Песков аз дастури Путин барои мутаваққифсозии амалиёт ва худдории Киев аз музокирот гуфт

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкЗаместитель руководителя администрации президента РФ - пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков
Заместитель руководителя администрации президента РФ - пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2022
Обуна шудан
Дар интизории музокирот бо Киев президенти Русия барои мутаваққиф кардани амалиёти низомӣ дар Украина дастур дода буд
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Киев аз музокирот худдорӣ кард ва дигарбора барои идомаи амалиёти низомӣ дар Украина дастур дода шуд, хабар дод РИА "Новости" аз қавли Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия.
Ба иттилои намояндаи Кремл, рӯзи ҷумъаи 25 феврал дар интизории музокирот бо Киев Владимир Путин, раисҷумҳури Русия барои мутаваққиф кардани амалиёти низомӣ фармон дод.

"Аммо Киев моҳиятан музокоиротро рад намуд ва имрӯз пешрафти нерӯҳои асосӣ аз сар гирифта шуд", - гуфт Песков.

Қаблан мақомоти Украина пешниҳод карда буданд, ки гуфтушунид сурат гирад, то аз ҳалокати одамон ҷилавгирӣ шавад.
Маврид ба зикр аст, ки 21 феврал Русия мустақилияти ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, созишномаи дӯстӣ бо онҳоро ба тасвиб расонд.
Президент Украины Владимир Зеленский  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Зеленский: Дер ё зуд музокироти Киеву Маскав оғоз мешавад
Дар пайи ин Путин 24 феварал аз тасмимаш барои оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дода, афзуд, ки "вазъият иқдоми фаврӣ ва қотеъро талаб мекунад". Ӯ афзуд, ки Донетску Луганск барои кумак ба Русия муроҷиат кардаанд.
Ба гуфтаи Путин Маскав нияти ғасби қаламрави Украинаро надорад, танҳо мехоҳад ҳудуди ин кишварро ғайринизомӣ созад. Путин таъкид намуд, ки дар сурати идомаи хунрезӣ масъулият ба дӯши мақомдорони Киев хоҳад буд. Вай аз низомиёни Украина даъват кард, ки дастурҳои ҷиноиро иҷро накунанд.
Лентаи хабарҳо
0