дастпӯшак ва ниқоб мепӯшид ва инчунин кӯшиш кард, дар толорҳое, ки ҳамоишҳо баргузор мешуданд, то ҳадди имкон камтар бимонанд.Ёдовар мешавем, бар асари гирифторӣ ба коронавирус Жириновскийро рӯзи 2 феврал ба яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав интиқол доданд.Ҳатто он вақт дар расонаҳо иттилое нашр шуд, ки гуфта мешуд, ин сиёсатмадор дар ҳолати вазнин бинобар гирифторӣ ба илтиҳоби шадиди шуш қарор дорад.Зимнан канали "Telegram 112" хабар нашр кард, ки Жириновский ба дастгоҳи ИВЛ пайваст шудааст.Феълан сиёсатмадор зери назорати қатъии табибион қарор дорад ва маълум нест, ки ӯ кай аз бемористон мураххас мешавад.Табибон мегӯянд, дар ин бора ҳарф задан ҳоло хеле барвақт аст.
https://sputnik.tj/20220214/vaznin-zhirinovskiy-malum-1045842895.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0f/1045892885_130:0:1559:1072_1920x0_80_0_0_27ce45d59698f2644db3cb78e511c9ca.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир жириновский коронавирус
владимир жириновский коронавирус
Иштибоҳи Жириновский вазъашро шадид кард
20:00 15.02.2022 (Навсозишуда: 21:13 15.02.2022) Сиёсатмадор метавонист аз ҷараёни шадиди коронавирус канорагирӣ кунад, вале бо сабаби иштибоҳот ҳама чиз печида шуд
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Раиси собиқи "Роспотребнадзор" Геннадий Онишенко дар суҳбат бо KP.RU шарҳ дод, ки чаро ҷараёни бемории раҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский шадид шуд. Ба гуфтаи ӯ, нагирифтани табобати саривақтӣ ӯро ба ин натиҷа овардааст.
Онишенко қайд кард, ки сиёсатмадор аз зуд бистарӣ шудан худдорӣ кард ва ҳоло дар ҳолати хуб қарор надорад.
Раҳбари собиқи "Роспотребнадзор" бовар дорад, ки Жириновский метавонист аз мушкилиҳо канорагирӣ кунад, агар ӯ дар оғози бемории коронавирус фавран ба беморхона мерафт.
Онишенко таъкид кард, ки Жириновский дар бораи риояи чораҳои зидди COVID ҷиддӣ буд, дар маҷлисҳо дастпӯшак ва ниқоб мепӯшид ва инчунин кӯшиш кард, дар толорҳое, ки ҳамоишҳо баргузор мешуданд, то ҳадди имкон камтар бимонанд.
Ёдовар мешавем, бар асари гирифторӣ ба коронавирус Жириновскийро рӯзи 2 феврал ба яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав интиқол доданд.
Ҳатто он вақт дар расонаҳо иттилое нашр шуд, ки гуфта мешуд, ин сиёсатмадор дар ҳолати вазнин бинобар гирифторӣ ба илтиҳоби шадиди шуш қарор дорад.
Зимнан канали "Telegram 112" хабар нашр кард, ки Жириновский ба дастгоҳи ИВЛ пайваст шудааст.
Феълан сиёсатмадор зери назорати қатъии табибион қарор дорад ва маълум нест, ки ӯ кай аз бемористон мураххас мешавад.
Табибон мегӯянд, дар ин бора ҳарф задан ҳоло хеле барвақт аст.