https://sputnik.tj/20220224/elon-tahrim-shadid-alayhi-rusiya-bayden-1046198858.html
Эълони таҳримҳои шадид алайҳи Русия аз сӯйи Байден
Эълони таҳримҳои шадид алайҳи Русия аз сӯйи Байден
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи ҷумъа раисиҷумҳури Амрико бо раҳбарони кишварҳои G7 нишасте доир мекунад ва дар он амалиёти низомии Русия дар Донбассро баррасӣ хоҳад кард
2022-02-24T13:00+0500
2022-02-24T13:00+0500
2023-10-02T17:09+0500
амрико
дар ҷаҳон
таҳрим
дар русия
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045144260_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_072fe071879f7cbf3f7a8933dcf53d98.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Байден пас аз гуфтугӯҳои телефонӣ бо Зеленский итминон дод, ки Вашингтон ва шариконаш алайҳи Русия "таҳримҳои дандоншикан" ҷорӣ хоҳанд кард.Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико пас аз суҳбати телефонӣ бо ҳамтои украиниаш Владимир Зеленский гуфт, Вашингтон ва муттаҳидонаш алайҳи Русия пас аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Донбасс таҳримот ҷорӣ хоҳанд кард.Байден қайд кард, ки Зеленский аз ӯ хоҳиш кардааст, “роҳбарони ҷаҳон ба таври возеҳ алайҳи таҷовузи президенти Русия ошкоро изҳорот диҳанд”.Зеленский қаблан дар бораи суҳбат бо раҳбари Амрико хабар дода буд.Ӯ қайд кард, ки Вашингтон пуштибонии байналмилалиро шуруъ кардааст.Раисҷумҳури Украина дар ин кишвар вазъи низомӣ эълон кард. Вай аз мардуми Украина даъват кард, воҳима накунанд ва итминон дод, ки Киев "ба ҳама амалҳо омодааст ва бар ҳама пирӯз мешавад".Вазорати корҳои дохилии Украина аз зарбаҳои мушакӣ "ба марказҳои фармондеҳии низомӣ, фурудгоҳҳо, анборҳои низомӣ, Киев, Харков ва Днепр" хабар дод.Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки артиш фақат ба зербиноҳои низомӣ зарба мезанад, на ба шаҳрҳои Украина.Ёдрас менамоем, Русия амалиёти низомии худ дар Украинаро оғоз кардааст. Расонаҳои русиву украинӣ ва расонаҳои дигари аврупоӣ аз ҳамлаҳои Русия ба шаҳрҳои Киеву Одесса хабар медиҳанд. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия субҳи панҷшанбеи 24-уми феврал фармони амалиёти низомии вижа дар минтақаи Донбасси Украинаро содир кард.
https://sputnik.tj/20220224/darkhosti-vukh-tojikiston-shahrvandonash-ukraina-manzil-1046197300.html
амрико
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045144260_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_174f0b2b5be6d32a1d73277a56a250c8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, амрико, байден, таҳрим, вашингтон, украина
русия, амрико, байден, таҳрим, вашингтон, украина
Эълони таҳримҳои шадид алайҳи Русия аз сӯйи Байден
13:00 24.02.2022 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Рӯзи ҷумъа расиҷумҳури Амрико бо раҳбарони кишварҳои G7 нишасте барпо ва дар он амалиёти низомии Русия дар Донбассро баррасӣ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Байден пас аз гуфтугӯҳои телефонӣ бо Зеленский итминон дод, ки Вашингтон ва шариконаш алайҳи Русия "таҳримҳои дандоншикан" ҷорӣ хоҳанд кард.
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико пас аз суҳбати телефонӣ бо ҳамтои украиниаш Владимир Зеленский гуфт, Вашингтон ва муттаҳидонаш алайҳи Русия пас аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Донбасс таҳримот ҷорӣ хоҳанд кард.
“Фардо ман бо раҳбарони G7 мулоқот хоҳам кард. Иёлоти Муттаҳида, муттаҳидон ва шарикони мо алайҳи Русия таҳримҳои шадид ҷорӣ хоҳанд кард”,- гуфта мешавад дар изҳороти Байден.
Байден қайд кард, ки Зеленский аз ӯ хоҳиш кардааст, “роҳбарони ҷаҳон ба таври возеҳ алайҳи таҷовузи президенти Русия ошкоро изҳорот диҳанд”.
Зеленский қаблан дар бораи суҳбат бо раҳбари Амрико хабар дода буд.
Ӯ қайд кард, ки Вашингтон пуштибонии байналмилалиро шуруъ кардааст.
Раисҷумҳури Украина дар ин кишвар вазъи низомӣ эълон кард. Вай аз мардуми Украина даъват кард, воҳима накунанд ва итминон дод, ки Киев "ба ҳама амалҳо омодааст ва бар ҳама пирӯз мешавад".
Вазорати корҳои дохилии Украина аз зарбаҳои мушакӣ "ба марказҳои фармондеҳии низомӣ, фурудгоҳҳо, анборҳои низомӣ, Киев, Харков ва Днепр" хабар дод.
Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки артиш фақат ба зербиноҳои низомӣ зарба мезанад, на ба шаҳрҳои Украина.
Ёдрас менамоем, Русия амалиёти низомии худ дар Украинаро оғоз кардааст. Расонаҳои русиву украинӣ ва расонаҳои дигари аврупоӣ аз ҳамлаҳои Русия ба шаҳрҳои Киеву Одесса хабар медиҳанд. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия субҳи панҷшанбеи 24-уми феврал фармони амалиёти низомии вижа дар минтақаи Донбасси Украинаро содир кард.