https://sputnik.tj/20220222/qodirov-gharb-tahrim-tahdid-dusti-1046136165.html
Қодиров: Ғарб фақат бо таҳрим таҳдид мекунад, дӯстӣ намехоҳад
Қодиров: Ғарб фақат бо таҳрим таҳдид мекунад, дӯстӣ намехоҳад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Чеченистон мегӯяд, Ғарб барои таҳримот алайҳи Русия ҳамеша баҳона пайдо мекунад
2022-02-22T11:13+0500
2022-02-22T11:13+0500
2023-10-02T17:09+0500
дар русия
сиёсат
рамазон қодиров
чеченистон
эътироф
ғарб
таҳримот
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102591/57/1025915714_0:168:3041:1879_1920x0_80_0_0_704bf9d3729e54756c93ae1fed0b78cb.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Рамазон Қодиров, роҳбари Чеченистон ҳамандешияшро бо президенти Русия баён дошт, ки Аврупо ва ИМА роҳи дигаре ҷуз таҳрим пешниҳод карда наметавонанд. Қодиров гуфт, Владимир Путин дуруст таъкид намуд, ки Ғарб ҳамеша Русияро бо таҳримот таҳдид мекунад ва баҳона барои он ҳамеша пайдо хоҳад шуд. "Роҳи дигари созанда ва судманди тарафайнро шарикони хориҷӣ пешниҳод карда наметавонанд. Ба онҳо лозим ҳам нест, ки Русия шарик бошад. Розиям бо Владимир Владимирович, ки дар симои мо дӯстро дидан намехоҳанд", - овардааст РИА "Новости" аз қавли Қодиров. Ӯ ҳамчунин ҳамовозияшро бо Путин изҳор доштааст, ки Украинаи муосир комилан аз ҷониби Русияи коммунистӣ сохта шудааст. Қодиров Қримро мисол овард, ки ҳама чӣ дер ё зуд ба маҷрои худ бармегардад. "Бидуни он иқдомоти васеъ, чун кишвар аз аввал мавҷуд дошта наметавонист. Намехоҳам, украиниҳоро малол созам. Бовар дорам, худашон низ инро дарк мекунанд", - илова намудааст вай. Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Русия дар ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шӯрои амният ба шаҳрвандони кишвараш муроҷиат карда гуфт, эътирофи фаврии мустақилияти Донетск ва Луганскро муҳим медонад. Ӯ афзуд, ки ҷаҳон талош дорад, даҳшату наслкушӣ дар Донбассро нодида гирад, аммо дар амал он ҷо ягон рӯз бидуни оташкушоӣ ва ҳалокати одамони осоишта намегузарад. Путин таъкид намуд, ки дар сурати идомаи хунрезӣ дар Донбасс тамоми масъулият ба дӯши низоми Киев хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20220222/putin-sohibikhtiyori-jmd-jml-etirof-1046132382.html
чеченистон
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102591/57/1025915714_156:0:2885:2047_1920x0_80_0_0_83e04f63e6de4b63b07c4bbe396d5581.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қодиров, раисҷумҳур, ғарб, русия, таҳримот
қодиров, раисҷумҳур, ғарб, русия, таҳримот
Қодиров: Ғарб фақат бо таҳрим таҳдид мекунад, дӯстӣ намехоҳад
11:13 22.02.2022 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Раисҷумҳури Чеченистон мегӯяд, Ғарб барои таҳримот алайҳи Русия ҳамеша баҳона пайдо мекунад
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Рамазон Қодиров, роҳбари Чеченистон ҳамандешияшро бо президенти Русия баён дошт, ки Аврупо ва ИМА роҳи дигаре ҷуз таҳрим пешниҳод карда наметавонанд.
Қодиров гуфт, Владимир Путин дуруст таъкид намуд, ки Ғарб ҳамеша Русияро бо таҳримот таҳдид мекунад ва баҳона барои он ҳамеша пайдо хоҳад шуд.
"Роҳи дигари созанда ва судманди тарафайнро шарикони хориҷӣ пешниҳод карда наметавонанд. Ба онҳо лозим ҳам нест, ки Русия шарик бошад. Розиям бо Владимир Владимирович, ки дар симои мо дӯстро дидан намехоҳанд", - овардааст РИА "Новости" аз қавли Қодиров.
Ӯ ҳамчунин ҳамовозияшро бо Путин изҳор доштааст, ки Украинаи муосир комилан аз ҷониби Русияи коммунистӣ сохта шудааст. Қодиров Қримро мисол овард, ки ҳама чӣ дер ё зуд ба маҷрои худ бармегардад.
"Бидуни он иқдомоти васеъ, чун кишвар аз аввал мавҷуд дошта наметавонист. Намехоҳам, украиниҳоро малол созам. Бовар дорам, худашон низ инро дарк мекунанд", - илова намудааст вай.
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Русия дар ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шӯрои амният ба шаҳрвандони кишвараш муроҷиат карда гуфт, эътирофи фаврии мустақилияти Донетск ва Луганскро муҳим медонад. Ӯ афзуд, ки ҷаҳон талош дорад, даҳшату наслкушӣ дар Донбассро нодида гирад, аммо дар амал он ҷо ягон рӯз бидуни оташкушоӣ ва ҳалокати одамони осоишта намегузарад. Путин таъкид намуд, ки дар сурати идомаи хунрезӣ дар Донбасс тамоми масъулият ба дӯши низоми Киев хоҳад буд.