https://sputnik.tj/20220226/bayden-kumak-ukraina-600-million-dollar-1046293475.html
Байден дастур дод, ки барои кумак ба Украина 600 миллион доллар ҷудо шавад
Байден дастур дод, ки барои кумак ба Украина 600 миллион доллар ҷудо шавад
Sputnik Тоҷикистон
Президенти ИМА ба Департаменти давлатӣ дастур дод, ки барои кумак ба Украина 600 миллион доллар ҷудо кунад
2022-02-26T10:05+0500
2022-02-26T10:05+0500
2022-02-28T20:12+0500
украина
има
ҷо байден
дастур
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045117156_0:50:3257:1882_1920x0_80_0_0_4bee2cee9b278381d0696594bd7d86cc.jpg
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден дастур дод, ки барои кумак ба Украина 600 миллион доллар, аз ҷумла 350 миллион доллар барои дифоъ ҷудо кунад. Матни ҳуҷҷатро хадамоти матбуотии Кохи Сафед паҳн кардааст. Дар санад гуфта мешавад, ки дар доираи салоҳияташ котиби давлатии ИМА бояд муайян кунад, ки кумаки бемузд ба Украина ба маблағи 250 миллион доллар ба манфиати ИМА аст ё на. Ин дар ҳолест, ки Байден пас аз эълони амалиёти низомӣ дар Украина аз сӯйи Русия аз ҷорӣ кардани таҳримҳои сангин алайҳи Русия хабар дод.Байден гуфт, шариконашро низ водор месозад, то бар зидди Русия таҳримоти шадид ҷорӣ кунанд.Рӯзи 24 феврал Путин эълон кард, ки тасмим гирифтааст, амалиёти вижаи низомие барои ғайринизомӣ сохтани Украина роҳандозӣ намояд.Дар як паёми телевизионӣ ба русҳо ӯ гуфт, ки вазъият "аз мо иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд".Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд ва аз низомиёни украинӣ даъват кардааст, ки фармонҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳҳояшонро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон бираванд.Фаронса ваъда дод, ки амнияти Зеленскийро таъмин мекунадБаъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна ҳамлаи мушакӣ, ҳавоӣ ва тӯпхонаӣ анҷом доданӣ нестанд, балки мехоҳанд кишварро ғайринизомӣ созанд.
https://sputnik.tj/20220224/elon-tahrim-shadid-alayhi-rusiya-bayden-1046198858.html
украина
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045117156_76:0:2807:2048_1920x0_80_0_0_116d83f5e70aca190eb8365a9524ef61.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дастур, байден, кумак, украина
дастур, байден, кумак, украина
Байден дастур дод, ки барои кумак ба Украина 600 миллион доллар ҷудо шавад
10:05 26.02.2022 (Навсозишуда: 20:12 28.02.2022) Президенти ИМА ба Департаменти давлатӣ дастур дод, ки барои кумак ба Украина 600 миллион доллар ҷудо кунад
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден дастур дод, ки барои кумак ба Украина 600 миллион доллар, аз ҷумла 350 миллион доллар барои дифоъ ҷудо кунад.
"Ба котиби давлатӣ салоҳияти зеринро бидиҳед... барои расонидани кумаки фаврии низомӣ ба Украина", - омадааст дар ёддоште, ки Байден имзо кардааст.
Матни ҳуҷҷатро хадамоти матбуотии Кохи Сафед паҳн кардааст.
Дар санад гуфта мешавад, ки дар доираи салоҳияташ котиби давлатии ИМА бояд муайян кунад, ки кумаки бемузд ба Украина ба маблағи 250 миллион доллар ба манфиати ИМА аст ё на.
Ин дар ҳолест, ки Байден пас аз эълони амалиёти низомӣ дар Украина аз сӯйи Русия аз ҷорӣ кардани таҳримҳои сангин алайҳи Русия хабар дод.
Байден гуфт, шариконашро низ водор месозад, то бар зидди Русия таҳримоти шадид ҷорӣ кунанд.
Рӯзи 24 феврал Путин эълон кард, ки тасмим гирифтааст, амалиёти вижаи низомие барои ғайринизомӣ сохтани Украина роҳандозӣ намояд.
Дар як паёми телевизионӣ ба русҳо ӯ гуфт, ки вазъият "аз мо иқдоми қатъӣ ва фаврӣ тақозо мекунад, ҷумҳуриҳои мардумии Донбасс бо дархости кумак ба Русия муроҷиат кардаанд".
Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки тамоми масъулияти хунрезӣ бар дӯши режими ҳоким дар Украина хоҳад буд ва аз низомиёни украинӣ даъват кардааст, ки фармонҳои ҷиноии мақомоти Украинаро иҷро накунанд, силоҳҳояшонро ба замин гузоранд ва ба хонаҳояшон бираванд.
Баъдан Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия ба шаҳрҳои Украина ҳеҷ гуна ҳамлаи мушакӣ, ҳавоӣ ва тӯпхонаӣ анҷом доданӣ нестанд, балки мехоҳанд кишварро ғайринизомӣ созанд.