Пешниҳоди раиси театри Бохтар: Ба Аловуддин Абдуллозода мукофоти давлатии Рӯдакӣ диҳед

© Facebook / Alovuddin AbdulloevАловуддин Абдуллоев
Аловуддин Абдуллоев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2022
Обуна шудан
Мудири Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Бохтар пешниҳод кардааст, ки ба Аловуддин Адуллозода, ҳунарманди нотакрору зиндаёди тоҷик мукофоти давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дода шавад
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Саидзода Отахон, мудири театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар аз номи аҳли ҳунари театри мазкур ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ба Аловуддин Адуллозода, ҳунарманди нотакрору зиндаёди тоҷик мукофоти давлатии ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ дода шавад, иттилоъ додааст сомонаи “Рressa.tj”.

“Ба поси хизматҳои бузургу арзандаи ин ҳунарманди асили санъати театру синамои тоҷик мутмаинам, ки Ҳукумати Тоҷикистон ин пешниҳоди аҳли ҳунари театрро дастгирӣ мекунад”, - таъкид кардааст номбурда.

Манбаъ қайд кардааст, ки дар рӯзи фавти Аловуддин Абдуллозода низ ҳаводорони ҳунари ӯ дар сомонаҳои иҷтимоӣ хоҳиш карданд, ки ӯро дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супоранд.
Аловуддин Абдуллоев, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2022
Сабаби марги ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев маълум шуд
Ҳамчунин чанде пеш рӯзномаи вилоятии “Хатлон” низ ба Сиҷоуддин Саломзода, шаҳрдори Бохтар пешниҳоди қадрдонии ҳунарманди машҳур Аловуддин Абдуллозодаро карда буд.
Аз шаҳрдорӣ хоҳиш шуда буд, ки Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ба номи Абдуллозода гузошта шавад.
Ёдовар мешавем, ки Аловуддин Абдуллозода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори машҳури тоҷик рӯзи 17-уми феврал бар асари сактаи қалб даргузашт.
Лентаи хабарҳо
0