https://sputnik.tj/20220225/ozmuni-bursiyaho-tahsil-khoriji-tojikiston-1046252611.html
Оғози озмуни бурсияҳо барои таҳсил дар панҷ кишвари хориҷӣ дар Тоҷикистон
Оғози озмуни бурсияҳо барои таҳсил дар панҷ кишвари хориҷӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Панҷ кишвари Аврупоиву Осиёӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон озмуни бурсияҳо эълон намуданд
2022-02-25T13:20+0500
2022-02-25T13:20+0500
2022-02-25T13:20+0500
дар тоҷикистон
маориф
бурсия
озмун
хориҷӣ
таҳсил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031823721_0:103:3073:1831_1920x0_80_0_0_26c01046f003c22f0956f4f319c5ed93.jpg
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ”-и Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст, ки қабули ҳуҷҷатҳои довталабон аз Тоҷикистон барои иштирок дар озмуни бурсияҳои таҳсилии муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳуриҳои Малайзия, Корея ва Озарбойҷон дар соли таҳсили 2022-2023 оғоз гардид.Тибқи иттилои манбаъ, ҳамчунин Донишгоҳи давлатии техникии Воронеж, Донишгоҳи давлатии Олтой, Донишгоҳи давлатии меъморӣ ва сохтмони Пенза, Донишгоҳи давлатии Новгород ва дигар донишгоҳҳои олӣ ва илмии Русия омодаанд шаҳрвандони кишварро аз рӯи равияҳои дақиқ, табиии риёзӣ, гуманитарӣ ва коркарди технологияҳои навин ба тариқи ройгон ба таҳсил фаро гиранд.Дар ҳамин ҳол, манбаъ қайд кардааст, ки муассисаҳои олӣ ва илмии давлати Руминия аз рӯи зинаҳои гуногуни таҳсил қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро барои иштирок дар озмуни бурсияҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли таҳсили 2022-2023 эълон кард.Руминия эълон доштааст, ки гирандагони стипендияҳое, ки аз ҷониби ин давлат барои таҳсил дар зинаи бакалавр ва магистр дар донишгоҳҳо қабул мешаванд, бо мақсади тарғиби забон ва фарҳанги руминӣ бо ин забон таҳсил мекунанд.Инчунин докторантҳо метавонанд таҳсилро бо забони руминӣ ё забони хориҷии муқаррарнамудаи барномаи докторӣ интихоб кунанд.Барои номзадҳое, ки забони руминиро намедонанд, барои омӯхтани забони руминӣ пеш аз таҳсил дар донишгоҳ, ба истиснои дорандагони стипендияҳои докторӣ, ки шакли таҳсили забони хориҷии дар докторантура муқарраршударо интихоб кардаанд, як сол барои омӯзиши забони руминӣ ба тариқи ройгон пешбинӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20220225/rusiya-kvotaho-donishjuyon-tojikiston-afzoish-1046249168.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031823721_136:0:2867:2048_1920x0_80_0_0_accd50635d774c214d8762fd50163458.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бурсия, донишҷӯ, шаҳрвандон, русия, малайзия, корея, озарбойҷон,
тоҷикистон, бурсия, донишҷӯ, шаҳрвандон, русия, малайзия, корея, озарбойҷон,
Оғози озмуни бурсияҳо барои таҳсил дар панҷ кишвари хориҷӣ дар Тоҷикистон
Панҷ кишвари Аврупоиву Осиёӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон озмуни бурсияҳо эълон намуданд
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ”-и Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст, ки қабули ҳуҷҷатҳои довталабон аз Тоҷикистон барои иштирок дар озмуни бурсияҳои таҳсилии муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳуриҳои Малайзия, Корея ва Озарбойҷон дар соли таҳсили 2022-2023 оғоз гардид.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамчунин Донишгоҳи давлатии техникии Воронеж, Донишгоҳи давлатии Олтой, Донишгоҳи давлатии меъморӣ ва сохтмони Пенза, Донишгоҳи давлатии Новгород ва дигар донишгоҳҳои олӣ ва илмии Русия омодаанд шаҳрвандони кишварро аз рӯи равияҳои дақиқ, табиии риёзӣ, гуманитарӣ ва коркарди технологияҳои навин ба тариқи ройгон ба таҳсил фаро гиранд.
Дар ҳамин ҳол, манбаъ қайд кардааст, ки муассисаҳои олӣ ва илмии давлати Руминия аз рӯи зинаҳои гуногуни таҳсил қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро барои иштирок дар озмуни бурсияҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли таҳсили 2022-2023 эълон кард.
Руминия эълон доштааст, ки гирандагони стипендияҳое, ки аз ҷониби ин давлат барои таҳсил дар зинаи бакалавр ва магистр дар донишгоҳҳо қабул мешаванд, бо мақсади тарғиби забон ва фарҳанги руминӣ бо ин забон таҳсил мекунанд.
Инчунин докторантҳо метавонанд таҳсилро бо забони руминӣ ё забони хориҷии муқаррарнамудаи барномаи докторӣ интихоб кунанд.
Барои номзадҳое, ки забони руминиро намедонанд, барои омӯхтани забони руминӣ пеш аз таҳсил дар донишгоҳ, ба истиснои дорандагони стипендияҳои докторӣ, ки шакли таҳсили забони хориҷии дар докторантура муқарраршударо интихоб кардаанд, як сол барои омӯзиши забони руминӣ ба тариқи ройгон пешбинӣ шудааст.