https://sputnik.tj/20220227/zakharova-ravobit-rusiya-ittihodi-avrupo-1046310991.html
Захарова: Равобити Русия бо Иттиҳоди Аврупо расман қатъ нашудааст
Захарова: Равобити Русия бо Иттиҳоди Аврупо расман қатъ нашудааст
Sputnik Тоҷикистон
Захарова гуфт, ки равобити расмии дипломатӣ миёни Русия ва Иттиҳоди Аврупо қатъ нашудааст
2022-02-27T09:00+0500
2022-02-27T09:00+0500
2022-02-28T20:00+0500
дар русия
сиёсат
мария захарова
иттиҳоди аврупо
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044731845_0:0:3105:1747_1920x0_80_0_0_887f1dddfc34f3377997361076d75d71.jpg
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия гуфт, расман равобити дипломатии Русия ва Иттиҳодияи Аврупо қатъ нашудааст. Рӯзи 21 феврал раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармонҳо дар бораи эътирофи ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганскро, ки дар соли 2014 истиқлоли худро аз Киев эълон карда буданд, имзо ва субҳи барвақти 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.Дар як паёми телевизионӣ ба ҳамватанонаш Путин гуфт, ки вазъ "амали қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад", зеро ҷумҳуриҳои Донбасс дархости кумак намудаанд.Ба гуфтаи раҳбари Русия, тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд.Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна зарба назадаанд ва ҳамзамон ба аҳолии осоишта низ хатаре таҳдид намекунад.Вазорати дифоъ афзуд, ки марзбонони украинӣ "ҳеҷ муқовимат нишон намедиҳанд", дар баъзе мавридҳо низомиёни украинӣ таслим мешаванд ва баъд аз ин онҳо имкони бозгашт ба назди хонаводаҳои худро доранд.
https://sputnik.tj/20220226/peskov-putin-mutavaqqifsozii-kiev-muzokirot-1046306642.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044731845_60:0:2791:2048_1920x0_80_0_0_0a2edb74eed54b4ca4eac63d92907823.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мария захарова русия украина
мария захарова русия украина
Захарова: Равобити Русия бо Иттиҳоди Аврупо расман қатъ нашудааст
09:00 27.02.2022 (Навсозишуда: 20:00 28.02.2022) Захарова гуфт, ки равобити расмии дипломатӣ миёни Русия ва Иттиҳоди Аврупо қатъ нашудааст
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Мария Захарова, сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия гуфт, расман равобити дипломатии Русия ва Иттиҳодияи Аврупо қатъ нашудааст.
"Мо расман равобитро вайрон накардаем. Мо дар бораи Шӯрои Аврупо тасмим гирифтем, аммо ин сифатҳои миллӣ нест, ин созмон аст", - гуфт Захарова дар барномаи канали "YouTube"-и Соловев.
Рӯзи 21 феврал раисҷумҳури Русия Владимир Путин фармонҳо дар бораи эътирофи ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганскро, ки дар соли 2014 истиқлоли худро аз Киев эълон карда буданд, имзо ва субҳи барвақти 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.
Дар як паёми телевизионӣ ба ҳамватанонаш Путин гуфт, ки вазъ "амали қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад", зеро ҷумҳуриҳои Донбасс дархости кумак намудаанд.
Ба гуфтаи раҳбари Русия, тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд.
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки Нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна зарба назадаанд ва ҳамзамон ба аҳолии осоишта низ хатаре таҳдид намекунад.
Вазорати дифоъ афзуд, ки марзбонони украинӣ "ҳеҷ муқовимат нишон намедиҳанд", дар баъзе мавридҳо низомиёни украинӣ таслим мешаванд ва баъд аз ин онҳо имкони бозгашт ба назди хонаводаҳои худро доранд.